| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

The Law on Wildlife


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи олами ҳайвонот

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои хуқуқй, иқтисодй, иҷтимоии онро муқаррар менамояд, ҳифз ва барқарор намудани захираҳои олами ҳайвонотро пешбинй мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосй

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

-        олами ҳайвонот (фауна) - маҷмӯи ҳайвоноти ваҳшии бесутунмӯҳра ва сутунмӯҳрадор, ки дар худуди Тоҷикистон муваққатан ё доимй мавқуд мебошанд;

-        объектҳои олами ҳайвонот - ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷои зисти ҳайвонот, ки мувофиқи Қонуни мазкур муҳофизат ва оқилона истифода карда мешаванд;

-        ҳайвоноти ваҳшй - намуди ҳайвоноте, ки дар шароити табий зиндагй мекунад;

-        ҳайвоноти кӯчй - намуди ҳайвонот ва паррандагоне, ки вобаста ба фасли сол аз як минтақаи зист ба дигар минтақа бо мақсади зимистонгузаронй, зиёд намудани насл ва бо дигар сабабҳо чрй иваз мекунанд;

-        ҳайвоноти нодир - намуди ҳайвоноти камшуморе, ки дар мавзеъҳои гуногуни чумхурй ва берун аз он зиндагй мекунад;

-        ҳайвоноти маҳаллй (эндемй) - намуди ҳайвоноте, ки дар як мавзеъи алоҳида зиндагй намуда, дар дигар мавзеъҳо дучор намешавад;

-                ҳайвоноти бесутунмӯҳра - намуди ҳайвоноте, ки устухонбандии асосй (сутунмӯҳра) надорад;

-        мониторинги олами ҳайвонот - дар мӯҳлати муайяншуда гузаронидани муоинаи тағйироти ҳолати олами ҳайвонот;






-      коллексияи зоологи - фасли мукаммали илмие, ки нигораҳои олами ҳайвоноти зинда ва ё хӯсаи онҳоро дар бар мегирад;

-      кадастри давлатии олами ҳайвонот - номгӯи намуд ва зернамудҳои ҳайвонот бо маълумоти пурраи илмии ҳолати онҳо;

-      мутобиқшавии (адаптатсияи) ҳайвонот - ба муҳити зисти муайян мутобиқ шудани ҳар як намуди ҳайвонот;

-      Китоби сурхи Тоҷикистон - ҳуҷчати асосИ ва маҷмӯи ҳама гуна мавод оид ба ҳолати намуди ҳайвонот ва набототи нодир ва зери таҳциди нобудшавИ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он тавсияҳои илман асоснок ва чорабиниҳои мушаххасу амалИ оид ба ҳифз, барқароркунИ ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноту наботот таҳия мегардад;

-      популятсия - дар мавзеъи муайян зиндагИ кардан ва инкишоф ёфтани як гурӯҳи намуди ҳайвонот.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷцкистон дар бораи олами ҳайвонот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами ҳайвонот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Хукуқи моликияти давлатй ба объектҳои олами ҳайвонот

Олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат муҳофизат ва истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Моддаи 4. Категорияи олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот аз рӯи таъиноти мақсадноки худ ба категорияҳои зерин тақсим мешавад:

-      нодир ва таҳти хатари маҳвшавИ қарор доштаи намудҳои ҳайвонот;

-      намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикоранд;

-      намудҳои ҳайвоноте, ки объекти мохидорианд;






-      намудҳои ҳайвоноте, ки мавриди истифодаи дигар мақсадҳои хоҷагии (ғайр аз шикор ва моҳигирй) муайяннамудаи мақомоти ваколатдор қарор мегиранд;

-      намудҳои ҳайвоноте, ки ба мақсадҳои хоҷагй истифода карда намешаванд, вале қимати экологй, фарҳангй ва ғайра доранд;

-           намудҳои ҳайвоноте, ки саршумори онҳо барои ҳифзи сиҳҳатии аҳолй, пешгирии чорвои хонагй ва хоҷагиҳо аз касалшавй, осеб надидани муҳити зист, нарасонидани зиёни чиддй ба фаъолияти кишоварзй бояд танзим гардонида шавад.

Намудҳои ҳайвонот бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами ҳайвонот, эҳтиёт кардан, афзун гардонидани саршумор ва истифодаи мунтазам ба категорияҳо нисбат дода ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронида мешаванд.

Моддаи 5. Объектҳои олами ҳайвонот

Объектҳои олами ҳайвоноти Точикистон аз ҳайвоноти бесутунмӯҳра ва сутунмӯҳрадорон иборат мебошанд.

Объектҳои зайли олами ҳайвонот бояд таҳти муҳофизат ва истифодаи оқилона қарор гиранд:

-     ҳайвоноти ваҳшй дар ҳолати озоди табий;

-     тухм, чанин, узв ва дигар маҳсулоти ин ҳайвонот;

-           мавзеъи зиндагй, лона, чои тухмгузорй, мӯрчахона, дигар чойҳои зисти табиии ҳайвонот, хандақҳои зимистонгузаронй, чои тулаккунй ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ғизохӯрии паррандаҳои кӯчй, чойҳои доимй ё мавсимии чамъшавй, "таваллудхонаҳо" ва дигар маҳалҳои чамъомади ҳайвонот.

Моддаи 6. Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот

Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот шахсони воқей, хукуқй ва мақомоти давлатй мебошанд.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДОИР БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ






Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Чумхурии Тоҷцкистон доир ба олами ҳайвонот

Ба салоҳияти Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин мансуб аст:

-       амалй гардонидани сиёсати ягонаи давлатй дар муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

-       таҳия ва якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй иҷро намудани барномаҳои қумхуриявй оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунй, афзун гардонидани маҳсулнокй, устувории олами ҳайвонот дар маҷмӯъ бо дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат;

-       тасдиқи барномаҳои давлатй ҷиҳати муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, маблағгузорй, ҳавасмандгардонй ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти қумхуриявй дар соҳаи мазкур;

-           ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, муассисаҳои илмй, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқарорсозии олами ҳайвонот;

-       тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;

-       тасдиқи нақшаи корҳои кадастрй ва мониторинги ҳолати олами ҳайвоноти қумхурй;

-       муқаррар намудани тартиби таъмини назорати давлатй доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

-       муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатй оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

-           муқаррар кардани тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавй вобаста ба мусоидат намудан ба ҳифзи олами ҳайвонот;

-       ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;






-             ичрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатй доир ба олами ҳайвонот

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатй доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот (минбаъд -мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:

-      тартиб додани рӯйхати ҳайвоноте, ки шикори онҳо манъ аст;

-      муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, муайян кардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот;

-      назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

-      таҳияи Низомномаи Китоби сурхи Тоҷикистон;

-      пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани номгӯи олами ҳайвонот ба Китоби сурхи Тоҷикистон;

-      корҳое, ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, мӯҳлат ва дигар талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кӯчиши онҳо риоя намешаванд, инчунин шикори ғайриқонуниро бозмедоранд ва оид ба манъи онҳо ба суд даъво пешниҳод менамоянд;

-             санҷиши риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии ҳайвонот;

-      дар матбуоти даврй нашр намудани иттилоот оид ба муҳофизат, истифода ва ҳолати олами ҳайвонот;

-      ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот;

-      ичрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй доир ба олами хдйвонот






Мақомоти мақаллии ҳокимияти давлатй дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ояндаи олами ҳайвонотро муайян карда, ба таҳия ва татбиқи тадбирҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва бо зиёд шудани саршумори олами ҳайвонот мусоидат менамоянд, ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорй назорат мекунанд, дигар масъалаҳои оид ба ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонотро бо мақомоти давлатии ваколатдор ҳал менамоянд.

БОБИ 3. ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ ДАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 10. Ҳамкории шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти ваколатдор дар иҷрои чорабиниҳо оид ба олами ҳайвонот

Иттифокҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон, ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои чорабиниҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот иштирок карда, барои гузаронидани онҳо ба мақомоти ваколатдор мусоидат менамоянд.

Моддаи 11. Бозрасиҳои чамъиятӣ

Ҷиҳати ёрӣ расонидан ба мақомоти ваколатдор дар кори муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бозрасиҳои ҷамъиятӣ ташкил кардан мумкин аст.

Низомномаи бозрасиҳои ҷамъиятӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 12. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои қамъиятӣ дар иҷрои тадбирҳои муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот

Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд олами ҳайвонотро эҳтиёт ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд. Онҳо ба мақомоти ваколатдор дар амалӣ намудани тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бо роҳи иштирок кардан дар ичрои корҳои зарурӣ,






пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот, хабар расонидан аз хусуси вайрон кардани қонунгузорй оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, ки ба онҳо маълум аст, мусоидат менамоянд.

Мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот пешниҳодоти иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба ҳисоб гиранд.

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 13. Истифодаи олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот ба таври умумй ва махсус истифода бурда мешаванд.

Истифодаи умумии олами ҳайвонот - истифодаи олами ҳайвонот, инчунин хусусиятҳои фоидабахши он бе чудо кардани онҳо аз муҳити зисти табий.

Истифодаи махсуси олами ҳайвонот - истифодаи объекти олами ҳайвонот ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии он бо қудо кардани онҳо аз муҳити зисти табий.

Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар асоси рухсатнома ва (ё) иҷозатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Точқкистон дода шудааст, амалй карда мешавад.

Моддаи 14. Тартиби истифодаи олами хайвонот

Мақомоти ваколатдори давлатй дар мувофиқа бо мақомоти ҳокимияти маҳаллй бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон барои истифодаи олами ҳайвонот ичозат медиҳад.

Заминистифодабарандагони шикоргоҳҳои дахлдор ва мавзеъҳои зисти ҳайвонот, ки объектҳои шикор нестанд, барои истифодаи олами ҳайвонот хукуқи афзалиятнок доранд.

Олами ҳайвонотро барои истифодаи бемӯҳлат ба шахсони воқей ва хуқуқии Ҷумхурии Точикистон бо усули чудо кардани қитъаи замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон додан мумкин аст.






Истифодабарандагони олами ҳайвонот хукуқ доранд, ки ба шахсони воқей ва хукуқй истифодаи ин объектҳоро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.

Хукуқи истифодаи олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба хукуқи истифодаи шикоргоҳҳо дода шудаанд, инчунин бо иҷозатномаҳои дахлдор барои сайд кардани (дошта гирифтан, ҷамъ овардани) ин намудҳои олами ҳайвонот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорй аз тарафи мақомоти ваколатдор дода мешавад, тасдиқ карда мешаванд.

Рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар олами ҳайвонотро, ки сайди онҳо бе иҷозат ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 15. Намудҳои истифодаи олами ҳайвонот

Истифодаи олами ҳайвонот бо намудҳои зерин амалй мегардад:

-     шикор;

-     моҳидорй, аз қумла сайди ҳайвоноти бесутунмӯҳраи обй;

-          сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикору моҳидорй ва бесутунмӯҳраи обй нестанд;

-          истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмй, фарҳангию маърифатй, тарбиявй, зебоишиносй, барқароркунй, солимгардонй ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо.

Мӯҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонотро мақомоти ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 16. Намудҳои шикор

Ҳайвоноту паррандагони ваҳшй аз ҷониби шикорчиёни касбй, ҳаваскору варзишй тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сайд карда мешаванд.

Дар шикор истифодаи аслиҳа ва усулҳои барои ҳамагон хатарноки сайд манъ аст.






Моддаи 17. Ҳукуқи шикор кардан

Шахсҳои воқей хуқуқи шикор кардан доранд, ба шарте, ки:

-        синну солашон ба ҳаждақ расида бошад ва дар шикор силоҳи оташфишонро кор фармоянд;

-        синну солашон ба чордаҳ расида бошад ва дар шикор намудҳои бо қоидаҳои шикор иҷозатшудаи олоти сайд, саг ва мурғони шикориро истифода намоянд;

-        шаҳодатномаи шикорчй дошта, аз қоидаҳои шикор имтиҳон супорида, бочи давлатии рухсатномаи ҳуқуқи шикорро, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пардохта бошанд;

-        барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозатнома гирифта бошанд.

Хориҷиён дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи ташкили шикор бо ташкилоти хочдгии шикор ва ҳучдате, ки ба шикор ҳуқуқцор будани онҳоро тасдиқ менамояд ва он дар мамлакати истиқоматдоштаашон дода шудааст ба гирифтани иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқдор мегарданд.

Моддаи 18. Ба роҳ мондани хоҷагии шикор

Ба шахсони воқей ва хуқуқй хуқуқи идора кардани хоҷагии шикор ва шикоргоҳҳо дода шуда метавонад. Онҳо вазифадоранд оид ба муҳофизат ва афзун гардонидани саршумори ҳайвоноти ваҳшй дар ин шикоргохҳо тадбирҳо андешанд.

Шахсони хуқуқй ва воқей метавонанд бо мувофиқаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзй, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон дар шикоргохҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон иморатҳои зарурй созанд, растании хӯроки чорво парвариш кунанд, дигар корҳои мавриди зарурати хоҷагии шикорро анҷом диҳанд.

Моддаи 19. Муқаррар кардани қоидаҳои шикор ва пешбурди хоҷагии шикор






Қоидаҳои шикор ва пешбурди хоҷагии шикор аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 20. Сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд

Ҳайвонотеро, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор сайд кардан мумкин аст.

Моддаи 21. Манъи худсарона доштан ва нобуд кардани морҳо ва дигар хазандагон

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи намуди мор ва дигар хазандагон, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои муҳофизатии осоишгоҳҳои табобатӣ, фароғатгоҳҳо, манъ аст.

Мор ва дигар хазандагонро танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ доштан мумкин аст.

Моддаи 22. Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ

Барои истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ғайра бидуни аз муҳити табиӣ қудо карданн ҳайвонот иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё муҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳукуқи дигар истифодабарандагони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.

Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо чудо кардани онҳо аз муҳити табиии зист бо тартиби пешниҳод намудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Моддаи 23. Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот

Ба истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот-мазраъофаринҳо, поккорони табиии муҳит,






гардолудкунандагони растаниҳо ва ғайра бидуни чудо кардани онҳо аз табиат, ба истиснои мавридҳои муайянкардаи Қонуни мазкур, иҷозат дода мешавад.

Моддаи 24. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба дастовардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо

Истифодаи ҳайвонот ба мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо (асал, муми занбӯри ваҳшй ва ғайра) фақат бо шарти аз табиат чудо накардан ва нобуд насохтани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии зисти онҳо мумкин аст.

Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 25. Пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот

Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар Чумхурии Тоҷикистон пардохтшаванда мебошад.

Тартибу меъёри пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонотро Хукумати Ҷумхурми Тоҷикистон тибқи Қонуни Чумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмй ба буҷет" муқаррар менамояд.

Ичррапулии      олами ҳайвонот мувофиқи тартиби

муқаррарнамудаи            шартномаи           ичора         ба

заминистифодабарандагони аввалия супорида мешавад.

Пули пардохти истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои махсус дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшй ва муҳити зисти онҳо, барои тартиб додани кадастри давлатй, тадқиқотҳо ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби сурх, ба роҳ мондани кори мамнӯъгохҳо ва корҳои тадқиқоти илмй харч карда мешавад.

Мамнӯъгохҳо, осорхонаи мамнӯъгохҳо, чорбоғҳои миллию зоологй, боғҳои зоологию ботаникй ва хочагиҳои чангалу шикор, инчунин корхонаю ташкилотҳо, коллективҳо ва шаҳрвандоне, ки барои истифода шикоргохҳои осебдида ё каммаҳсулро гирифтаанд, аз пардохти ҳаққи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд.






БОБИ 5. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ. АСОСҲОИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ОНҲО

Моддаи 26. Ҳукуқи истифодабарандагони олами ҳайвонот

Шахсони воқей ва хуқуқй фақат ба он намудхри истифодаи олами ҳайвонот хуқуқ доранд, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷозат дода шудааст.

Дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузории Думҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонотро ба манфиати давлат ва ба манфиати дигар истифодабарандагон маҳцуд кардан мумкин аст.

Моддаи 27. Вазифаҳои истифодабарандагони олами ҳайвонот

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд, ки:

-       қоида, меъёр ва мӯҳлати муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;

-       олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурӯхҳои табий халалдор нашавад ва ҳайвоноти ба истифода доданашуда осеб набинанд;

-       муҳити зисти ҳайвонотро халалдор накунанд;

-       саршумор ва ҳолати популятсияи ҳайвоноти мавриди истифода, инчунин вазъи муҳити зисти онҳоро ба ҳисоб гиранд;

-       оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурии комплексй андешанд;

-       ба мақомоти ваколатдор ва дигар мақомоте, ки ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот назорат мекунанд, ҳамаҷониба ёрй расонанд.

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботро низ оид ба муҳофизату истифодаи объекти олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй намудааст, иҷро кунанд.

Моддаи 28. Қатъ гардидани ху^уқи истифодаи олами ҳайвонот






Хукуқи истифодаи олами ҳайвонот дар мавридҳои зайл бояд мутобиқан пурра ё қисман қатъ карда шавад:

-       ихтиёран даст кашидан аз истифодаи олами ҳайвонот;

-       намондани зарурати истифодаи олами ҳайвонот;

-       ба охир расидани мӯҳлати муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;

-       барҳам хӯрдан ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқей ва хуқуқй, ки ба онҳо хуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дода шудааст;

-       қатъ гардидани муносибатҳои мехдатие, ки мутобиқи онҳо олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинй нашуда бошад;

-       зарурати андешидани тадбирҳои махсуси муҳофизати олами ҳайвонот ё бинобар ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолй тахдид менамояд;

-       ба таври доимй риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талаботи истифодаю муҳофизат ва афзун гардонидани олами ҳайвонот;

-       мунтазам риоя накардани мӯҳлати муқарраршудаи пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;

-       зарурати бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳо ва олами ҳайвонот ба мақсади муҳофизати ҳайвонот, наботот ва дигар захираҳои табий ё тамоми комплекси табий;

-       бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳое, ки дар онҳо олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд;

-       мунтазам риоя накардани шартҳои шартномаи иҷораи объектҳои олами ҳайвонот.

Мутобиқи Қонуни мазкур дигар асосҳое пешбинй шуда метавонанд, ки хуқуқи истифодаи олами ҳайвонотро қатъ гардонанд.

Хуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо роҳи бекор кардани рухсатномаҳои мақомоти ваколатдор қатъ мегардад.






БОБИ 6. ТАНЗИМИ САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ



Моддаи 29. Тадбирҳои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвонот

Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолй, пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва пешгирии зиёне, ки ба хоҷагии халқ мерасад, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшй тадбирҳо андешида мешаванд.

Моддаи 30. Муайян кардани намудҳо ва тартиби ташкили чорабиниҳои танзими саршумори ҳайвонот

Намудҳои ҳайвоноте, ки саршуморашон бояд ба низом дароварда шавад ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои танзими саршумори онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо назардошти хулосаи ташкилотҳои илмии дахлдор ва мувофиқаи ташкилотҳои манфиатдори давлатию ҷамъиятй муайян карда мешавад.

БОБИ 7. ТАДБИРҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ Моддаи 31. Муҳофизати олами ҳайвонот

Олами ҳайвонот бо роҳҳои зайл муҳофизат карда мешавад:

-      муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва афзун гардонидани саршумори он;

-      муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот, ки дар моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинй шудаанд;

-      муҳофизат аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;

-      муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот;

-      пешгирй намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолй;

-      барпо кардани мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва қудо кардани қитьаҳои дигари таҳги муҳофизати махсус қарордошта;






-       дар шароити ғайриозод парвариш кардани ҳайвоноти нодир ва ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид мекунад;

-       ба мақсади коллексияҳои зоологй камтар дошта гирифтани ҳайвонот;

-       ёрй расонидан ба ҳайвонот дар мавриди касалшавй, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офати табий ва ба сабабҳои дигар;

-       ташкили тадқиқоти илмй, ки мақсад аз он асоснок кардани тадбирҳои муҳофизати олами ҳайвонот аст;

-       тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи дӯст доштани ҳайвонот;

-       таблиғи муҳофизати олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори омма;

-       андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талабҳои дигар оид ба муҳофизати олами ҳайвонот.

Моддаи 32. Муқаррар кардани манъу махдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот

Бо мақсади ҳифз ва афзун намудани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот истифодаи онҳо дар худуди муайян ва ба мӯҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.

Барои ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумори объектҳои олами ҳайвонот чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

-       маҳдуд намудани мӯҳлати истифодаи олами ҳайвонот;

-       манъ кардани тарзу усул ва намудҳои олоти сайд;

-       тағйир додани меъёрҳои сайд;

-       маҳдуд гардонидани миқдори истифодабарандагони олами ҳайвонот.

Барои муқаррар намудани манъу маҳдудиятҳо асос шуда метавонанд:

-       риоя накардани синни чуфтшавии популятсияи ҳайвонот;






-     кам гаштани саршумори ҳайвонот;

-     бад шудани муҳити зист;

-            зарурати муҳайё сохтани минтақаҳои ором дар ҷойҳои ҷамъомади анбӯҳи ҳайвонот ҳангоми кӯчиш ва наслдиҳй.

Барои нигоҳдории олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин манъ аст:

-      нобуд кардани наботот ва дигар корҳое, ки вазъи муҳити зисти ҳайвонотро бад месозанд;

-      бист метр наздик аз лонаҳои ҳайвоноте, ки ба тарзи ҷамъона зиндагонй мекунанд, шудгор кардани замин, бидуни он, ки онҳо бо розигии мақомоти ваколатдор пешакй ба ҷои дигар кӯчонида шаванд;

-            вайрон ва хароб кардани лонаи ҳайвонот, ҷамъоварй намудани тухми онҳо;

-      бо амаду заврақҳои мотордор сайругашт кардан дар мавзеъҳои лонасозй ва тухмгузории мурғҳои обй ва моҳиён;

-      дар мавзеъи зисти оммавии ҳайвоноти сумдор ва мурғони ҷамоавй бе розигии мақомоти ваколатдор як километр пасттар парвоз кардани тайёраҳо, чархболҳо ва ғайра;

-      нобуд сохтани муҳити зист, хароб кардани киштзори хӯроки ҳайвонот, ниҳолу буттаҳои ҳифозатй, охурҳои ему намак, ишоранишонҳо, иншоотҳои зарурати шикору моҳидорй;

-            сайди ҳайвоноти нодир ва таҳти хатари маҳвшавй қарордошта;

-            илова бар меъёри муқарраршуда ва дар мӯҳлати пешбининакардаи ичрзатномаи истифодаи олами ҳайвонот шикор кардани олами ҳайвонот;

-      шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифодаи тарзу усул ва олоти барои сайди ҳайвонот ва моҳигирй пешбининашуда;

-            сайди объектҳои олами ҳайвонот бо корбурди асбобҳои тарканда, маводи заҳрдор (ба истиснои маводи заҳрдори маҳв намудани хояндаҳои саҳрой ва ҳамчунин дар мавридҳои






девонаги ва касалиҳои дигари ҳайвонот бо розигии мақомоти ваколатдор);

-      бе иҷозати мақомоти ваколатдор парвариш намудан, насл гирифтан, дурага кардани ҳайвоноти бегона ва ҳамчунин сайд намудани ҳайвоноти ба табиати Тоҷикистон мутобиқшуда.

Моддаи 33. Талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот

Ба мақсади истифодаи оқилона ва муҳофизати олами ҳайвонот талабҳои зайл риоя карда мешаванд:

-      нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии ҳайвонот дар ҳолати озоди табиИ;

-             нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои нодири ҳайвоноти эндемИ, кӯчИ ва дигар анвои нодири ҳайвонот, ки ба онҳо хатари нобудшавИ таҳдид мекунад;

-      муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот ва гурӯҳҳои табиии онҳо;

-      истифодаи илман асосноку сарфакорона, комплексИ, оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва мунтазам зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшИ;

-      нигоҳдорИ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки фаъолияти ҳаётии намудҳои алоҳидаи ҳайвонот;

-      истифодаи самаранок ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва саршумори онҳо дар ҳолати озоди табиИ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолИ ва пешгирИ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва хоҷагии халқ мерасад;

-      эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами ҳайвонот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вудуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунИ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолИ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоҷагии халқ;

-      муҳофизати объектҳои олами наботот аз сӯхтор, сел, бодлесИ (эрозия) ва дигар офатҳои табиИ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;

-      истифодаи пулакии объектҳои олами ҳайвонот.






Моддаи 34. Риояи талабот зимни фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонад

Ҳама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати олами ҳайвонот иҷро гардад.

Моддаи 35. Муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва кӯчиши ҳайвонот

Ҳангоми ҷойгиркунй, лоиҳакашй ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмил додани равандҳои мавчудаи технологй ва ҷорй кардани равандҳои нави технологй, ба истифодаи хоҷагй додани заминҳои навкорам, худуди ботлоқзор, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазор, обёрии замин, истифодаи ҷангалзор, ичрои корҳои қустуқӯи геологй, истихрочи маъдан, муайян кардани чарогоҳ ва гузаргоҳҳои ҳайвоноти хочагии қишлоқ, тартиб додани хати сайр ва ташкили чои истироҳати оммавии аҳолй бояд оид ба муҳофизати муҳити зист ва шароити афзоиши ҳайвонот тадбирҳо андешида шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити зисти ҳайвонот аҳамияти хоса доранд, таъмин карда шавад.

Ҳангоми чойгиркунй, лоиҳакашй ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётй, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин иншоотҳои гидротехникй бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки ҳифзи роҳҳои кӯчиши ҳайвонотро таъмин намоянд.

Моддаи 36. Мувофиқа намудани сохтмони объектҳре, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонанд

Ҷои сохтмони корхонаҳо ва иншоотҳои дар моддаи 35 Қонуни мазкур зикршуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон бо мақомоти давлатии ваколатдор мувофиқа кунонида мешавад.

Моддаи 37. Пешгирй намудани талафи ҳайвонот зимни ичрои корҳои истеҳсолй ва истифодаи воситаҳои нақлиёт






Шахсони воқей ва хукуқй вазифадоранд, ки ҳангоми киштукор, чӯбтайёркунй ва дигар корхр, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирй намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.

Сӯзондани растаниҳои хушк, нигохдории мавод, ашёи хом ва партовҳои истеҳсолот бидуни андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирии ҳалокати ҳайвонот манъ аст.

Моддаи 38. Муҳофизати ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда

Дар минтақаи мамнӯъгоҳҳо моҳидорй ва шикор кардан, дошта гирифтани намудҳои гуногуни ҳайвоноти бесутунмӯҳра, инчунин истифодаи дигар намудҳои олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои мамнӯъгоҳҳо манъ аст.

Дар парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда намудҳои алоҳидаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё махдуд кардан мумкин аст.

Тартиби муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро дар мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

БОБИ 8. МУҲОФИЗАТИ ХАЙВОНОТИ НОДИР ВА НАМУДҲОЕ, КИ БА ОНҲО ХАТАРИ НОБУДШАВИ ТАҲДИД МЕНАМОЯД

Моддаи 39. Дохил намудани намудқои ҳайвонот ба Китоби сурхи Чумхурии Точ;икистон

Намудҳои ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавй тахдид менамояд, ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва ба китоби намудҳои ҳайвоноти нодир дохил карда мешаванд. Низомномаи Китоби Сурхи Думхурии Тоҷикистонро Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Корҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халал ёфтани муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва намудҳо гардида, ба онҳо хатари нобудшавй тахдид мекунад, манъ аст.

Моддаи 40. Тадбирҳо оид ба муҳофизати ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавй тахдид менамояд






Бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид менамояд ва дар шароити табий афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки барои афзоиши намудҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.

Ҳайвоноти нодир ва таҳти хатари маҳвшавй қарордоштаро танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш кардан дар шароити махсуси муҳаё кардашуда ва минбаъд раҳо кардани онҳо ба муҳити зисташон, ба мақсадҳои илмй ва дигар мақсадҳои муайяннамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта гирифтан мумкин аст.

Моддаи 41. Тартиби истифодаи ҳайвоноти нодир ва навъҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид мекунад

Истифодаи намудҳои ҳайвоноти кӯчй, нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид мекунад, бо мақсадҳои тадқиқоти илмй, зиёд кардани саршумори онҳо ва дигар мақсадҳои дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишондодашуда дар асоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими ҳайвонот додашуда амалй мегардад.

Бо мақсади ҳифз ва ба низом даровардани саршумор шикори ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавй таҳдид мекунад, манъ аст.

БОБИ 9. МУҲОФИЗАТИ ХДЙВОНОТ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТИ РАСТДНИ, ДНГЕЗДҲОИ ИНКИШОФИ ОНҲО, НУРИҲОИ МАЪДДНИ ВД ДИГДР МДВОДИ ДОРУВОРИ

Моддаи 42. Талабот оид ба муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти ҳайвонот ҳангоми истифода ва ҳамлу нақли воситаҳои муҳофизати растанй

Ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растанй, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданй ва дигар маводи дорувор, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд талаботи муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар маводи доруворй бо мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои






тадбирҳои агротехники, селексионию генетики, биологи ва ғайраҳо мувофиқ кунонида шавад.

Ба мақсади пешгирии ҳалокати ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо шахсони воқеИ ва хуқуқИ, новобаста ба шакли моликияташон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигохдорИ ва истифодаи доруҳои зикршударо риоя намоянд.

Ҳангоми ихтирои доруҳои нав бояд меъёри таркиби мӯътадили онҳо, ки ба муҳити табиИ, муҳофизати ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо зараровар набошад, муқаррар карда шавад.

Моддаи 43. Муҳофизати ҳайвонот ҳангоми истифодаи воситаҳои ҳифзи растани ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъдани ва дорувори

Истифода, нигохдошт ва интиқоли воситаҳои ҳифзи растанИ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералИ ва доруворие, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд бехатарии олами ҳайвонот ва муҳити зисти онро таъмин намоянд.

Барои муҳофизати олами ҳайвонот меъёрҳои истифодаи ҳаддалимкони воситаҳои ҳифзи растанИ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданИ ва дигар доруворИ бо мувофиқаи мақоми ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 10. КОЛЛЕКСИЯИ ЗООЛОГӢ

Моддаи 44. Ташкил намудан ва такмил додани коллексияи зоологй

Ба шахсони воқеИ ва хуқуқИ барои ташкил ва такмили коллексияҳои зоологИ (коллексияҳои зинда, боғи ҳайвонот ва боғҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хӯсаҳо, доруҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиИ ба ин мақсадҳо дошта гирифтани ҳайвонот мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад. Такмил додани коллексияҳои зоологИ, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд ва аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ғаниматҳои шикори ҳайвонот, моҳигирИ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анчрм дода шудааст.






Моддаи 45. Баҳисобгирии давлатии коллексияҳои зоологи ва вазифаҳои шахсони воқей ва хукуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд

Коллексияҳои зоологии дорои аҳамияти илмй, фарҳангй ва маърифатй, таълимию тарбиявй ё зебоишиносй ба қайди давлатй гирифта мешаванд. Шахсони воқей ва хуқуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои объектҳои олами ҳайвонотро риоя намоянд.

Моддаи 46. Қоидаи истифода ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологй

Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологй, қоидаҳои савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва ба хориҷа бурдани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 11. КӮЧОНИДАН, МУТОБИҚ, ҶУФТӢ КАРДАНИ ҲАЙВОНОТ                               ВА          МАҲДУД НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ

ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБЪЕКТҲОИ ТАБИӢ

Моддаи 47. Кӯчонидан, мутобиқ ва чуфтй кардани ҳайвонот

Ба мақсади тадқиқоти илмй, зарурати хоҷагй ба чрйҳои нави зиндагй кӯчонидан, мутобиқкунии олами ҳайвоноти Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои қуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори тадқиқоти илмй танҳо бо қарори мақомоти ваколатдори муҳофизат, танзим ва истифодаи олами ҳайвонот мумкин аст.

Худсарона кӯчонидан, мутобиқ ва қуфтй кардани ҳайвонот манъ аст.

Моддаи 48. Маҳдуд кардани хуқуқи истифодабарандагони объектҳои табий ба манфиати муҳофизати олами ҳайвонот ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳо

Ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот хукуқи истифодабарандагони замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминй маҳдуд карда шуда, ба зиммаашон ӯҳдадориҳои






дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

БОБИ 12. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ОЛАМИ ХАЙВОНОТ

Моддаи 49. Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри давлатии олами ҳайвонот

Барои таъмини муҳофизат ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда, кадастри давлатии олами ҳайвонот ташкил карда мешавад, ки он маҷмӯи маълумот дар бораи паҳншавии қуғрофии намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо, маълумотномаи истифодаи эҳтиёткоронаи ҳозиразамони ҳайвонот ва дигар маълумоти заруриро дар бар мегирад.

Моддаи 50. Тартиби баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо дар ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот

Баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар қитъаҳои озод аз ҳисоби давлат,     дар   қитъаҳои вобасташуда аз              хдсоби

истифодабарандагони он ба роҳ монда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй вазифадоранд дар бораи паҳншавй, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшй ба мақомоте, ки кадастри давлатиро ба роҳ мемонанд, маълумот диҳанд.

Қоидаҳои баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот, муайян кардани рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоби давлатй гирифта, ба кадастри давлатй дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот барои ба ҳисобгирй                     ва            ташкили           кадастр мувофиқи         тартиби

муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

БОБИ 13. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЬАЛАҲОИ ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 51. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот






Баҳсҳо байни шахсони воқей ва ҳукуқй оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳал карда мешаванд.

БОБИ 14. ЧДВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 52. Беэътибории ахдҳое, ки хукуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро вайрон мекунанд

Худсарона гузашткунии ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот, инчунин дигар ахдҳое, ки хуқуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро ба таври ошкоро ва ё пинҳонй вайрон мекунанд, эътибор надорад.

Моддаи 53. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқей ва хуқуқй, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй кашида мешаванд.

БОБИ 15. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 54. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот"

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 241; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 55. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумхурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

ш.Душанбе

5 январи соли 2008 № 354






ҚАРОРИ МАЧДИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧДИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи олами ҳайвонот"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумхурии Тоҷикистон                   С. Хайруллоев

ш. Душанбе

28 ноябри соли 2007 № 800

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот"

Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ро "Дар бораи олами ҳайвонот" баррасй намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот" ҷонибдорй карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумхурии Тоҷикистон                М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

19 декабри соли 2007 № 433



 


Бозгашт