| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

Forest Code of the Republic of Tajikistan


Фасли 1. Қисми умумӣ
Боби 1. Муққарароти умуми
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси



Моддаи 1. Мафхумҳои асосй

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-      ҷангал - маҷмӯи набототи табий, ки бо роҳи муқаррарй ё сунъй дар ҳудуди муайян аз мачмӯи дарахтону буттаҳо (на камтар аз 10 фоиз бо дарахту буттаҳо, на камтар аз 0,5 га масоҳат ва на камтар аз 10 метр бар дошта бошад) дар алоқамандй бо дигар чузъҳои табиати зинда ташкил ёфта, дорои аҳамияти калони экологй, иқтисодй ва ичтимой мебошад;

-      барқарор кардани чангал - шинонидани ниҳолҳо ё мусоидат кардан ба барқароркунии табиии чангалзор дар заминҳои чангалҳояшон харобгардида;

-     бунёд кардани чангал - шинонидан ва парвариш кардани ниҳолҳо дар заминҳои холй, ки барои бунёди чангал пешбинй гардидаанд;

-     гуногунии биологй - мачмӯи организмҳои зинда, ки гуногунии дохили намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳоро дар бар мегирад;

-     дарахтбурии асосй - буридани дарахтон дар чангалҳо ба мақсади тайёр кардани чӯб ва ҳезум;

-     дарахтбурии фосилавй - буриши интихобии дарахтони чангал бо мақсади беҳдошти ҳолати он;

-     дарахтбурии санитарй - буридани дарахтони алоҳидаи касал, хушк ва пӯсида бо мақсади беҳтаркунии ҳолати чангал;

-      кадастри давлатии чангал - маълумот оид ба чойгиршавии фонди давлатии чангал аз чиҳати табий, хуқуқй ва истифодабарй;

-     идоракунии муштараки чангал - истифодаи устувори қитъаҳои фонди давлатии чангал бо иштироки шахсони воқей ва ҳуқуқй тибқи шартнома;

-     истифодабарандагони чангал - шахсони воқей ва ҳуқуқие, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодабарии захираҳои фонди давлатии чангал бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дода шудааст;

-      истифодабарии ғайриасосии чангал - истифодабарии захираҳои чангал, ба ғайр аз захираҳои чӯб (алафдаравй, чаронидани чорво, чойгир намудани куттиҳои занбӯри асал, тайёр ва чамъоварй намудани мева, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра);

-      истифодабарии устувори чангал - истифодабарии захираҳои чангал, ки талаботи наслҳои ҳозира ва минбаъдаро ба захираҳо ва хосиятҳои фоиданоки чангал таъмин мекунад;

-      қитъаи чангал - майдони чангал, ки барои ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувор ба чангалбон вобаста шудааст;

-     мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал - мақоми давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон роҳбарии умумии фонди давлатии чангал ва шикорро амалй менамояд;

-      мамнӯъгоҳҳои давлатии табиии чангал - ҳудуди фонди давлатии чангале, ки аз истифодаи хочагидорй бароварда шуда, барои ҳифзи ҳайвонот, наботот ва тамоми мачмӯи табиат, аз чумла ҳайвоноту набототи нодир ва нестшаванда, инчунин бо мақсади омӯзиши равишҳои






табиии омилҳо ва ҳодисаҳои табии, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи табиат ташкил карда мешаванд;

-     минтақаи чднгалпарвари - воҳиди зертобеъи ташкилоти хочдгии чангал, ки бо мақсади ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодабарии устувор ва идоракунии фонди чангал дар минтақаҳои алоҳида таъсис дода мешавад;

-     парваришгоҳи давлатии табиии чангал - ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, ки бо мақсади нигоҳдори ва барқароркунии олами набототу ҳайвонот, ичрои корҳои илмию тадқиқоти, маҳдуд кардани баъзе намудҳои фаъолияти хочагидори таъсис дода мешавад;

-     соҳаи хочагии чангал - соҳаи иқтисодиёт, ки фаьолияти таҳқиқу баҳисобгири, танзими истифода ва назорати чангалро амали менамояд;

-     ташкилоти хочагии чангал - сохтори ҳудудии давлатии хочагии чангал, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;

-     фонди шикор - ҳама намуди ҳайвоноти ваҳши, ки дар шароити табии сукунат доранд ва объектҳои шикор ба ҳисоб мераванд, новобаста ба он ки дудуди зисташон дар заминистифодабарии ки қарор дорад;

-     ҳифзи чангал - мачмӯи чорабиниҳо оид ба пешгири аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасони чангал;

-     ҳимояи чангал - мачмӯи чорабиниҳо оид ба пешгири ва мубориза бар зидди сӯхтори чангал, худсарона буридани чангал ва ҳуқуқвайронқуни дар соҳаи чангал;

-     чарогоҳ - қитъаи замини фонди давлатии чангал, ки барои чарогоҳ пешбини шудааст;

-     чиптаи чангал - ҳуччате, ки ҳуқуқи истифодаи захираҳои чангалро дар ҳудуди муайян тасдиқ мекунад;

-     чорабиниҳои биотехники - нигоҳубини ҳайвоноту паррандагони ваҳши ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти онҳо;

-     чангалдор- шахсони ҳуқуқи, ки ба онҳо заминҳои фонди давлатии чангал вобаста карда шудаанд;

-     чангалноки - дарачаи дарахтзору буттазор будани ҳудуд, ки дар таносуб ба майдони умуми бо фоиз муайян карда мешавад;

-     чангалсози - мачмӯи чорабиниҳои баҳисобгири, баҳодиҳи ва банақшигирии хочагии чангал, ки барои баланд бардоштани самаранокии пешбурди хочагии чангал ва истифодабарии захираҳои чангал равона карда мешаванд;

-     чангалҳои муҳофизати - чангалҳое, ки маъмулан вазифаҳои обнигоҳдори, ҳифзи замин аз

эрозия,                            санитарию гигиени ва солимгардонии муҳити зистро ичро

менамоянд;

-     чангалҳои милли ва табии - чангалҳое, ки дар ҳудуди боғҳои милли ва табии воқеанд ва онҳо бо мақсади ҳифзи табиат, кишваршиноси, илми, фарҳанги ва сайёҳи истифода мешаванд;

-     чангалҳои фароғати - чангалҳое, ки барои истироҳати аҳоли ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳанги пешбини шудаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории чангали Ҷумҳурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии






Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоқикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объектқои муносибатқои қукуқии ҳангал

1.     Ба объектҳои муносибатҳои ҳуқуқии қангал фонди ягонаи қангали Ҷумҳурии Тоқикистон, аз чумла заминҳои холии фонди давлатии чднгал, захираҳо ва хосиятҳои фоиданоки чангал новобаста ба истифодабарандагон дохил мешаванд.

2.     Объектҳои муносибатҳои ҳуқуқии чангал бо назардошти аҳамияти бисёрчабҳаи чангал, инчунин эътироф кардани он ҳамчун воситаи асосии истеҳсолй дар хочагии чангал истифода ва ҳифз карда мешаванд.

Моддаи 4. Принсипқои пешбурди сохаи хоҳагии чангал

Қонунгузории чангали Ҷумҳурии Точикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-     танзим ва назорати давлатй;

-      нигоҳдории гуногунии биологии чангал, иншоотҳои давлатии фонди мамнӯъгоҳҳои табий, мероси табиию фарҳангй;

-     идоракунии устувори чангал дар асоси банақшагирии хочагии чангал ва бо мақсади рушди захираҳои чангал ва истифодаи устувори онҳо бо мақсадҳои гуногун;

-     барқарор кардани зарари дар натичаи риоя накардани қонунгузорй оид ба чангал ва шикор расонидашуда;

-     дастрас будани итилоот оид ба ҳолати фонди чангал;

-     принсипҳои иқтисодй ва истифодаи пулакии захираҳои чангал;

-     иштироки аҳолй ва иттиҳодияҳои чамъиятй дар ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодаи устувори фонди чангал;

-      эътирофи аҳамияти умумидавлатии чангал ҳамчун танзимгари иқлим, муҳитофарй, муҳофизати замин, об ва дигар ҳусусиятҳои муҳофизатй.

Моддаи 5. Фонди ягонаи ҷангал

1.     Ҷангалҳои қаламрави Ҷумҳурии Точикистон, инчунин заминҳои фонди давлатии чангал, новобаста аз шаклҳои фаъолияти хочагидорй, фонди ягонаи чангали Точикистонро ташкил медиҳанд. Ба фонди ягонаи чангали Точикистон фонди давлатии чангал ва фонди чамъиятии чангал дохил мешаванд.

2.     Ба фонди давлатии чангал чангалҳои табий, новобаста аз истифодабарандагони онҳо, чангалҳои сунъй, ки дар истифодаи мақомоти давлатй қарор доранд, инчунин заминҳои холие, ки барои эҳтиёчоти хочагии чангал пешбинй шудаанд, дохил мешаванд.

3.     Идоракунй, танзим ва истифодаи самараноки фонди давлатии чангал ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал гузошта мешавад.

4.     Ба фонди чамъиятии чангал чангалҳои хочагиҳои деҳқонй (фермерй), кооперативҳои истеҳсолй, ба таври сунъй аз тарафи шахсони ҳуқуқй, инчунин дигар субъектҳои хочагидори ғайридавлатй бунёд карда шуданд, дохил мешаванд.

5.     Ба фонди чангал дарахту буттаҳои чудогона ва гурӯҳи дарахту буттаҳои заминҳои таъиноти кишоварзй, заминҳои наздиҳавлигй ва боғҳои фарҳангию истироҳатй дохил намешаванд.



Моддаи 6. Заминҳои фонди давлатии ҷангал






1.    Ба заминҳои фонди давлатии чднгал дохил мешаванд:



-     заминҳои ҷангалдор, холи, заминҳои лалмии барои ҷангал пешбинишуда ва дигар заминҳое, ки дар истифодабарии доимии ташкилотҳои давлатии хоҷагии ҷангал қарор доранд;

-      заминҳои ҷангал, заминҳои дарахту буттадор ё заминҳои холи, ки барои парвариш ва барқароркунии ҷангалҳо пешбини шудаанд (дарахтонашон буридашуда, аз сӯхтор осебдида, дарахтҳои хушкида, марғзорҳо, майдонҳои парвариши ниҳолҳо);

-     заминҳои бедарахту бутта, ки барои истифодаи хоҷагии ҷангал пешбини шудаанд (замини роҳҳо, марғзорҳо, замини кишоварзи ва дигар заминҳо);

-     заминҳои марзи фонди ҷангал (замини ботлоқҳо, санглохҳо ва заминҳои барои истифодабари номувофиқ).

2.     Марзи заминҳои фонди давлатии ҷангал ҳангоми ҷангалсози дар асоси ҳучдатҳои заминсози муайян карда мешаванд.

Моддаи 7. Захираҳои қангал ва хосиятҳои фоиданоки он

1.      Захираҳои чангал аз чӯб, ҳезум, меваҷот, растаниҳои ғизои, гиёҳҳои шифобахш, техники ва дигар маҳсулоти аз олами набототи фонди чангал чамъшаванда ва коркардшаванда иборат мебошанд.

2.      Ба хосиятҳои фоиданоки чангал вазифаҳои дорои аҳамияти иқтисоди, экологи ва ичтимои дохил мешаванд.

Моддаи 8. Субъектхри муносибатҳои хукуқии ҷангал

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии чангал шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодабарии устувори чангалҳоро ба ӯҳда доранд.

ФАСЛИ II. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ ФОНДИ ҶАНГАЛ



Моддаи 9. Мақомоти давлатии идоракуни ва назорати давлати дар сохди ҳифзу ҳимоя, баркдроркуни ва истифодабарии устувори фонди ҷангал

Ба низоми мақомоти давлатии идоракуни ва назорати давлати оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодабарии устувори фонди чангал Хукумати Ҷумҳурии Точикистон, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар доираи салоҳияташон мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон дохил мешаванд.

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Точдкистон дар соҳаи идоракунии хоқагии ҷангал

Хукумати Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи идоракунии хочагии чангал салоҳияти зерин дорад:

-     муайян намудани сиёсати давлати ва муносибатҳои байналмилалй дар соҳаи хочагии чангал;

-     муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал ва сохтори идоракунии он;

-     муқаррар намудани тартиби ҳисоботи омории давлати дар соҳаи хочагии чангал;

-      тасдиқи барномаҳои давлати оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркуни, истифодабарии устувор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хочагии чангал;






амали намудани дигар салоҳиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.



Модцаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии сохди хоқагии ҷангал оид ба танзими муносибатҳои соҳаи хоҷагии ҷянгял

Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба танзими муносибатҳои соҳаи хочдгии ҷангал ваколатҳои зеринро дорад:

-     амали кардани сиёсати давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал;

-     ба роҳ мондани ҳамкории байналмилали дар соҳаи хоҷагии ҷангал;

-     ташкил ва таъмини ҳифзу ҳимоя, барқароркуни, бунёд ва танзими истифодабарии устувор дар фонди давлатии ҷангал;

-     иштирок дар таҳия ва ичрои барномаҳо ва санадҳои меъёрии хуқуқи оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркуни, истифодабарии устувори захираҳои ҷангал;

-     тасдиқ намудани меъёри ҳарсолаи аз тарафи ташкилотҳои хоҷагии ҷангал пешниҳодшудаи тайёр намудани чӯбу ҳезум аз дарахтбурии асоси ва фосилавИ;

-     тасдиқ намудани меъёри ҳарсолаи ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худрӯйи ғизои, гиёхҳои шифобахш, техники дар худуди фонди давлатии ҷангал;

-тасдиқ намудани квотаҳои ҳайвоноти фонди шикор (ба истиснои намудҳои ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид кардашуда);

-     тасдиқ ва назорати ичрои нақшаи идоракунии хоҷагиҳои чднгал ва парваришгоҳҳои давлатии табии барои мӯҳлати муаяйн;

-     ташкили корҳои чангалсози, ичрои кадастр ва мониторинги чангал;

-     амали кардани назорати давлати оид ба ҳолат, ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодабарии устувори фонди ягонаи чангали Ҷумхурии Точикистон, инчунин олами ҳайвонот дар фонди шикор;

-     амали кардани назорати давлати барои истифодабарии мақсадноки захираҳои чангал дар ҳудуди Ҷумхурии Точикистон;

-     таъмини рушд ва ташкили хочагии шикор дар худуди Ҷумхурии Тоҷикистон, аз чумла бастани шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқи дар бораи вобаста кардани шикоргоҳ барои пешбурди хоҷагии шикор бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон;

-     додани иҷозатнома ва дигар хуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеи ва хуқуқи дар асоси меъёрҳо ва тартиби муқарраршуда барои истифодабарии ҳайвоноти фонди шикор;

-     бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барраси намудани мавод оид ба риоя накардани қонунгузории ҷангал ва шикор бо ситонидани ҷарима, товони зарар ва пешниҳоди даъво ба суд нисбати шахсони хуқуқи ва воқеи.

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти мақаллии қокимияти давлати оид ба танзими муносибатхр дар соҳаи хоҷагии ҷангал

Дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодабарии устувори фонди ҷангал мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ваколатҳои зерин доранд:

-     таҳияи чорабиниҳои ҳифзу ҳимояи ҷангал аз сӯхтор, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо, инчунин пешгирии риоя накардани қонунгузории ҷангал ва шикор дар ҳудуди дахлдор якҷоя бо мақомоти хоҷагии ҷангал;






-     таъмини ичрои барномаҳои давлатии рушди хоҷагии ҷангал ва худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

-     дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар намудаанд.

Моддаи 13. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар рушд ва идоракунии хоҷагии ҷангал

Иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва шахрвандон дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал иштирок намуда, барои беҳтар намудани онҳо таклифҳо пешниҳод мекунанд.

Моддаи 14. Назорати давлатии фонди ҷангал ва шикор

1.      Назорати давлатии фонди ҷангал ва шикорро дар қаламрави Ҷумхурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои он, инчунин дигар мақомоти дахлдори давлатй дар доираи салоҳиятҳояшон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.

2.     Тартиби назорати давлатии ҳолат, ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори ҷангалро Хуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

ФАСЛИ III. ҲИФЗ ВА ҲИМОЯИ ҶАНГАЛ

БОБИ 3. ҲИФЗ ВА ҲИМОЯИ ФОҚДИ ҶАНГАЛ



Моддаи 15. Ҳифз ва ҳимояи фон,ди ҷангал

Фонди ҷангали Ҷумхурии Тоҷикистон аз сӯхтор, дарахтбурй ва шикори ғайриқонунй, ҳашароту зараррасонандагони дигар, касалиҳои ҷангал ва дигар амалҳое, ки ба ҷангал зарар мерасонанд, ҳифз карда мешавад.

Моддаи 16. Вазифаҳои маҳоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳифзу ҳимояи фонди ҷангал

Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал аз инҳо иборатанд:

-     гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирй намудани сӯхтори ҷангал, сари вақт ошкор ва бартараф намудани он;

-     таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур, қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва меъёрҳои санитарй дар ҷангалҳо аз тарафи шахсони воқей ва хуқуқй;

-     андешидани чорабиниҳо оид ба пешгирии буриши ғайриқонунй, осеб расонидан ба дарахту буттаҳо, риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи истифодабарии ҷангал, бо партовҳои кимиёвию маишй захролуд кардани ҷангалҳо, нест кардани олами набототу ҳайвонот;

-     танзими истифодабарии ғайриасосии ҷангал, аз чумла чамъоварй намудани мевадот, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра;

-     сари вақт ошкор намудани манбаъҳои пайдоиши ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои чангал, гузаронидани мушоҳидаи патологии афзоиш ва мубориза бар зидди онҳо;

-     таъмини риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорй дар худуди фонди чангал;

-     дигар амалҳое, ки ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодаи устувори чангалро таъмин менамоянд.



Моддаи 17. Амалй намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзу ҳдмояи фонди ҷангал






1.     Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочдгии ҷангал ва ташкилотҳои он, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй, ҷангалдорон, истифодабарандагони ҷангал ичрои чорабиниҳоро оид ба ҳифзу ҳимояи фонди чангал таъмин менамоянд.

2.     Чорабиниҳо оид ба ҳифзи чангал аз сӯхтор дар асоси қоидаҳои бехатарии сӯхтор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатй оид ба бехатарй аз сӯхтор тасдиқ карда мешаванд.

3.     Чорабиниҳо оид ба пешгирии дарахтбурии ғайриқонунй, нест кардан ва осеб расонидан ба дарахтону буттаҳо, вайрон кардани тартиботи муқаррарнамудаи истифодабарии чангал, заҳролуд кардани чангалҳо бо партовҳои кимиёвй, коммуналию маишй ва ғайра, нест кардани олами ҳайвонот ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои чангалу шикор дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон амалй карда мешаванд.

Моддаи 18. Ҳифзи чянгял аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо

1.     Ҳифзи чангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар асоси мушоҳидаҳои доимии ҳолати фонди чангал, сари вақт ошкор намудани манбаъҳои пайдоиши онҳо бо андешидани чораҳои профилактикй оид ба несту нобуд сохтани онҳо амалй карда мешаванд.

2.     Ҳифзи чангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

-     тадқиқоти чории патологии чангал;

-     мушоҳидаҳои умумй ва муфассали инкишофи ҳашароти зараррасон ва касалиҳои чангал;

-     пешгирй ва нест кардани манбаъҳои ҳашароти зараррасон ва касалиҳои чангал бо роҳи кимиёвй ва биологй.

3.     Чорабиниҳо оид ба ҳифзи фонди чангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳои оммавии чангал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони растаниҳо таҳия ва амалй карда мешаванд.

БОБИ 4. НОЗИРОТИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ҶАНГАЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 19. Нозироти давлатии ҳифзи чангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.     Нозироти давлатии ҳифзи чангали Чумҳурии Точикистон (минбаъд Нозироти давлатии ҳифзи чангал) дар назди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал ташкил дода мешавад.

2.     Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи чангал дар як вақт нозирони давлатии ҳифзи чангал ба ҳисоб мераванд.

3.     Рӯйхати кормандоне, ки ба ҳайати Нозироти давлатии ҳифзи чангал дохил мешаванд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал тасдиқ карда мешавад.

4.     Вазифаҳои Нозироти давлатии ҳифзи чангал иборатанд аз:

-     таъмини ҳифзу ҳимояи захираҳои чангал ва фонди шикор;

-     амалй намудани назорати давлатй оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори чангал.

5.     Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи чангал ӯҳдадоранд, ки:

-     ҳукуқвайронқуниҳоро дар соҳаи хочагии чангал ва шикор пешгирй ва рафъ намоянд;

-     ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ситонидани зарари расонидашуда мавод фиристонанд;






назорати бехатари аз сухторро дар фонди давлатии чднгал таъмин намоянд;



-      дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи оид ба бартараф намудани оқибати ҳуқуқвайронқуниҳои ошкоршуда амрнома диҳанд.

6.     Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ҳуқуқ доранд, ки:

-      вазъи истифодабарии ҷангалро бисанҷанд;

-      ҳуҷҷатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро оид ба истифодабарии фонди ягонаи ҷангал бисанчднд;

-      оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури ва дигар ҳуқуқвайроқуниҳо дар соҳаи ҷангал протоколҳо ва санадҳо тартиб диҳанд;

-      доир ба ситонидани товони зарари ба ҷангал расонидаи шахсони воқеи ва ҳуқуқи ба суд муроҷиат намоянд;

-      воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳоро дар ҷангал аз назар гузаронанд;

-      маҳсулоти ғайриқонуни ба даст овардашуда ва инчунин олоти шикори онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори мусодира намоянд.

7.     Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал таҳти ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии давлат қарор доранд ва дар қайди суғуртаи ҳатмии давлати мебошанд.

8.     Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал бо либоси ягонаи расми ройгон таъмин карда мешаванд. Намуди либоси ягона, аломатҳои фарққунандаи он ва тартиби таъмин намудани онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал аз тарафи Хуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

9.     Шахсони мансабдори Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ҳуқуқи нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматиро доранд. Руйхати мансабҳои Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал, ки ҳуқуқи нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматиро доранд, аз тарафи Хуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Тартиби нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматии шахсони мансабдори Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Нозирони ҷамъпятпи ҳифзи ҷангал

1.     Барои расонидани кӯмак ба кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал аз ҳисоби аҳолй Нозироти ҷамъиятии ҳифзи ҷангал ташкил карда мешавад.

2.     Назорат ба фаъолияти кори нозирони ҷамъиятии ҳифзи ҷангал ба зиммаи кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал гузошта мешавад.

3.     Фаъолияти нозирони ҷамъияти тибқи Низомнома ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал амали карда мешавад.

БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ ҲИФЗУ ҲИМОЯ, БАРҚАРОРКУНӢ ВА ИСТИФОДАИ УСТУВОРИ ФОНДИ ҶАНГАЛ



Моддаи 21. Хусусиятҳои ҳифзу хрмоя, барк^рорқуни ва истифодаи устувори чангалқои шаҳри

1.     Ҷангалҳои дар маҳаллҳои аҳолинишини шаҳр ҷойгирбуда (ҷангалҳои шаҳри), барои истироҳати аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳанги, варзиши ва нигоҳ доштани ҳолати мусоиди экологии шаҳр пешбини гардидаанд.






2.      Ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори ҷангалҳои шаҳрй бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияи давлатй ва Кодекси мазкур амалй карда мешаванд.



3.     Истифодабарии қангалҳои шаҳрй бидуни мақсадҳои таъинотии он манъ аст.

4.      Назорати давлатй оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори қангалҳои шаҳр аз тарафи сохтори маҳаллии мақоми ваколатдор дар соҳаи хоқагии қангал амалй карда мешавад.

Моддаи 22. Ҳифзу химоя, баркароркунп ва истифодабарии устувори фонди қангал дар минтакрҳои сархадӣ

1.      Ҷангалҳои замини минтақаҳои сарҳадй ба фонди давлатии қангал дохил гардида, истифодабарии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори ҳифзи сарҳади давлатй амалй карда мешавад.

2.      Назорати давлатй оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори чунин қангалҳо ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоқагии қангал гузошта мешавад.

Моддаи 23. Ҳифзу хрмоя, баркароркунӣ ва истифодабарии устувори

қангал дар худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори қангал дар худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумхурии Тоқикистон "Дар бораи худудҳои табий ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда" ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумхурии Тоқикистон амалИ карда мешавад.

ФАСЛИ IV. ТАШКИЛИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

БОБИ 6. ВАЗИФАҲО ВА ТАЛАБОТ ОИД БА ТАШКИЛИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ



Моддаи 24. Мақсади ташкили хоқагии қангал

Мақсади ташкил кардани хоқагии қангал вобаста ба шароити табий ва иқтисодй, ҳадаф, мавқеи чрйгиршавй, таркиби ҷинсу навъи дарахтҳо ва ҳамчунин вобаста ба вазифаҳое, ки хоҷагиҳои ҷангал ба ҷо меоранд, таъмин кардани риояи меъёри хуқуқй ва техникй барои оқилона истифода кардани захираҳои ҷангал мебошад.

Моддаи 25. Талаботи асосй нисбати ташкил ва пешбурди хочргии чднгал

Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва истифодабарандагони он барои ташкил намудани хоҷагии ҷангал ӯхдадоранд, ки:

-     корҳои ҷангалсозй, мониторинг ва кадастри ҷангалро гузаронанд;

-     нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангалро таҳия ва амалй намоянд;

-     фонди ҷангалро ба категорияҳо тақсим намоянд;

-     меъёрҳои истифодабарии захираҳои ҷангалро муқаррар намоянд;

-      оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори фонди ҷангал чораҳо андешанд;

-     хоҷагиҳои ниҳолпарварй ташкил намоянд;

-     корҳои селексионй ва тухмипарвариро ба роҳ монанд;






-     дигар чорабиниҳои ҳуқуқи, ташкили ва техникиро оид ба омузиш, баҳисобгири, ҳифзу ҳимоя ва барқароркунии чднгалҳо амали намоянд;

-     назорати риояи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Моддаи 26. Категорияқои мухрфизатии чангалҳо

Фонди давлатии ҷангали Тоҷикистон вобаста ба вазифаҳо ба категорияҳои зерини муҳофизати тақсим мешавад:

-     обнигоҳдори - қитъаҳои муҳофизатии ҷангалҳо дар соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва дигар иншооти оби, аз чумла минтақаҳои мамнӯи чангалҳое, ки чойҳои тухмгузории чинсҳои пурқимати моҳиҳоро муҳофизат менамоянд;

-     муҳофизати - қитъаҳои чангали зидди эрозия, аз чумла қитъаҳои чангали нишебиҳои кӯҳ, қитъаҳои муҳофизатии чангали қад-қади роҳҳои оҳан ва автомобилгард, мавзеъҳои пурарзиши чангал ва дигар чангалҳои дорои аҳамияти зарури барои муҳофизати муҳити зист;

-     чангалҳои санитарию гигиени ва солимгардони - чангалҳои шаҳри, чангалҳои минтақаҳои сабзи гирду атрофи шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, чангалҳои фароғати, чангалҳои ҳифзи осоишгоҳҳои минтақаҳои истироҳати;

-     чангалҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - чангалҳои мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллй ва табии, чангалҳои таъиноти илми, таърихи, осори табии ва фароғати;

-     чангалҳои саноатии пистазору чормағззорҳо ва мевачот.

Моддаи 27. Намуди заминқои фодди чангал

1.    Таркиби заминҳои фонди чангалро ташкил медиҳанд:

-     замини чангалзор - замини дарахтзор, дарахтзорҳои чудо чудо, қитъаҳои таъминоти махсус, парваришгоҳҳои ниҳоли дарахт ва ҳамчунин заминҳои бедарахт (дарахтҳояшон бурида, чаману марғзорҳо ва заминҳои камдарахт);

-     заминҳои ғайричангали - замини кишоварзи, роҳҳо, қитъаҳои зидди сӯхтор, бошишгоҳ, об, ботлоқ, пиряхҳо, регзор ва заминҳои дигари фонди чангал.

2.     Заминҳои бедарахти фонди чангал ба категорияи (қатори) заминҳои чангалзори фонди чангал бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал гузаронида мешаванд.

3.     Заминҳои чангалзорро ба категорияи (қатори) заминҳои ғайричангалии фонди давлатии чангал бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи чангал ва истифодаи чангал мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал дар асоси маводи чангалсози ё таҳқиқоти махсус мегузаронад.

4.     Чаманзору марғзорҳо аз рӯи маводи таҳкиқи хок ва чангалсози ғайри қобили чангал эътироф карда шуданашон ба категорияи (қатори) заминҳои ғайричангали гузаронида мешаванд.

5.      Дар қарори мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал дар бораи ба категорияи (қатори) заминҳои ғайричангали гузаронидани заминҳои чангалзор, ки бо пешбурди хочагии чангал алоқаманд аст, маҳалли воқеъгардидаи қитъа, масоҳат, ҳадаф ва мӯҳлати гузаронидан, номгӯйи корҳои ичрояшон чоиз, чорабиниҳои киштбоб кардани ин қитъа баъди гузаштани мӯҳлати гузаронидани замин аз як категория ба категорияи дигар нишон дода мешавад.

6.     Замини чангалзорро бо мақсади киштукор, аз чумла барои чорводори ба категорияи (қатори) замини ғайричангал гузаронидани чангалдор ё истифодабарандаи чангал мумкин нест.






Моддаи 28. Ба дигар категория гузаронидани замииқри фонди давлатии дангал



1.     Гузаронидани заминҳои фонди давлатии ҷангал ба дигар категория, ки ба пешбурди хоҷагии ҷангал алоқамандй надорад ва (ё) гирифтани заминҳои фонди давлатии чднгал барои эҳтиёҷоти давлатй аз чрниби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалй карда мешавад.

2.     Дар сурати ба дигар категория гузаронидани заминҳои фонди давлатии ҷангал товони талафот ва зарари истеҳсолоти хочдгии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чуброн карда мешавад.

Моддаи 29. Мувофикд кардани ҷойи сохтмони иншоотҳое, ки ба ҳолати ҷангалҳо таъсир мерасонанд

1.     Ҷойи сохтмони иншоотҳое, ки ба ҳолати чангалҳо таъсир мерасонанд, бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал мувофиқа карда мешавад.

2.     Ҳангоми чойгиронй, тарроҳй, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар, ҳамчунин дар мавриди татбиқи равандҳои нави технологие, ки ба ҳолати чангалҳо таъсир мерасонанд, бояд тадбирҳое пешбинй ва амалй карда шаванд, ки чангалҳоро аз таъсири бади обҳои ифлос, партову ахлот ва пасмондаҳои саноатй ва коммуналию маишй эмин доранд.

3.     Ба истифода додани корхонаю сехҳо, роҳҳои нақлиёт ва иншоотҳои дигаре, ки барои нарасонидани таъсири бад ба ҳолати чангалҳо тачҳизоти пешгирикунанда надоранд, манъ аст.

Моддаи 30. Ичрои корҳо дар заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки ба пешбурди фаъолияти хоҷагии чангал ва истифодаи он алоқа^андӣ надоранд

Дар заминҳои фонди давлатии чангал корҳои сохтмон, истихрочи канданиҳои фоиданоки маъмул ва корҳои чустучӯию геологие, ки ба пешбурди хочагии чангал ва истифодаи он алоқамандй надоранд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ичро карда мешаванд.

ФАСЛИ V. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ҶАНГАЛ

БОБИ 7. БАҲИСОБГИРИИ ФОНДИ ҶАНГАЛ ВА БАНАҚШАГИРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ



Моддаи 31. Ҷангалсозй

1.     Ҷангалсозй бо мақсади пешбурди устувори хоҷагии ҷангал ҷиҳати ноил шудан ба мувозинати талаботи иқтисодй, экологй ва ичтимой равона карда мешавад. Ҷангалдорон ва истифодабарандагони чангал фонди чангалро мувофиқи нақшаи идоракунии хочагии чангал дар асоси ҳуччатҳои чангалсозй истифода мебаранд.

2.     Ҷангалсозй амалҳои зеринро дар бар мегирад:

-     бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муайян намудани сарҳад ва масоҳати заминҳои хочагиҳои чангал;

-     ичрои корҳои топографию геодезй ва харитасозии чангалҳо;

-     баҳисобгирии фонди чангал бо муайян кардани намуд, синну соли чангал, ҳолати санитарй, сифат ва миқдори захираҳои чангал;

-     муайян намудани объектҳои фонди мамнӯъгоҳҳои табий, растаниҳои нодир ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;

-     асосҳои гузаронидани қитъаҳои фонди чангал ба категорияҳо, тайёр намудани пешниҳодҳо вобаста ба гузаронидани фонди чангал аз як категория ба категорияи дигар;






-      гузаронидани майдонҳои ҷангалҳои ба таври сунъи бунёдкардашуда ба категорияи майдонҳои ҷангалдор;

-      муайян намудани шаклҳои ҳуқуқии ба истифода додани захираҳои қангал ва қитъаҳои фонди қангал ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи, инчунин муайян намудани ҳудудҳо барои идораи муштараки чднгал;

-      муайян намудани ҳаҷм ва тартиби ичрои корҳо оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунии ҷангал ва ҷамъоварии тухмии дарахту буттаҳои ҷангал;

-      муайян намудани ҳаҷми дарахтбурии асоси ва фосилави дар қитъаҳои фонди чднгал;

-      муайян намудани ҳаҷми истифодабарии ғайриасосии захираҳои ҷангал;

-      муайян намудани қитъаҳои фонди ҷангал барои эҳтиёчрти хоҷагиҳои шикори бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фароғативу солимгардони, сайёҳӣ ва варзиши.

Моддаи 32. Гузаронидани корхри чэнгалсозй

1.     Ҷангалсози бо тартиби ягона ва низоми муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал аз ҳисоби бучети давлат амали карда мешавад.

2.     Чднгалсозиро дар ҳудудҳои фонди чангал корхонаҳои чангалсози якчоя бо чангалдор ва бо ҳамкории мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал мегузаронанд. Дар ҳудудҳои фонди давлатии чангал, идоракунии муштараки чангал бо иштироки истифодабарандагони чангал амали карда мешавад.

Моддаи 33. Накщахри хочагии ҷангал

1.     Ҳангоми чангалсози нақшаҳои идоракунии хочагии чангал аз рӯи принсипҳои идоракунии устувори чангал таҳия мешаванд, ки онҳо баҳисобгирии захираҳои чангал, арзёбии ҳолат ва хочагидории чангал дар давраи санчиш ва банақшагирии мақсадқои тараққиёт, барқароркуни ва истифодабарии захираҳои чангалро дар мавзеъҳои муайяншуда (хочагиҳои чангал, чангалбонҳо ва қитъаҳои идоракунии муштараки чангал) дар бар мегиранд.

2.     Нақшаҳои идоракунии хочагии чангал дар ҳамкори бо истифодабарандагон ва ташкилотҳои хочагии чангал барои давраи тафтишоти ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол таҳия мешаванд.

3.       Нақшаҳои идоракунии ташкилотҳои хочагии чангал аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал ва нақшаҳои идоракунии минтақаи чангал ва қитъаҳои идоракунии муштараки чангал аз тарафи ташкилотҳои ҳудудии хочагии чангал тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 34. Кадастри давлатии ҷангал

1.       Мақсади кадастри давлатии чангал аз дастрас намудани маълумоти асоснок оид ба чойгиршавии заминҳои фонди ягонаи чангал аз чқҳати табии, ҳуқуқи ва истифодабари иборат мебошад.

2.       Ба низом даровардани муносибатҳои чангалдори асоснок кардани маблағи пардохти истифодаи чангал, танзими фонди чангал ва арзёбии фаъолияти истифодабарандагонро дар бар мегирад.

3.       Кадастри давлатии чангал бо низоми ягонаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал гузаронида мешавад.

Моддаи 35. Мониторинги давлатии чангал

1.     Мониторинги давлатии чангал аз мушоҳидаи мунтазами ҳолати чангал, баҳодиҳи, ояндабини ва таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирию бартараф кардани оқибатҳои манфи дар ҳифзу ҳимоя, барқароркуни ва истифодаи захираҳои чангал иборат мебошад.






2.      Мониторинги давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоқагии қангал дар панқ сол як маротиба гузаронида мешавад.



ФАСЛИ VI. БУНЁД, БАРҚДРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ МАСЪУЛНОКИИ ҶАНГАЛ

БОБИ 8. БУНЁД ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ҶАНГАЛ



Моддаи 36. Мақсади бунёд ва барқарор кардани чангал

Мақсади бунёд ва барқарор кардани қангал аз нигоҳдорй ва беҳтар намудани вазъи экологии қангалҳо, афзун гардонидани гуногунии биологй, инчунин мусоидат намудан ба паст кардани таъсири гармшавии иқлим ва дигар падидаҳои табий иборат мебошад.

Моддаи 37. Бунёд кардани чянгял

1.     Ҷангал дар заминҳои холй бунёд карда мешавад.

2.      Чднгал дар асоси лоиҳаҳо бунёд карда мешавад.

3.      Барои бунёд намудани қангал дар навбати аввал замини соҳили дарёҳо, обанборҳо ва дигар категорияҳои замин, ки барои истифодаи кишоварзй номувофиқанд (заминҳои обшуста, қариҳо, қумзор ва дигар заминҳои ба эрозия дучоршуда) ва ҳамчунин заминҳои захираи давлатй истифода бурда мешаванд.

Моддаи 38. Баркарор кардани ҷангал

Ҷангал бо риояи талаботи зерин барқарор карда мешавад:

-      кишти тухмй ва шинонидани ниҳоли навъҳои пурарзиши дарахту буттаҳои барои хоқагидорй фоидаовар дар заминҳои фонди қангал бо назардошти шароитҳои сабзиши қангал;

-      аз заминҳои холии фонди қангал дар навбати аввал чудо намудани замин барои ичрои корҳои барқароркунии чангал;

-      беҳтар кардани гуногунии намудҳо ва баланд бардоштани самаранокии чангалҳо, хусусиятҳои муҳофизатй ва муҳитофаринии онҳо;

-      нигоҳдории фонди генетикй ва гуногунии биологии чангалҳо.

Моддаи 39. Ҷангалқои плантатсионй

Ҷангалҳои плантатсионй ба мақсади тайёр намудани чӯб ва дигар маҳсулоти чангал (мевачот, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра) бунёд карда мешаванд.

Моддаи 40. Тухмипарварй дар қангал

1.      Тухмипарварй дар чангал бо мақсади парвариш, чамъоварй, коркард, нигоҳдорй ва истифодаи минбаъдаи тухмй дар хочагии чангал ва ниҳолхонаҳо таъсис дода мешавад.

2.      Мақсад ва вазифаи тухмипарварй дар чангал таъмин кардани хочагиҳои чангал ва ниҳолхонаҳо бо тухмии хушсифати аслаш муайяни ба шароити чангалзор мувофиқ, бо назардошти таъмини нигоҳдории гуногунии биологй, аз чумла гуногунии генетикии дарахту буттаҳо мебошад.

Моддаи 41. Хоҷагии ниҳолпарварй дар ҷангал

1.     Хочагии ниҳолпарварй дар заминҳои фонди давлатии чангал таъсис дода мешавад.






2.      Мақсад ва вазифаи хочдгии ниҳолпарварй дар фонди давлатии ҷангал аз парвариши ниҳолҳои дарахтону буттаҳои хушсифати маҳаллй ва ҷавобгӯйи талаботи стандарт иборат мебошад.



ФАСЛИ VII. ҲУҚУҚИ ҶАНГАЛДОРИ

БОБИ 9. ҶАНГАЛДОРИ



Моддаи 42. Ҷудо намудани заминҳои фонди ч,ангал ба хуқуқи ҷангалдори

1.      Хуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷангалдор дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал берун аз заминҳои истифодаи доимии ташкилотҳои хоҷагии ҷангал, мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои миллй ба зиммаи ташкилоти ҳудудии хоҷагии ҷангал гузошта мешавад.

2.      Ҷангалдорй бо ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин ба ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ва ҷангалдорони дигар барои ҳифзу ҳимоя, барқароркунй, бунёд ва истифодабарии устувори ҷангал вобаста карда мешавад.

3.      Хуқуқи истифодаи замин дар заминҳои фонди ҷангал бо сертификати ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин тасдиқ мегардад.

4.      Хуқуқи ҷангалдорони ҷамъиятй дар заминҳои кишоварзй ва ғайрикишоварзй (заминҳои хоҷагиҳои деҳқонй (фермерй), кооперативҳои истеҳсолй ва дигар субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатй) тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоқикистан пайдо мегардад.

Моддаи 43. Хукуқ ва ӯхдадориҳои қангалдорон

1.      Ҷангалдорон бояд аз рӯи принсипи идоракунии устувори рушди ҷангал ва истифодаи бисёрҷабҳаи захираҳои ҷангал дар асоси банақшагирии касбй фаъолият намоянд.

2.      Ҷангалдорон вазифадоранд, ки дар рафти банақшагирии истифодабарии захираҳои ҷангал қоидаҳои бунёду барқароркунй ва ҳифзу ҳимояи ҷангалҳоро риоя намоянд.

3.     Ҷангалдорони давлатй ҳуқуқ доранд:

-      истифодаи ҷангал ва дигар фаъолияти хоҷагидориро дар фонди давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалй намоянд;

-      чорабиниҳоро оид ба ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайраро дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ташкил намоянд;

-      тибқи қонунгузорй дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал биною иншоотеро (ба истиснои манзилҳои истиқоматй), ки барои пешбурди хоҷагии ҷангалу шикор заруранд, бунёд намоянд;

-      бо шахсони воқей ва ҳуқуқй барои истифодаи захираҳои фонди давлатии ҷангал шартнома банданд;

-     бо мақсади идоракунии муштараки ҷангал бо шахсони воқей ва ҳуқуқй шартномаҳо банданд;

-      дар якҷоягй бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй мавзеъҳои чарогоҳ ва алафдаравиро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал муайян намоянд;

-      ба шахсони воқей ва ҳуқуқй барои истифодабарии захираҳои ҷангал рухсатномаҳо (чиптаи ҷангал) диҳанд ва онҳоро бекор кунанд;

-     барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур санаду протоколҳо тартиб диҳанд;

-     шикори ҳаваскорию варзиширо дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал ташкил намоянд.






4.     Чднгалдорони давлати уҳдадоранд:



-     хочдгии ҷангалро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон идора намоянд;

-     ба таври васеъ бунёду барқароркуни, ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҷангалҳо, нигоҳубини онҳо, баланд бардоштани маҳсулноки ва дигар хосиятҳои фоиданоки ҷангал, ташкили истифодаи бисёрҷонибаи мақсаднок, иҷрои корҳои ҷангалсози, инчунин нигоҳдории иншооти давлатии фонди табиии мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табии, фарҳанги, боғҳои милли ва табииро таъмин намоянд;

-     нигоҳдории гуногунии биологи, барқароркунии ҷангалҳо, истеҳсоли маводи дорувори, ғизои ва техники, иҷрои дигар талаботро оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунию бунёди ҷангал ва истифодабарии устувори фонди давлатии ҷангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин намоянд;

-     воситаҳои зиддисӯхтори ва санитарии ҳудудҳои фонди давлатии ҷангалро муҳайё намоянд, риоя нашудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва истифодаи ҷангал, инчунин дигар намудҳои риоя нашудани қонунгузории ҷангали Чумҳурии Тоқикистонро сари вақт огоҳ, ошкор ва пешгири намоянд, оид ба хомӯш намудани сӯхтори ҷангал, мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои ҷангал, мубориза бар зидди риоя накардани қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарури андешанд;

-     ба истифодабарандагони ҷангал дар ҳифзу ҳимояи ҷангал мусоидат намоянд;

-     дар асоси қоидаҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал мониторинги ҷангалро гузаронида, саршумори ҳайвоноти ваҳширо ба ҳисоб гиранд.

5.     Чангалдорони ҷамъияти ҳуқуқ доранд:

-     истифода ва идоракунии қитъаҳо ва захираҳои ҷангалии фонди ҷамъиятии ҷангалро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;

-     тибқи қонунгузори дар қитъаҳои фонди ҷамъиятии ҷангал иморату иншоотҳои (ба истиснои манзилҳои истиқомати) барои пешбурди хоҷагии ҷангалу шикор зарурро дар мувофиқа бо мақоми давлатии дахлдор бино намоянд;

-     қитъаҳои фонди ҷамъиятии ҷангалро ба ичрра ё истифодабарии муваққати диҳанд.

6.     Чангалдорони ҷамъияти ӯҳдадоранд:

-     пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии ҷангалро дар қитъаҳое, ки дар истифодабарии онҳо қарор доранд, бо роҳу усулҳои муносиби экологи мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои пешбининамудаи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

-     ҳифзу ҳимоя, нигоҳубин ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҷангалҳоро, ки дар истифодабарии онҳо қарор доранд, таъмин намоянд;

-     ба мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал маводеро, ки барои баҳисобгирии фонди давлатии ҷангал, кадастри давлатии ҷангал заруранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

-     воситаҳои зиддисӯхтори ва санитариро дар қитъаҳои фонди ҷангалҳои ҷамъияти, ки ба моликияти онҳо дохил мешаванд ё дар истифодаи дарозмӯҳлати заминистифодабарандагон қарор доранд, таъмин намоянд;

-     оид ба пешгири ва хомӯш намудани сӯхтори ҷангал, мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои ҷангал чораҳои зарури андешанд;






- сухтори ҷангалро дар қитъаҳои фонди ҷангал, ки ба истифодабарии онҳо дохил мешаванд, ба қайд гиранд ва барои оқибати онҳо чораҳо андешанд.



Моддаи 44. Қать гардидани хукуқи қангалдорӣ

Хуқуқи қангалдории давлатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-      барҳам хурдани шахси ҳуқуқй, ки фонди давлатии қангал ба вай вобаста карда шудааст;

-      тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон барои эҳтиёчрти давлатй гирифтани замини фонди давлатии қангал.

ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАБАРИИ ҶАНГАЛ

БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ МУШТАРАКИ ҶАНГАЛ



Моддаи 45. Идоракунии муштараки қангал

1.       Идоракунии муштараки қангал аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоқагии қангал ва истифодабарандагони қангал дар асоси шартномаҳои муштарак амалй карда мешавад.

2.       Чднгалҳои давлатй дар доираи идоракунии муштараки қангал ба шахсони воқей ва ҳуқуқӣ дар асоси нақшаҳои идоракунй барои истифода дода мешаванд.

3.      Тартиб ва мӯҳлати додани қитъаҳои қангалро барои идоракунии муштараки қангал мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоқагии қангал муайян менамояд.

4.      Талаботи асосии идоракунии муштараки қангал мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 46. Мақсадҳои идоракунии муштараки чангал

Мақсадҳои идоракунии муштараки қангал аз инҳо иборат мебошанд:

-       истифодабарии устувори захираҳои қангал ҳамчун воситаи барқароркунй, беҳтар кардани ҳолат ва нигоҳдории қангал дар асоси шартномаи идоракунии муштараки қангал;

-      фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шаҳрвандон бо манбаи даромад;

-      қалби шаҳрвандон ба чорабиниҳои зидди биёбоншавй ва идоракунии муҳити атроф;

-       андешидани тадбирҳои иловагй барои нигоҳдории майдонҳои қангалдор ва таъмини ҳифзи қангал;

-       васеъ намудани масоҳати қангалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зисти олами ҳайвонот.

Моддаи 47. Унсурҳои идоракунии муштараки ҷангал

1.      Унсурҳои ҳатмии идоракунии муштараки қангал инҳоянд:

-      шартномаи байни ташкилотҳои хоқагии қангал ва истифодабарандагони қангал;

-       нақшаи идоракунии хоқагии қангал, ки дар ҳамкорй бо истифодабаранда ва ташкилотҳои хоқагии қангал ба мӯҳлати 5-10 сол таҳия карда мешавад.






2.      Нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал ва нақшаи солонаи чорабиниҳои хоҷагии ҷангал барои мустақилона истифода бурдани фонди чднгал аз тарафи истифодабаранда ҳучдатҳои асосй ба ҳисоб мераванд.

3.      Мақсади асосии тақсимоти ҳиссаи маҳсулоти солона ҳавасманд кардани истифодабарандаи чангал барои истифодаи ҳиссаи худ дар рушд ва ҳифзи фонди чангал мебошад.

Моддаи 48. Шарти идоракунии муштараки чангал

Истифодабарии захираҳои чангал дар ҳудудҳое, ки дар шартномаҳои идоракунии муштараки чангал муайян гардидаанд, аз тарафи шахсони сеюм ё берун аз нақшаи идоракунй ва нақшаи солона манъ аст.

Моддаи 49. Мӯҳлати шартнома

1.     Шартномаи муштараки идоракунии чангал барои давраи муайян тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон баста мешавад.

2.     Тамдиди мӯҳлати шартнома дар ҳолати риоя намудани шартҳои шартнома кафолат дода мешавад.

3.      Дар ҳолати вайрон кардани шартҳои шартнома мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал метавонад амалй шартномаро пеш аз мӯҳлат қатъ гардонад ва ё барои тамдиди он розигй надиҳад.

БОБИ 11. ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ҶАНГАЛ



Моддаи 50. Асосхри хук^қии истифодабарии чангал

Хуқуқи истифодаи чангал дар заминҳои фонди давлатии чангал дар асоси ҳуччатҳои зерин пайдо мегардад:

-      шартномаи истифодаи намудҳои муайяни захираҳои чангал дар қитъаҳои замини фонди давлатии чангал, ки ба шахсони воқей ва ҳуқуқй барои истифодабарй вобаста карда шудааст;

-      шартномаи истифодаи чангал дар заминҳои фонди давлатии чангал, ки шартҳои он аз тарафи чангалдори давлатй ва истифодабарандаи чангал муайян карда шудаанд;

-      чиптаи чангал, ки чангалдори давлатй ҳар сол ба истифодабарандаи чангал дар асоси шартномаи ҳуқуқи истифодаи захираҳои дар шартнома муайянгардидаи чангал медиҳад.

Моддаи 51. Ҳук;ук ва ӯҳдадориҳои истифодабарандаи чангал

1.     Истифодабарандаи чангал ҳуқуқ дорад:

-      қитъаҳои фонди давлатии чангалро, ки дар ҳуччатҳои ичозатдиҳй нишон дода шудаанд, истифода барад;

-      оид ба ҳолати фонди давлатии чангал маълумот гирад;

-      товони зарареро, ки дар натичаи аз ӯ барои эҳтиёчоти давлатй гирифтани заминҳои фонди давлатии чангал расонида шудааст, талаб намояд.

2.     Истифодабарандаи чангал ӯҳдадор аст:

-      ба расонидани зарар ба муҳити зист ва саломатии аҳолй роҳ надиҳад;

-      корҳои пешгирии эрозияи заминро, ки ба ҳолат ва барқароркунии чангал, инчунин ба ҳолати объектҳои об ва дигар объектҳои табий таъсири манфй мерасонад, бо усулу воситаҳое, ки олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳоро нигоҳ медоранд, ичро намояд;






-     дар қитъаҳои фонди давлатии чднгали чудогардида қоидаҳои бехатарии сухторро риоя намояд ва дар ҳолати сар задани сухтор барои хомуш намудани он чора андешад;

-     дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ба пешгирии дарахтбурии ғайриқонунй, худсарона ҷамъоварй намудани захираҳои табиии ҷангал ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намояд;

-     маблағи истифодаи ҷангалро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт пардохт намояд;

-     талаботи беҳтар кардани ҳолати санитарии ҷангалро иҷро намояд;

-     ба ҷангалдорони давлатй аз пайдо шудани ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои дарахту буттаҳо дар ҷангалзорҳои ба онҳо вобастабуда хабар диҳад ва чораҳои рафъи онҳоро андешад;

-     ҳуқуқи дигар истифодабарандагони ҷангалро маҳдуд накунад;

-     дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд. Моддаи 52. Хуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ҳуқуқи истифодаи чяигял

1.      Хуҷҷатҳои асосии иҷозатдиҳй ба истифодаи ҷангал чиптаи ҷангал, иҷозатнома дар бораи истифодаи объектҳои олами набототу ҳайвонот мебошанд.

2.      Чиптаи ҷангал барои ҳуқуқи дарахтбурии асосй, дарахтбурии фосилавй, истифодаи захираҳои ҷангал (алафдаравй, чарондани чорво, ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра) дар доираи меъёрҳои муайян барои як сол дода мешавад.

3.     Хуҷҷатҳои иҷозатдиҳй ҳар сол дар асоси шартномаи истифодаи ҷангал ва ё барои як мавсим бидуни шартнома дода мешаванд. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳй танҳо барои истифодабарии ҷангал дар қитъаҳо ё ба захираҳое дода мешаванд, ки истифодабарандаи дигари дорои ҳуқуқи истифодабарй дар асоси шартномаи истифодаи ҷангал ё шартномаи идоракунии муштараки ҷангал надорад.

4.      Варақаи чиптаи ҷангал, роҳхати шикор ва иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирй ба шумор мераванд ва тартиби баҳисобгирй, нигоҳдорй ва додани онҳоро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал муқаррар менамояд.

Моддяи 53. Асосхри боздоштан ва ё қатъ гардқдани қуқуқи истифодяи ҷангал

1.     Хуқуқи истифодаи ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал дар ҳолатҳои зерин боздошт ва ё қатъ карда мешавад:

-     аз эътибор соқит гардидани чиптаи ҷангал ва шартномаи истифодаи ҷангал;

-     бекоркунии шартнома оид ба истифодабарии ҷангал;

-     талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ва дигар қонунҳоро риоя накардани истифодабаранда;

-     иҷро накардани шартҳои шартнома аз тарафи истифодабарандаи ҷангал;

-     роҳ додан ба вайронкунии қонунгузории ҷангал, ки сабаби бад шудани ҳолати ҷангал гардидааст, кам шудан ва осеб расонидан ба захираҳои ҷангал, олами набототу ҳайвоноти қитъаи ба истифода вобаста кардашуда;

-     ихтиёрй даст кашидани истифодабарандаи ҷангал аз ҳуқуқи истифодаи ҷангал;






-     гузаштани мӯҳлати шартномаи истифодаи чднгал;

-     барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқй-истифодабарандаи ҷангал;

-     мунтазам (ду маротиба ва зиёда аз он) риоя накардани қоидаҳои истифодабарии ҷангал ва мӯҳлати муқарраргардидаи пардохти маблағ барои истифодабарии ҷангал;

-     гирифтани замини фонди давлатии ҷангал барои эҳтиёчрти давлатй;

-     дигар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй шудаанд.

2.      Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чангал дар заминҳои фонди давлатии чангал истифодабарандаро барои вайрон кардани қонунгузории чангали Ҷумҳурии Точикистон дар давраи истифодабарии қонунии чангал аз чавобгарй озод намекунад.

Моддаи 54. Будубоши шахсони воқей дар худуди фонди давлатии ҷангал

1.      Шахсони воқей ҳуқуқ доранд, ки ба ҳудуди фонди давлатии чангал бо мақсади истироҳат, иштирок намудан дар чорабиниҳои фарҳангй, солимгардонй, фароғатй, сайёҳй ва варзишй, чамъоварии мевачот ва растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва дигар захираҳои чангал барои эҳтиёчоти худ ворид шаванд.

2.      Ҷамъоварии мевачот ва растаниҳои худруйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва дигар захираҳои чангал барои эҳтиёчоти шахсй бе пардохт дар мӯҳлатҳои муайянгардида, дар ҳачм ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, дар асоси қоидаҳои тасдиқнамудаи Хукумати Ҷумҳурии Точикистон ичозат дода мешавад.

3.      Будубоши шахсони воқей дар ҳудуди фонди давлатии чангал ва чамъоварй намудани мевачот ва растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва дигар захираҳои чангал дар ҳолатҳои зерин маҳдуд карда мешавад:

-     ба манфиати ҳифзи саломатии аҳолӣ;

-     таъмини бехатарй аз сӯхтор дар чангалҳо;

-     ба ташкилоти хочагии чангал чудо намудани қитъаҳои чангал барои тайёркунии мевачот ва растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра;

-     чудо намудани қитъаҳои чангал барои ичрои корҳои илмию тадқиқотй;

-     ба мақсадҳои таъмини мавзеъҳои паҳншавии олами ҳайвонот.

4.      Шахсони воқей ӯҳдадоранд, ки дар ҳудуди хочагии чангал қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд, ба шикастан ва буридани дарахтон ва буттаҳо, осеб расонидан ба ниҳолҳои чангал, ифлос кардани чангалҳо, вайрон намудани лонаи паррандагон ва чои зисти олами ҳайвонот роҳ надиҳанд, маҳсулоти худрӯй ва ғизоии чангал, гиёҳҳои шифобахшро дар мӯҳлатҳои муайянгардида ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, чамъоварй намоянд.

БОБИ 12. ИСТИФОДАБАРИИ ФОҚДИ ҶАНГАЛ



Моддаи 55. Истифодабарии фонди чангал

Фонди чангал барои истифодабарй ба шахсони воқей ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон дода мешаванд. Тартиби чудо намудани заминҳои фонди чангалро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон муайян менамоянд.

Моддаи 56. Намудқои истифодабарии фонди чангал



1. Фонди давлатии чангалро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:






тайёр намудани чуб ва ҳезум;



-      истифодабарии ғайриасосии ҷангал - алафдаравй, чаронидани чорво, ҷойгир кардани қуттиҳои занбури асал, парвариши тухмй ва ниҳолҳо, тайёр ва ҷамъоварй намудани мевачрт ва растаниҳои худруйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра;

-      ичрои корҳои илмию тадқиқотй, чорабиниҳои фарҳангию истироҳатй ва сайёҳиву варзишй;

-      истифодабарии заминҳои фонди ҷангал барои ҳоҷагиҳои шикорй.

2. Истифодабарии заминҳои фонди давлатии ҷангал барои сохтмони инфрасохтори сайёҳй, иншооти минтақаҳои фароғатию истироҳатй ва табобатй, инчунин ташкили шикоргоҳҳо тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Чумҳурии Точикистон ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 57. Дарахтбурии асосй ва фосилавй

1.     Дарахтбурии асосй бо мақсади тайёр намудани чуб ва ҳезум дар чойҳои махсуси ба ин мақсад чудогардидае, ки дар нақшаи идоракунии хочагии чангал муайян шудааст, амалй карда мешавад.

2.     Дарахтбурии фосилавй бо мақсади ба тартиб даровардан ва солимгардонии чангалҳо амалй карда мешавад.

3.     Дарахтбурии асосй ва фосилавй дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал сурат мегирад.

Моддаи 58. Мақдуд намудани истифодабарии чангал

1.     Дар чангалҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шудаанд, ба монанди мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳои табий, чангалҳои ёдгории табий ва таърихй, чангалҳое, ки дар онҳо корҳои илмию тадқиқотй ва тухмипарварй ба роҳ монда шудааст, корҳои хочагидорй ва истифодабарй маҳдуд карда мешаванд.

2.     Тартиби истифодабарии чангалро дар чангалҳои номбаршуда мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал муайян мекунад.

Моддаи 59. Алафдаравй ва чаронидани чорво дар чангал

1.     Заминҳои фонди давлатии чангалро, ки дар онҳо имконияти алафдаравй ва чаронидани чорво мавчуд аст, дар асоси нақшаи идоракунии хочагии чангал ташкилотҳои хочагии чангал ба шахсони воқей ва ҳуқуқй барои истифодабарй чудо мекунанд. Дар қитъаҳои муштараки идоракунии ҷангал ҷойҳои алафдаравй ва чаронидани чорво бо нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал (нақшаи идоракунй) муқаррар карда мешаванд.

2.     Мавзеъҳои алафдаравй ва чаронидани чорво дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ба шахсони воқей ва ҳуқуқй дар асоси аризаи онҳо тибқи шартнома ба мӯҳлати муайян вобаста карда мешаванд.

3.     Аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва ҷангалзор, ки метавонад ба сабзиши ниҳолҳои ҷангали ба таври сунъй бунёдшуда ва табий зарар расонад, манъ аст.

4.     Чаронидани чорво ва алафдаравй дар заминҳои фонди давлатии ҷангал танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудонамудаи мақомоти хоҷагии ҷангал иҷозат дода мешавад.

Моддаи 60. Истифодаи заминқои фонди давлатии ҷангал бо мақсади иҷрои корқои илмию тадқиқотй

Барои иҷро кардани корҳои илмию тадқиқотй мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал қитъаҳои алоҳидаи замини фонди давлатии ҷангалро ба шахсони воқей ва ҳуқуқй, аз






чумла ба шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷи дар асоси шартнома ва ҳучдатҳои иҷозатдиҳи, ки Кодекси мазкур пешбини кардааст, чудо менамояд.

Моддаи 61. Истифодаи замииқои фодди давлатии чангал бо мақсади гузарони,дани чорабиниҳои фархднгиву солимгардонӣ, фароғатӣ, сайёқӣ ва варзиши

1.     Қитъаҳои замини фонди давлатии чангал бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳанги, солимгардони, фароғати, сайёҳй ва варзиши барои истифода ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар асоси шартнома бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур вобаста карда мешаванд.

2.      Истифодабарандагони чангал дар қитъаҳои замини вобасташудаи фонди давлатии чангал оид ба корҳои ободони ва фароғатию маиши, хизматрасонии аҳолй, бо назардошти шароити нигоҳдории муҳити чангал ва ландшафтҳои табии, риояи қоидаҳои зиддисӯхтори ва санитари чораҳо меандешанд.

Моддаи 62. Истифодаи ҷангал барои эҳгиёҷоти хочагии шикори

1.     Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал ҳуқуқ дорад олами ҳайвоноти фонди шикорро бо роҳи ташкили хочагиҳои шикори истифода барад.

2.     Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал барои эҳтиёчоти хочагиҳои шикори ба шахсони ҳуқуқи шикоргоҳҳоро барои истифодаи муваққати ва пешбурди хочагии шикор вобаста карда метавонад.

3.     Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хочагии чангал ва мақоми ҳудудии хочагии чангал гузаронидани чорабиниҳоеро, ки барои рушди хочагии шикор, ҳифзи ҳайвоноти фонди шикори, баҳисобгирии шумораи ҳайвоноти ваҳши заруранд, таҳти назорат мегиранд.

4.     Истифодаи қитъаҳои фонди давлатии чангал, инчунин шикори ҳайвонот барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи музднок мебошад.

5.      Истифодабарии чангал, гузаронидани дигар чорабиниҳои марбути хочагии чангал ва корҳои биотехники дар қитъаҳои фонди давлатии чангал, ки барои эҳтиёчоти хочагии шикори дода шудаанд, бояд бо фароҳам овардани шароити мусоиди зисти ҳайвоноти ваҳши сурат гиранд.

6.      Саршумори ҳайвоноти ваҳши дар чангал, дар доирае, ки суботи экосистемаро таъмин намояд, ба танзим дароварда мешавад.

ФАСЛИ IX. МЕХАНИЗМҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

БОБИ 13. ИҚТИСОДИЁТИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Моддаи 63. Механизмҳои иқтисодии идоракунии хоҷагии ҷангал

Механизмҳои иқтисодии идоракунии хочагиҳои давлатии чангал аз инҳо иборат аст:

-      банақшагирии чорабиниҳо оид ба ҳифзи чангалзорҳо аз нестшави ва барқароркунии онҳо;

-      маблағгузории хочагиҳои чангал тибқи меъёрҳо ва барномаҳои давлати, ки онҳоро Хукумати Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ намудааст;

-      пардохти ҳаққи истифодаи захираҳои чангал аз тарафи истифодабарандагони чангал;

-      ҳавасмандгардони барои васеъ намудани масоҳати заминҳои фонди давлатии чангал;

-      суғуртаи фонди давлатии чангал аз ҳолатҳои фавқулоддаи табии, сӯхтор ва ҳашароту зараррасонандагони дигар.



Моддаи 64. Пардохти маблағ барои истифодаи фонди давлатии чангал






1. Истифодаи захираҳои фонди давлатии ҷангал музднок мебошад.



2.     Музди истифодаи қитъаҳои фонди давлатии ҷангал аз ҳамаи намудҳои истифодабарии ҷангал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3.     Музди истифодабарии чднгал дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо назардошти фоидаоварии ҷангалҳо, сифат ва дастрас будани захираҳои ҷангал, бо нархи бозории маҳсулоти ҷангал муқаррар карда мешавад.

4.     Тартиби ҳисоб ва пардохти музди истифодабарии ҷангал мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Моддаи 65. Ҳякясмяндгардонии иқгисодӣ барои васеъ намудани майдони ҷангалзори Ҷум^урии Тоҷркистон

Ҳавасмандгардонии иқтисодй барои васеъ намудани масоҳати ҷангалзор бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

-      ба фонди заминҳои ҷангал гузаронидани заминҳои захираи давлатй ва заминҳои дигар категорияҳо, ки дар соҳаи кишоварзй истифода бурдани онҳо ғайриимкон аст;

-      ҳавасмандгардонй барои бунёди ҷангал ва плантатсияҳои махсуси ниҳолҳояшон зуд сабзишёбанда, бунёди ҷангалҳои агромелиоративй ва дигар минтақаҳои муҳофизатй тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-      ҳавасмандгардонй барои бунёди плантатсияҳои сермаҳсули мевадиҳанда ва ҷангалзорҳои плантатсионй бо мақсади таъминоти иқтисодиёти чумҳурй бо захираҳои чӯб ва дигар маҳсулоти истеъмолй;

-      муҳайё намудани шароити мусоид барои маблағгузорй кардани ходагии чангал;

-      ҳавасмандгардонй ба мақсади чалби шаҳрвандон барои барқароркунии чангал ба воситаи идоракунии муштараки чангал.

Моддаи 66. Сугуртакунонии масъулияти ҷангалдорони давлатй ва истифодабарандагони чангал

1.     Ҷангалдорони давлатй ва истифодабарандагони чангал дар қитъаҳои фонди давлатии чангал барои ҳифзи соҳибмулкон ҳангоми хатар аз рӯи ӯҳдадориҳои шартнома суғурта карда мешаванд.

2.     Суғуртаи чангалдорони давлатй ва истифодабарандагони қитъаҳои фонди давлатии чангал ихтиёрй мебошад.

3.     Тартиби суғуртакунонии ихтиёрии чангалдорони давлатй ва истифодабарандагони чангал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муайян карда мешавад.

-      пардохти ҳаққи истифодаи захираҳои чангал аз тарафи истифодабарандагони чангал;

-      ҳавасмандгардонй барои васеъ намудани масоҳати заминҳои фонди давлатии чангал;

-      суғуртаи фонди давлатии чангал аз ҳолатҳои фавқулоддаи табий, сӯхтор ва ҳашароту зараррасонандагони дигар.

БОБИ 14. МАБЛАҒГУЗОРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ



Моддаи 67. Сарчашмаҳои маблағгузорй барои пешбурди хочагии чангали фонди давлатии чянгял

Пешбурди хочагии чангал дар фонди давлатии чангал аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорй карда мешавад:

- бучети давлатй дар доираи барномаҳои дастгирии давлатии рушди соҳаи хочагии чангал;






хизматрасонии музднок ва фуруши маҳсулоти чднгал;



-       фуруши лавозимоти шикорй ва сайди мусодирашуда;

-       товони зарари ба ҷангал расонидашуда;

-       дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 68. Дастгирии давлатии молиявии хочдгии ҷангал

Дастгирии давлатии молиявии хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатй ба ичрои чорабиниҳои зерин равона карда мешавад:

-       корҳои чангалсозй, ҳисоботи фонди давлатии чангал, кадастр ва мониторинги чангал;

-       чорабиниҳои ҳифзи чангал аз сухтор, муҳофизат аз ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои дарахтон;

-       ичрои корҳои илмию тадқиқотй, чустучӯй, лоиҳакашй дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии фонди чангал;

-       ичрои корҳои селексионй ва тухмипарварй;

-       тайёр намудани кадрҳои хочагии чангал ва шикор;

-       чорабиниҳо оид ба ҳифзи чангал аз дарахтбурии ғайриқонунй ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-       бунёд ва барқароркунии чангал;

-       сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилии чангал, сохтмони иморату иншоот барои хочагии чангал, харидани воситаҳои махсус;

-       чорабиниҳои биотехникй барои рушд ва афзоиши саршумори ҳайвоноти ваҳшй ва батартибдарории мавзеъҳои шикорй;

-       баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшй;

-       таъмини кормандони Нозироти ҳифзи давлатии чангал бо сарулибос ва лавозимоти хизматй.

БОБИ 15. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ



Моддаи 69. Ҳамкории байналмилали дар сохди хрфзу хдмоя, барқароркунп ва истифодаи устувори чангал

Ҳамкории байналмилалй дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунй ва истифодабарии устувори чангал дар асоси Кодекси мазкур ва принсипҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

БОБИ 16. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ



Моддаи 70. Намудқои вайронкунии қонунгузории чянгял

Вайрон кардани қонунгузорй дар соҳаи чангал аз инҳо иборат аст:

-       ғайриқонунй буридан, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба дарахту буттаҳои чангал то давраи аз сабзиш бозмондан;

-       несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба навниҳолҳои киштшуда ва кӯчатшуда дар хочагиҳои чангал ва ниҳолпарварй;






-      қасдан несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба фонди ҷангал бо роҳи оташ задан ва риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарй аз сӯхтор дар ҷангал;

-      хароб кардани алафзорҳо ва марғзори чорвочаронй дар заминҳои фонди чднгал;

-      худсарона даравидани алафҳо ва чарондани чорво дар ҳудуди фонди ҷангал;

-      худсарона ҷамъоварй ва тайёр намудани мевачрт, растаниҳои худрӯйи ғизой, гиёҳҳои шифобахш, техникй ва ғайра;

-      несту нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунанда ва огоҳкунанда дар қаламрави фонди давлатии ҷангал;

-      ғайриқонунй доштан, заҳмдор ё несту нобуд кардан ва нигоҳ доштани ҳайвонот дар муҳити ғайри озод, вайрон кардани лонаи паррандагон ва мавзеъҳои зисти ҳайвоноти ваҳшй;

-      осеб расонидан ба ҷангал бо обҳои ифлос, маҳлулҳои химиявй, партовҳои саноатй ва коммуналй, ки ба хушкшавй ва ё ба касалшавии дарахтони чднгал оварда мерасонанд;

-      несту нобуд кардани олами ҳайвоноти ба ҷангал фоидаовар;

-      худсарона ишғол намудани заминҳои фонди чднгал.

Моддаи 71. Ҷуброни товони зарари ба хочагии чянгял расонидашупа

Шахсони воқей ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки товони зарари ба фонди чангал ва шикор расонидашударо аз рӯи тартиб ва меъёри муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумҳурии Точикистон чуброн намоянд.

Моддаи 72. Халли баҳсхр оид ба ҳангал

Баҳсҳо байни шахсони воқей ва ҳуқуқй вобаста ба талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 73. Ҷавобгарй барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқей ва ҳуқуқй барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ба чавобгарй кашида мешаванд.

Моддаи 74. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Чумқурии Тоқикистон

Кодекси чангали Ҷумҳурии Точикистон, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 24 июни соли 1993, №770 қабул карда шудааст (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, с. 1993, №13, мод. 243; Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, с. 1997, №9, мод. 117; с. 2008, №1, қ. 2, мод.17; №6, мод.464): аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 75. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон ш. Душанбе



2 августи соли 2011 № 761






КАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶАИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Дар бораи қабул намудани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Мачдиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.     Кодекси чангали Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2.      Карори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи ба амал баровардани Кодекси чангали Ҷумҳурии Точикистон" аз 24 июни соли 1993, №770 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон, с. 1993, №13, мод. 244) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Ш. Зухуров ш. Душанбе, 22 июни соли 2011, № 487

КАРОРИ МАҶАИСИ МИААИИ МАҶАИСИ ОАИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Дар бораи Кодекси чангали Ҷумҳурии Точикистон

Мачдиси миллии Мачдиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Кодекси чангали Ҷумҳурии Точикистонро баррасй намуда, қарор мекунад:

Кодекси чангали Чумҳурии Точикистон чонибдорй карда шавад.

Раиси

Мачдиси миллии Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон М. Убайдуллоев ш. Душанбе, 21 июли соли 2011 № 209



 


Файл:  Загрузить

Бозгашт