| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

Water Code of the Republic of Tajikistan


КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 2020 № 1596 қабул карда шуд.



Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 марти соли 2020 № 756 ҷонибдорӣ карда шуд.



Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани об ва объектҳои об танзим намуда, ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагони об равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАР РАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- захираҳои об - обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд ё истифода шуда метавонанд;

- заҳобҳо - обҳое, ки бо иншооти заҳкаш ҷамъ оварда шуда, ба объектҳои об партофта мешаванд;

- идоракунии захираҳои об - маҷмӯи чорабиниҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои таъминкунандаи банақшагирии самаранок, идоракунии устувор, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, инчунин ҳифзи маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои кишоварзӣ, ҳудудҳои саноатӣ ва ҳама намуди моликият аз таъсири манфии обҳо;

- идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об - низоми идоракунии захираҳои об, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва баргарданда) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои табии дигари ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблаггузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;

- иншооти хоҷагии об - иншооти муҳандисӣ ва дастгоҳҳое, ки барои гирифтан, интиқол, коркарди об, рафъи обҳои партов, танзими ҷараёни об, талаботи киштигардӣ, ҳифзи об ва пешгирии таъсири манфии об пешбинӣ шудаанд (иншооти обгирӣ, каналҳо, сарбандҳо, саддҳо, дарготҳо, гидроузелҳо,






пойгоҳҳои обкаши, иншооти оббар, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншооти муҳандисИ ва дастгоҳҳои ба онҳо ҳаммонанд);

-   истифодабарандаи об - шахси воқеИ ё ҳуқуқИ, ки обро бо тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ мегирад;

-   истифодаи объектҳои об - истифодаи объектҳои об бо усулҳои гуногун барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеИ ва ҳуқуқИ;

-   қабати обдор - қабати обгузари ҷинсҳои кӯҳии якҷинса ва ё аз рӯи хосиятҳои фатсиалию литологИ ва гидрогеологИ ба ҳам наздик, ки ковокиҳои онҳо (масома, тарқишҳо) бо обҳои гравитатсионИ пур гардидаанд;

-   коҳишёбии обҳо - камшавии мунтазами захираҳои обИ ва бад гардидани сифати обҳои рӯизаминИ ва зеризаминИ;

-   қитъаи хоҷагии об - қисми ҳавзаи дарё, ки тавсифи имкониятдиҳандаи муайян намудани меъёри (лимити) ҷамъоварии захираҳои об аз объекти об ва дигар нишондиҳандаҳои истифодаи объекти обро доро мебошад;

-   майдони обҷамъшаванда - ҳудуде, ки ҷараёни оби он объекти обро ба вучуд меорад;

-   манбаи таъмини оби нӯшокИ - обҳои табиИ (рӯизаминИ ва зеризаминИ), ки баъди коркарди мувофиқ ва ё бе коркард барои таъмини оби нӯшокИ истифода мешаванд;

-   марзобгоҳ (акватория) - фазои обИ, ки бо сарҳади табиИ, сунъИ ва (ё) шартИ маҳдуд шудааст;

-     минтақаи маҳдуд - ҳудуде, ки дар он иншооти дохилихоҷагии хоҷагии об ҷойгиранд;

-     нақшаи ҳавзавИ оид ба идоракунии захираҳои об - ҳуччате, ки баҳодиҳии ҳолати мавчудаи ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди соҳаҳои иқтисодии истифодабарандаи оби ҳавзаҳо, талаботи онҳо ба захираҳои об дар дурнамоҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддатро бо мақсади таъмини рушди устувор дар бар мегирад;

-   оби нӯшокИ - обе, ки аз чиҳати сифат ва бехатарИ дар ҳолати табиИ ё баъди коркард (тозагардонИ, безараргардонИ, илова намудани моддаҳои кимиёвИ) ба талаботи меъёрии муқарраршуда чавобгӯ буда, барои нӯшидан, тайёр намудани хӯрок, эҳтиёчоти дигари хочагидорию маишии аҳолИ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворИ истифода мешавад;

-   обҳои рӯизаминИ - обҳое, ки доимИ ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминИ қарор доранд;

-   обҳои зеризаминИ - обҳое, ки дар қабати чинсҳои кӯҳии қисми болоии қишри замин дар ҳолати моеъ, сахт ва газИ чойгир шудаанд;

-     обҳои партов - обҳо ва боришоти атмосферИ, ки хосияташон дар натичаи фаъолияти инсон бад гардидааст ва аз ҳудуди корхонаҳои саноатИ, заминҳои кишоварзИ ва маҳалҳои аҳолинишин тавассути шабакаи рафъи обҳои партов, заҳкаш ва ё тариқи худчорИ ба ҳавзобаҳо партофта мешаванд;






-   объекти об - махзани табиӣ ё сунъии об, обрав ё дигар объекти ҷамъшавии доимӣ ва ё муваққатии об, ки дар он намуд ва нишонаҳои хоси реҷаи обӣ вуҷуд доранд;

-   обгирҷо - ҷамъоварӣ ва ба мачрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади пурра истифода бурдан ва ҳифзи онҳо аз ифлосшавӣ;

-   низоми хоҷагии об - маҷмӯи иншооти хоҷагии оби ба ҳам пайваст, ки барои таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об пешбинӣ гардидаанд;

-   таъсири манфии обҳо - шусташавӣ, фарсоиш (эрозия), зериобмонӣ, вайроншавии соҳилҳои объектҳои об, ботлоқшавӣ ва дигар таъсири манфӣ ба ҳудуди муайян ва объектҳо;

-   ҳавзаи дарё - ҳудуди ҷугрофии ташаккулёбии захираҳои об, ки бо сарҳадҳои ҳавзаи обҷамъкунӣ муайян гардида, обҳои рӯизаминӣ ва макони умумии резиши онҳоро дар бар мегирад;

-   ҳавзаи обҳои зеризаминӣ - маҷмӯи қабатҳои обдор, ки дар зери замин ҷойгиранд;

-   ҳадди ниҳоии имконпазири партофти обҳои партов - миқдори ниҳоии имконпазири моддаҳо дар обҳои партов, ки бо реҷаи муайяншуда дар нуқтаи муайян, дар воҳиди вақт бо мақсади таъмини меъёри сифати об дар нуқтаи назоратӣ партофта мешавад;

-   ҳифзи объектҳои об - маҷмӯи чорабиниҳо, ки ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои об нигаронида шудаанд;

-   экосистемаи обӣ - низоми ҳамбастаи организмҳои зинда ва муҳити зисти табиии онҳо дар объекти об, ки дар он мубодилаи давравии моддаҳои минералӣ, органикӣ ва энергия ба вучуд меояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об аз батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба об бо мақсади таъмини идоракунии устувор ва истифодаи самараноки об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва коҳишёбӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, беҳтар намудани вазъи объектҳои об, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар муносибатҳои об иборат мебошанд.






Моддаи 4. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об

Қонунгузории Қумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-   баинобатгирии аҳамиятнокии объектҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт ва фаъолияти инсон;

-   моликияти давлатӣ будани захираҳои об;

-   истифодаи мақсадноки объектҳои об ва захираҳои об;

-   афзалиятнокии истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ, хоҷагию маишии аҳолӣ;

-   идоракунии ҳавзавии захираҳои об;

-   коҳишдиҳӣ ва пешгирии ифлосшавии захираҳои об;

-   иштироки тарафҳои манфиатдор дар таҳия ва қабули қарорҳо оид ба идоракунии захираҳои об;

-   баробарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи объектҳои об;

-   истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об;

-   ҳифзи захираҳои об;

-   роҳ надодан ба таъсири манфии аз меъёр зиёд ба муҳити зист ҳангоми истифодаи объектҳои об;

-   танзими муносибатҳо оид ба об вобаста ба хусусиятҳои табиии объектҳои об;

-   танзими истифодаи захираҳои об аз объектҳои об дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об;

-      чорӣ намудани технологияҳои нав ва муосири сарфакунандаи об, воситаҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодаи об;

-   ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои истифодаи сарфакоронаи

об;

-   баҳисобгирии арзиши иқтисодии захираҳои об;

-   чуброни зарари ба объекти об расонидашуда;

-      ҷуброни хароҷот барои тозакунии объекти оби ифлосгардида.

Моддаи 5. Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - фонди давлатии об) маҷмӯи ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо мавҷудбударо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заминҳои ишголнамудаи онҳо бо минтақаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.

Моддаи 6. Объектҳои об

1. Объектҳои об ба объектҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ чудо карда мешаванд.






2. Объектҳои оби рӯизаминӣ аз обҳои рӯизаминӣ ва заминҳои фарогирифтаи онҳо дар ҳудуди хатти соҳилӣ иборат мебошанд. Ба объектҳои оби рӯизаминӣ дохил мешаванд:

-    обравҳо (дарёҳо, сойҳо, каналҳо);

-    ҳавзобаҳо (кӯлҳо, толобҳо, карйерҳо, обанборҳо, селпарто);

-    ботлоқҳо;

-       баромадгоҳҳои табиии обҳои зеризаминӣ (чашмаҳо, гармчашмаҳо);

-    пиряхҳо, барфтӯдаҳо.

3. Ба объектҳои оби зеризаминӣ дохил мешаванд:

-    ҳавзаҳои обҳои зеризаминӣ;

-    қабатҳои обдори замин.

4.    Сарҳади объектҳои обҳои зеризаминӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Заминҳои фонди давлатии об

1. Заминҳои фонди давлатии об моликияти давлатӣ буда, аз заминҳои ишғолнамудаи объектҳои оби рӯизаминӣ, иншооти хоҷагии об ва заминҳои барои минтақаҳои ҳифзи обӣ чудокардашуда иборат мебошанд.

2.    Қитъаҳои замини фонди давлатии об метавонанд тибқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти истифодабарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор гиранд.

3. Истифодаи гайримақсадноки заминҳои фонди давлатии об, ки ба ҳолати онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.

Моддаи 8. Ҳуқуқи моликият ба об

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи моликияти истисноии давлат будани обро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 9. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои об

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқи истифодаи объектҳои обро ба даст меоранд.

Моддаи 10. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд

1. Номгӯи иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.






2.    Ба иҷора, консессия ё идоракунии хусусӣ додан ва хусусигардонии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, манъ аст.

3.    Реҷаи кор, тартиби ҳифз ва мониторинги бехатарии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, новобаста ба шакли моликият, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

4.    Маблаггузории нигоҳдорӣ ва истифода, ҳифз ва мониторинги бехатарии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, бо тартиби афзалиятнок анҷом дода мешавад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДА

ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

Моддаи 11. Мақомоти давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об

Танзими давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

- Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

-      мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

- мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- дигар мақомоти давлатӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:

- таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифода, ҳифз ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;

- таҳия, қабул ва татбиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди давлатӣ дар соҳаи захираҳои об, нақшаҳои ҳавзавӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо вобаста ба идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди низоми ҷамъиятии таъмини об ва рафъи обҳои партов, пешгирӣ, коҳишдиҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои






фавқулодаи марбут ба об, ҳифзи минтақаҳо аз таъсири зараровари об, садамаҳои бузург, ҳифз ва нигоҳдории экосистемаи обӣ;

-   муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода;

-   ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо, новобаста ба шакли моликият, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯии об;

- тасдиқ ва тагйир додани сарҳадҳои минтақаҳои ҳавзавӣ;

-      танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарофаҳои хизмати обрасонӣ;

-      танзими масъалаҳо марбут ба истифодаи муздноки объектҳои об;

- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;

-   муайян намудани манбаъ ва тартиби маблаггузорӣ барои нигоҳдошт ва истифодаи иншооти давлатии хоҷагии об;

- таъсис ва барҳам додани Шӯрои миллии об;

-      рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;

- идоракунии Фонди давлатии об ва иншооти хоҷагии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд;

-   амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 13. Ваколатдои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дохил мешаванд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи истифодаи захираҳои об ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;

- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар бораи об;

-      таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунанда дар соҳаи истифода ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;

-   ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи захираҳои об, инчунин бахш ва дигар сохторҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалие, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди ӯумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои об алоқаманд буда, қисман ё пурра аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ маблаггузорӣ карда мешаванд;

- ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар асоси тақсимоти оқилонаи захираҳои об байни соҳаҳои иқтисодиёт;






-   таҳия намудани лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи захираҳои об бо чалби мақомоти манфиатдори давлатӣ;

-   ташкили таҳияи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об, нақшаҳои мавсимӣ ва солонаи тақсимоти захираҳои об ва тавозуни хоҷагиҳои об;

-   мониторинги ичро ва риояи нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об, инчунин нақшаҳои мавсимӣ ва солонаи тақсимоти захираҳои об муқаррар гардидаанд;

-   таҳия ва тасдиқи қоидаҳои истифодабарии обанборҳои дорои таъиноти маҷмӯӣ, инчунин танзими ҷараёни дарёҳо тавассути обанборҳо;

-   пешбурди баҳисобгирии меъёри обгирӣ аз объектҳои об барои соҳаҳои иқтисодиёт;

-   амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи об аз объектҳои об, пешбурди кадастри давлатии об дар самти истифодаи об аз объектҳои об ва пешбурди кадастри ягонаи давлатии об бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-   аз истифодабарандагони об ва мақомоти давлатӣ ба таври ройгон гирифтани маълумоте, ки барои ичрои вазифаҳои ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об вогузоршуда зарур мебошад;

-   таҳия ва амалигардонии тадбирҳо доир ба беҳтар намудани ҳолат ва пешгирии коҳишёбии захираҳои об, огоҳнамоӣ дар бораи таъсири зараровари об якҷоя бо мақомоти манфиатдор;

-   ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ марбут ба истифода ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;

-   ташкил ва пешбурди махзани маълумот ва низоми миллии иттилоотии об;

-   амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 14. Ваколатдои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:

-   татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои об, идоракунии обуҳавошиносӣ, гуногунии биологӣ ва тагйирёбии иқлим;

-   назорати давлатӣ оид ба дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии истифодаи захираҳои об ва партофти моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

-   назорати давлатӣ оид ба мавҷудият ва ичрои шартҳои ичрзати истифодабарии махсуси об;






-    назорати давлатии риояи чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-    назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва ба истифода додани корхонаҳои нав ва тачдидшуда, иншоот ва дигар объектҳо, қаъркоркунӣ, пармакунӣ, хобонидани ноқил, лӯла ва дигар коммуникатсияҳои ба ҳолати муҳити об таъсиркунанда;

-    назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи экологии истифодаи шабакаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, кӯл ва дигар ҳавзобаҳои ба сифати обанборҳо истифодашаванда;

-    назорати давлатии ичрои чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани партовҳои обии садамавию якбораи моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об ва рафъи оқибатҳои он;

-    бо тартиби муқарраргардида тасдиқи меъёри ҳадди имконпазири гилзат (консентратсия)-и моддаҳо дар объектҳои об ва тасдиқи ҳадди ниҳоии имконпазири партофти обҳои партов ба объектҳои об;

-    бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон боздошт ва ё манъ намудани партофти моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити табиӣ, ки бо вайрон кардани шарту талаботи пешбинишуда бо иҷозати истифодаи махсуси об ҳосил шудаанд;

- бо тартиби муқарраршуда мувофиқа намудани ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ичрои корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, корҳои таркишӣ ва дигар намуди корҳо дар объектҳои об ва ё минтақаҳои наздисоҳилии ба ҳолати захираҳои табиӣ таъсиркунанда;

- ташкил ва гузаронидани мониторинги захираҳои об, пешгӯӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи захираҳои об, аз чумла пиряхҳо ва кӯлу обанборҳо;

- таҳия ва амалӣ намудани барнома, стратегия ва нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи захираҳои об;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об;

-    ҳамоҳангсозӣ ва таъмини ичрои уҳдадориҳо тибқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои оби ӯумҳурии Точикистон;

- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва пешбурди кадастри давлатии об дар қисмати ташаккулёбии обҳои рӯизаминӣ ва сифати онҳо;

-    арзёбии таъсир ба муҳити зист ва ташхиси лоиҳаҳои сохтмони иншооти хочагии об;

- ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;






-   амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 15. Ваколатдои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:

-   татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

-   таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

-   дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ таҳия намудани лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

-   назорати таъмини бетаваққуфи таъмини оби нӯшокӣ аз системаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба истифодабарандагони об;

-   амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи оби нӯшокӣ ва сифати он;

-   баҳисобгирии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;

-   ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;

-   амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 16. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:

-   татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   бо чалби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳияи лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   мувофиқа намудани нақшаҳои истифодаи об бо тартиби муқарраргардида;

-   таъмини тақсимоти об ва обрасонии бетаваққуф аз системаҳои обёрӣ ба обистифодабарандагон мувофиқи шартномаҳои басташуда;






-   таъмини назорат вобаста ба кам кардани таъсири тағйир ёфтани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва шӯршавӣ дар заминҳои обёришаванда;

-      амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои об барои мақсадҳои обёрӣ ва партофти заҳобҳо ба объектҳои об;

-   ичрои тадбирҳои пешгирандаи сел, обхезиҳо, фарсоиши (эрозияи) замин ва тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунанда дар объектҳое, ки дар ихтиёраш қарор доранд;

-   ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   таҳия, тасдиқ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодаи иншооти хоҷагии об, ки дар тавозунаш қарор доранд;

-   тарҳрезӣ, сохтмони нав ва азнавсозии корхонаҳо ва иншооти хоҷагии об;

-   дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, пешгирӣ намудани фарсоиш (эрозия), шӯршавӣ ва таназзули замин;

-   ташкили гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   азхудкунии заминҳои нави обёришаванда;

-   таҳияи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва мувофиқа намудани андозаи тарофаҳо дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-      амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои об ва партофти обҳои партов дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;

-   ташкил ва пешбурди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба мелиоратсия ва обёрӣ;

-   амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 17. Ваколатдои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар соҳаи танзими истифода                    ва ҳифзи захираҳои об дохил

мешаванд:

-   мувофиқа намудани нақшаи солонаи гирифтани об аз манбаъҳои обҳои табобатӣ, маъданӣ ва гармчашма;

-   назорати давлатӣ оид ба дурустии коркарди конҳои обҳои маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма;

-   мувофиқа намудани нақшаи технологии коркарди обҳои минералӣ, табобатӣ ва лоиҳаҳои шартҳои иҷозатномавӣ барои






гирифтани иҷозатнома (иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин) ҷиҳати истифодаи обҳои зеризаминӣ (маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма), ҳамчунин бақайдгирии ин иҷозатномаҳо;

-   баррасӣ ва назорати супоридани ҳисоботи омории солона оид ба истифодаи обҳо (маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма) аз рӯи намунаи тасдиқгардида;

-     мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони партовгоҳҳо, толобҳои ҷамъкунанда, дажголҷамъкунакҳо ва иншооти дигари партофти партовҳои истеҳсолӣ;

-   баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани партовҳои обравҳои саноатӣ ва радиоактивӣ;

-   чудо кардани қитъаҳои кӯҳӣ барои партофтани обҳои партов;

-   амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:

-     бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии корҳо оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз чумла оид ба кофтани пармачоҳҳо барои об ва барои гӯронидани обҳои партови саноатӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

-   мувофиқа намудани лоиҳаҳои кофтани пармачоҳҳо барои об, ки аз чониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ омода гардидаанд;

-   мувофиқа намудани лоиҳаҳои чустучӯ, иктишоф ва сохтмони иншооти нави обгирӣ аз обҳои зеризаминӣ;

-     мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони партовгоҳҳо, толобҳоҳавзҳои обчамъкунанда, дажголчамъкунакҳо, майдонҳои таровишӣ ва дигар иншоот барои партофтани партовҳои истеҳсолӣ;

-   мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани обҳои партови саноатӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

-   назорати идоравии ҳифзи объектҳои обии зеризаминӣ аз коҳишёбӣ ва ифлосшавӣ;

-   пешбурди баҳисобгирии захираҳои тасдиқгардидаи обҳои зеризаминии истифодашаванда;

-   пешбурди баҳисобгирии пармачоҳҳои худчорӣ;

-   пешбурди кадастри давлатии об дар қисмати объектҳои оби зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ӯумҳурии Точикистон;

-   ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба истифодаи қаъри замин;






- амали намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинИ намудаанд.

Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ



Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатИ



дар соҳаи танзими истифода ва мешаванд:

ҳифзи

захираҳои

об

дохил

- муайян намудани самтҳои

асосии

истифода

ва

ҳифзи

объектҳои об дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор;



-    иштирок дар таҳияи нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифз ва беҳтар намудани вазъи объектҳои об, пешгирИ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, инчунин ифлосшавии об, барқарорсозии иншооти дар натиҷаи садама, обхезИ, сел ва дигар офатҳои табиИ зарардида;

- якҷоя бо дигар сохторҳои давлатИ таъсис додани низоми назорати хатари обхезиҳо ва низоми хабардоркунии пешакИ ва бартарафсозии обхезИ;

-    таъмини оби нӯшокИ, ҳифз ва рушди системаҳои мутамарказ, гайримутамарказ ва системаҳои тақсимоти оби нӯшокИ ба муштариён тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон;

- маҳалли ҷойгиршавИ ва ба истифода додани корхонаҳо, иҷрои корҳо дар объектҳои об ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилИ;

-    ҳамкорИ бо мақомоти ваколатдори давлатИ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;

- амалИ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинИ намудаанд.

Моддаи 20. Шӯрои миллии об

1. Шӯрои миллии об мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Ваколатҳои Шӯрои миллии об дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:

-    ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои бахши хусусИ ва гайридавлатИ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об;

- баррасИ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои дурнамои давлатИ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаи ҳавзавИ оид ба идораи захираҳои об ва нақшаи чорабиниҳо марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;






-     таҳлил ва арзёбии татбиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавӣ ва нақшаи чорабиниҳо марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

3.   Ба ҳайати Шӯрои миллии об роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, ки барои истифода ва ҳифзи захираҳои об масъуланд, шомил мегарданд. Ба ҳайати Шӯрои миллии об намояндагони ташкилотҳои гайридавлатӣ, мутахассисони алоҳида, олимон, коршиносони соҳаҳои захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёт шомил шуда метавонанд.

Моддаи 21. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об

1.   Идоракунии ҳавзавии захираҳои об дар доираи сарҳадҳои гидрографии ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии обии ба онҳо вобастабуда тибқи принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об амалӣ карда мешавад.

2.   Барои амалигардонии идоракунии ҳавзавии захираҳои об ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии обии ба онҳо вобаста ба минтақаҳои ҳавзавӣ ҳамчун воҳиди ҳудудии идоракунии захираҳои об тақсим карда мешаванд.

Моддаи 22. Минтақаҳои ҳавзавӣ

1.   Минтақаи ҳавзавӣ дар ҳудуди ӯумҳурии Тоҷикистон воҳиди асосии идоракунии захираҳои об буда, аз ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии оби ба он алоқаманд иборатанд.

2.   Дар ӯумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои ҳавзавии зерин муқаррар карда мешаванд:

- минтақаи ҳавзавии Сирдарё;

- минтақаи ҳавзавии Зарафшон;

- минтақаи ҳавзавии Панҷ;

- минтақаи ҳавзавии Вахш;

- минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон.

Моддаи 23. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо

1.   Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо ташкилотҳои масъул оид ба масъалаҳои ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, банақшагирии истифодаи захираҳои об, мониторинги истифодаи объектҳои об ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои ҳавзавӣ ба ҳисоб мераванд.

2.   Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ба ҳисоб мераванд.






Моддаи 24. Шуродои ҳавзавии дарёҳо

1. Бо мақсади мусоидат ба идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамоҳангсозии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳудуди минтақаҳои ҳавзавӣ шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳамчун мақомоти машваратию маслиҳатӣ ташкил карда мешаванд.

2. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавиро оид ба идораи захираҳои об баррасӣ ва мувофиқа менамоянд.

3.     Ба ҳайати шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дохил мешаванд.

4. Тартиби таъсис ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 25. Таҳия ва муқаррар намудани меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об

1. Нигоҳдории ҳолати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бо роҳи муқаррарсозӣ ва риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об таъмин мегардад.

2. Меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об дар асоси ҳадди имконпазири гилзат (консентратсия)-и моддаҳои кимиёвӣ, моддаҳои радиоактивӣ, микроорганизмҳо ва дигар нишондиҳандаҳои сифати об дар объектҳои об таҳия карда мешаванд.

3. Меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешаванд.

4. Миқдори моддаҳо ва микроорганизмҳо дар таркиби обҳои партови ба объектҳои об партофташаванда набояд аз меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об зиёд бошад.

Моддаи 2 6. Додани ҳуқуқи идоракунии иншооти хоҷагии оби дар моликияти давлатбуда ба шахсони воқеӣ ва қуқуқӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳуқуқи идоракунии иншооти хоҷагии обро, ки моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар минтақаи маҳдуд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шартнома, консессия, иҷора ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо дар назар доштани риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.






Моддаи 27. Назорати давлати дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об

1. Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мақсади аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя гардидани тартиби муқарраршудаи истифодаи объектҳои об, иҷрои уҳдадориҳо оид ба ҳифзи объектҳои об, огоҳкунӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии обҳо, инчунин талаботи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3.    Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3. ИШТИРОКИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ВА ШАХСОНИ
ВОҚЕӢ ДАР ТАТБИҚИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНА

ВА ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

Моддаи 28. Мусоидат ба мақомоти давлатИ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об

Ташкилотҳои гайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об ба мақомоти давлатӣ метавонанд мусоидат намоянд.

Моддаи 2 9. Тартиби иштироки ташкилотҳои ғайридавлатИ ва шахсони воқеИ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об

1.    Ташкилотҳои гайридавлатӣ дар фаъолияте, ки барои таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об равона гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома ё низомномаи худ иштирок менамоянд.

2.    Шахсони воқеӣ ба мақомоти давлатӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об тавассути иштироки бевосита дар гузаронидани чорабиниҳо, манзур намудани пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани истифода ва ҳифзи объектҳои об ва хабардор намудан оид ба қонунвайронкуниҳои ба онҳо маълум вобаста ба истифода ва ҳифзи объектҳои об мусоидат мекунанд.

3.      Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд, ки пешниҳодҳои ташкилотҳои гайридавлатӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об ба инобат гиранд.






БОБИ 4. БАНАҚШАГИРИ, БАҲИСОБГИРИ ВА МОНИТОРИНГИ
ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

Моддаи 30. Банақшагирии истифодаи захираҳои об

1.   Банақшагирии истифодаи захираҳои об бояд тақсимоти илман асосноккардашудаи обро байни истифодабарандагони об бо дар назар доштани дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оби нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, ҳифзи объектҳои об ва пешгирии таъсири зараровари он таъмин намояд.

2.   Ҳангоми банақшагирии истифодаи захираҳои об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об, инчунин меъёри обгирӣ аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.

Моддаи 31. Стратегияи миллии об

1.   Стратегияи миллии об самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо дар назар доштани дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.

2.   Стратегияи миллии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об бо чалби тарафҳои манфиатдор таҳия карда мешавад.

Моддаи 32. Мониторинги давлатии объектҳои об

1.   Мониторинги давлатии объектҳои об бо мақсади мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешгӯии тагйири ҳолати объектҳои об амалӣ карда мешавад.

2.   Нишондод ва маълумоте, ки дар натиҷаи мониторинги объектҳои об ба даст оварда мешаванд, ба низоми миллии иттилоотии об ва низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дохил карда мешаванд.

3.   Мониторинги давлатии объектҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 33. Низоми миллии иттилоотии об

1.   Низоми миллии иттилоотии об бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва расонидани иттилоот барои таъмини иттилоотии таҳияи сиёсати давлатӣ, дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, нақшаҳои ҳавзавӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо вобаста ба идора, истифода ва ҳифзи захираҳои об, қабули қарорҳои фаврӣ ва стратегӣ ва иттилоотонии ҷомеа дар соҳаи захираҳои об ташкил карда мешавад.

2.   Низоми миллии иттилоотии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ташкил, идора ва ҳамоҳанг мегардад.






3.   Барои худкоргардонии коркарди маълумот дар низоми миллии иттилоотии об рамзгузории объектҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4.   Ҳамаи истифодабарандагони об ва мақомоти давлатии дахлдор тибқи тартиб ва намунаи муқарраргардида ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоотро ба низоми миллии иттилоотии об ройгон таъмин менамоянд.

5.   Тартиби пешбурди низоми миллии иттилоотии об аз ҷониби Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

6.   Маблаггузорӣ вобаста ба нигоҳдории низоми миллии иттилоотии об аз ҳисоби бучети мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об амалӣ карда мешавад.

Моддаи 34. Тавозуни хоҷагии об

1.   Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо бо мусоидати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар тарафҳои дахлдор тавозуни хоҷагии обро тартиб медиҳанд.

2.   Тавозуни хоҷагии об, ки аз нигоҳи оморӣ мавҷудият ва дараҷаи истифодаи захираҳои обро арзёбӣ менамояд, вобаста ба ҳавзаҳои дарёҳо, зерҳавзаҳои дарёҳо, қитъаҳои хоҷагии об ва каналҳои калон тартиб дода мешавад.

3.   Тавозуни хоҷагии об бо тартибу услуби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об тарҳрезӣ карда мешавад.

Моддаи 35. Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.   Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - кадастри давлатии об) маҷмӯи мураттабгардонидашудаи маълумоти расмӣ оид ба ҳолати мавҷуда, истифода ва ҳифзи объектҳои об мебошад.

2.   Пешбурди кадастри давлатии обро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.

3.   Кадастри давлатии об қисми низоми миллии иттилоотии об ба ҳисоб меравад.

4.   Тартиби пешбурди кадастри давлатии обро Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 36. Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об

1.   Феҳристи давлатии иншооти хочагии об мачмӯи маълумоти мураттабгардонидашудаи шаҳодатномакунонии иншооти хочагии об ба ҳисоб меравад.

2.   Пешбурди феҳристи давлатии иншооти хочагии об аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об анчом дода мешавад. Ҳар як иншооти






хоҷагии об, ки ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудааст, бояд дорои тавсифи маҷмӯии дарбаргирандаи моҳияти ҳадафноки хоҷагидорӣ, нишондодҳои ҳуқуқӣ, табиӣ-ҷугрофӣ, гидрологӣ, гидрогеологӣ, техникӣ-иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳо бошад.

3.   Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об инчунин иншооти хоҷагии обро, ки аҳамияти махсуси стратегӣ доранд, дар бар мегирад.

4.   Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об қисми низоми миллии иттилоотии об мебошад.

Моддаи 37. Феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об

1.   Дар феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об бақайдгирии давлатии иҷозат барои истифодаи махсуси об, гузаштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оид ба иҷозат барои истифодаи махсуси об, инчунин қатъ намудани амали иҷозат барои истифодаи махсуси об анҷом дода мешавад.

2.   Пешбурди феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3 8. Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об

1.   Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об бо иштироки ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва дигар тарафҳои манфиатдор мутобиқи муқаррароти Стратегияи миллии об бо дар назар доштани барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал таҳия мегарданд.

2.   Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об бо истифода аз маълумоти низоми миллии иттилоотии об, нақшаҳои маҷмӯии мавҷудаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, тавозуни об, нақшаҳо, меъёри обгирӣ ва меъёрҳои истифодаи об таҳия мегарданд.

3.   Тартиби таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4.   Хароҷоти таҳияи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз ҳисоби бучети давлатӣ ва аз дигар сарчашмаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон манъ карда нашудаанд, амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ОБ

Моддаи 39. Истифодабарандагони об ва истифодаи объектҳои об






1.   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи обро ич;ро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

2.   Объектҳои обе, ки дар моддаи 6 Кодекси мазкур номбар гардидаанд, барои истифода дода мешаванд.

3.   Истифодаи объектҳои обро, ки дорои аҳамияти махсуси давлатӣ ё илмӣ ва арзиши фарҳангӣ мебошанд, Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон метавонад қисман ё пурра манъ намояд.

Моддаи 4 0. Намудҳои истифодаи об

Истифодаи об вобаста ба шартҳои додани объектҳои об барои истифода ба намудҳои зерин чудо карда мешавад:

- истифодаи умумии об;

- истифодаи махсуси об;

- истифодаи якҷояи об;

- истифодаи чудогонаи об.

Моддаи 41. Истифодаи умумӣ ва махсуси об

1.   Истифодаи умумии об аз объектҳои рӯизаминии об бе истифодабарии иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати объектҳои рӯизаминии об таъсир мерасонанд, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон, бидуни иҷозат ва ҳуччатҳои ҳуқуқмуайянкунанда амалӣ карда мешавад.

2.   Истифодаи махсуси об бо гирифтан ё бидуни гирифтани об

аз объекти об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо       обёридошта, ки дар       мачрои дарёҳо ва сойҳо    чойгир

нестанд) барои қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо истифодаи иншоот ё воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, дар асоси ичозат барои истифодаи махсуси об амалӣ мегардад.

Моддаи 42. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об

1.   Объектҳои    об метавонанд   таҳти истифодаи      якчоя ё

чудогона қарор гиранд.

2.   Истифодаи якчояи об дар объектҳои об ё қисмати онҳо, ки барои истифодаи чудогонаи об чудо карда нашудаанд, амалӣ мегардад.

3.   Истифодаи    чудогонаи об    метавонад      дар объектҳои

рӯизаминии об ё     қисми онҳо,     ки барои     қонеъ намудани

талаботи шахсони воқеӣ ва       ҳуқуқӣ дода шудаанд ва    таъмини

онҳо истифодаи объектҳои об ё қисми онро аз чониби дигар шахсони воқеӣ ва            ҳуқуқӣ истисно менамояд,    амалӣ гардонида

шавад.

4.   Объектҳои об ё қисми     он, ки барои истифодаи   шахсони

воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси      қарори мақоми дахлдори    давлатӣ

чудо карда шудаанд, таҳти истифодаи чудогона қарор доранд.






Моддаи 43. Истифодабарандагони аввалин ва дуюмини об

1.   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обро бевосита аз объектҳои

об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта, ки дар мачрои дарёҳо ва сойҳо ҷойгир нестанд) барои қонеъ намудани талаботи                   худ ё   барои интиқол   ба

истифодабарандагони         дуюмини          об        мегиранд,

истифодабарандагони аввалин мебошанд.

2.        Шахсони воқеӣ ва          ҳуқуқӣ, ки обро           аз

истифодабарандагони аввалин дар асоси шартнома мегиранд, истифодабарандагони дуюмини об мебошанд.

3.   Шартҳои истифодаи дуюмини об, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо бояд дар асоси шартномаи байни истифодабарандагони аввалин ва дуюмини об ба танзим дароварда шаванд.

БОБИ 6. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ

ОБЪЕКТҲОИ ОБ

Моддаи 44. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ додани объектҳои об

1.   Объектҳои об пеш   аз ҳама барои       қонеъ гардонидани

эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ ба истифода дода мешаванд.

2.   Истифодаи объектҳои об барои дигар мақсадҳо танҳо дар сурати кифоятии захираҳои об иҷозат дода мешавад.

Моддаи 45. Пардохт барои истифодаи объектҳои об

1.   Истифодаи умумии об дар ӯумҳурии       Тоҷикистон ройгон

мебошад.

2.   Истифодаи махсуси об бо мақсади истеҳсоли неруи барқи

обӣ ҳангоми иқтидори истеҳсолии объектҳои барқдиҳанда то 30000 киловатт/соат ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва ё оқибатҳои он, инчунин эҳтиёҷоти обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ мегардад ва киштигардӣ                 дар ӯумҳурии        Тоҷикистон ройгон

мебошад.

3.   Истифодаи махсуси   об дар ӯумҳурии Тоҷикистон, ба

истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур ва дар қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, музднок амалӣ гардонида мешавад.

4.     Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблагро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрии ҳуқуқии ӯумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 4 6. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

1. Ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи санадҳои меъёрие, ки аз тарафи мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ






муқаррар гардидаанд, инчунин        қоидаҳои таъмини       ҳифзи

саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ вобаста ба об, истифодаи оқилонаю ҳифзи обҳо ва дигар талаботҳо, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи                   танзими   истифода ва ҳифзи

захираҳои об қабул гардидаанд, ҳатмӣ мебошад.

2.   Бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи       танзими   истифода ва ҳифзи

захираҳои об,       мақоми ваколатдори    назорати    давлатии

тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии        аҳолӣ ва дигар мақомоти

дахлдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, шиноварӣ бо киштиҳои хурд ва обдиҳии чорво манъ аст, муқаррар намуда, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд.

3.       Мақомоти   ичроияи маҳаллии       ҳокимияти   давлатӣ

уҳдадоранд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи шартҳои барои истифодаи умумии об муқарраргардида хабардор намоянд.

Моддаи 47. Истифодаи умумии об дар объектҳои обе, ки ба истифодаи ҷудогонаи об дода шудаанд

1.   Дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогонаи об дода

шудаанд,   истифодаи    умумии об        дар асоси шартҳои

муқарраргардида барои истифодабарандагони аввалини об дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иҷозат дода мешавад, ҳангоми зарурат метавонад чунин истифодаи умумии об манъ карда шавад.

2.   Истифодабарандаи аввалини об уҳдадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об дар объектҳои рӯизаминии обҳо, ки ба ӯ барои истифодаи ҷудогона пешниҳод карда шудааст, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иттилоъ диҳад.

3.   Агар истифодабарандаи аввалини об оид ба шартҳо ё манъи истифодаи умумии об дар объекти оби ба ӯ барои истифодаи чудогона додашуда огоҳ накарда бошад, истифодаи умумии об бе маҳдудият иҷозатдодашуда эътироф карда мешавад.

Моддаи 48. Ичозат барои истифодаи махсуси об

1.   Истифодаи махсуси об дар асоси иҷозате, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад ва ҳангоми ҳолатҳои дар моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинигардида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мегардад.

2.   Додани иҷозат барои истифодаи махсуси об, ворид намудани тагйиру иловаҳо ба он, тамдиди муҳлат, қатъ кардани амали онҳо, додани дубликатҳо ва ба дигар шахсон гузаронидани ҳуқуқу уҳдадории истифодаи махсуси об аз тарафи мақоми дахлдори давлатӣ амалӣ карда шуда, тартиби он тибқи Кодекси мазкур, қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар






соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳи ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 49. Ичозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дода мешавад

1.   Иҷозат барои истифодаи объектҳои оби зеризаминие, ки

барои обтаъминкунии мутамарказ ба воситаи сохтани чоҳҳои зеризаминӣ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо истифода намегарданд, инчунин обгирҷои чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз ҷониби   мақомоти             иҷроияи маҳаллии ҳокимияти     давлатӣ,

мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дода мешавад.

2.   Иҷозат барои сохтани чоҳҳо ва обгирҷоҳо, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, дар заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии заминсозӣ дода мешавад.

3.      Истифодаи     махсуси об дар       ҳавзобаҳои   сарбаста

(норавон), инчунин дар рӯдҳо ва хушкрӯдҳо (хушк водиҳо), ки дар ҳудуди шаҳру          ноҳияҳо мавҷуданд, дар асоси       иҷозати

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳо додашуда амалӣ мегардад.

Моддаи 50. Ба истифодаи ҷудогона додани объектқои об

1.   Объектҳои об ба истифодаи чудогона ба таври пурра ё

қисман      дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ё мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.

2.   Дар қарор оид ба истифодаи чудогона додани объектҳои рӯизаминии об мақсад ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои рӯизаминии об нишон дода мешаванд.

Моддаи 51. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

1.   Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон объектҳои об ва ё қисми онҳоро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 39 ва моддаи 72 Кодекси мазкур барои истифодаи чудогона пешниҳод менамояд.

2.   Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифодаи захираҳои об истифодаи чудогонаи объектҳои обро (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта), ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон чойгиранд, ба истиснои ҳолатҳои бо қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида, пешниҳод менамояд.

3.   Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия истифодаи чудогонаи махзанҳои обии сарбастаро, ки дар ҳудуди шаҳр, ноҳия чойгиранд, дар мавриде пешниҳод






менамоянд, ки агар он ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонад.

Моддаи 52. Санадҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объектҳои об

1.     Ҳуқуқи истифодабарандагони об барои истифодаи

чудогонаи объекти об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими   истифодаи захираҳои об дар ҳолатҳои

муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 51 ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти            давлатии шаҳр ва          ноҳия дар ҳолатҳои

муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 51 дода мешаванд, тасдиқ мегардад.

2. Шакли намунавии санадҳои мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об таҳия ва тасдиқ менамояд.

Моддаи 53. Муҳлати истифодаи объектҳои об

1. Объектҳои об ба истифодаи доимӣ ё муваққатӣ дода мешаванд.

2. Истифодаи объектҳои обе, ки муҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст, истифодаи доимии объектҳои об дониста мешавад.

3.     Истифодаи муваққатии объектҳои об имкон дорад кӯтоҳмуҳлатпанҷ сол ва дарозмуҳлат - аз панҷ сол то бисту панҷ сол бошад. Ҳангоми зарурат муҳлатҳои истифодаи объектҳои об метавонанд ба давраҳое, тамдид карда шаванд, ки аз муҳлатҳои мутобиқан истифодаи кӯтоҳмуҳлат ё дарозмуҳлат зиёд нестанд.

4. Истифодаи умумии объектҳои об бо муҳлат маҳдуд карда намешавад.

БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ
ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

Моддаи 54. Ҳуқуққои истифодабарандагони об

Мувофиқи таъиноти мақсадноки пешниҳодшудаи истифодаи объекти об истифодабарандагони об бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- обро барои истифодаи минбаъдаи он гиранд;

-     оби гирифташударо ба истифодабарандагони дуюмини об интиқол диҳанд;

- объекти обро барои таъмини эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, фарогатӣ, талаботи кишоварзӣ, саноат, истеҳсоли неруи барқ, нақлиёт, моҳипарварӣ, моҳигирӣ, шикор ва дигар намуди эҳтиёҷот истифода намоянд;






-   иншооти хоҷагии обро бунёд намуда, азнавсози ва барҳамдиҳии онҳоро амалИ намоянд;

-       объектҳои обро барои истироҳат, гузаронидани чорабиниҳои варзишИ ва солимгардонИ, нигоҳдошти ҳолати хуби маҷмааҳои табиИ, инчунин анҷоми дигар амалҳое истифода намоянд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;

-     ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об муттаҳид гарданд;

-   ассотсиатсияи истифодабарандагони обро таъсис диҳанд;

-   маълумотро оид ба миқдор, сифат ва истифодаи захираҳои об дастрас кунанд;

-   дар идора ва банақшагирии захираҳои об иштирок намоянд;

-   аъзои шӯрои ҳавзавии дарё бошанд.

Моддаи 55. Маҳдудияти ҳуқуқҳои истифодабарандагони об

1.    Ҳангоми камобии истисноИ, ҳолатҳои садамавИ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, фавти ҳайвонот, масрафи аз меъёри муқарраргардида зиёди об, напардохтани ҳаққи хизматрасонИ оид ба обрасонИ ва дар дигар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатИ, аз ҷумла ҳифзи саломатии аҳолИ ва манфиатҳои дигар истифодабарандагони об ҳуқуқҳои истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Дар ин маврид ба бадтаршавии шароити истифодаи объектҳои об бо мақсади эҳтиёҷоти нӯшокИ ва маишии аҳолИ набояд роҳ дода шавад.

2. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми пешгирии таъсири ногувори об ва рафъи оқибатҳои он, ки таъсири зараровари обро ба вуҷуд меоранд, тибқи моддаи 87 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

3.    Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро барои истифодаи чудогонаи объектҳои об мақомоте, ки объекти оби мазкурро барои истифодаи чудогона додаанд, ҳуқуқи истифодаи махсуси обро мақомоте, ки барои истифодаи махсуси об ичозат додаанд ва ҳуқуқи истифодаи дуюмини обро истифодабарандаи аввалини об, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатИ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон метавонанд маҳдуд намоянд.

Моддаи 56. Уҳдадориҳои истифодабарандагони об

Истифодабарандагони об уҳдадоранд:

-   объектҳои обро танҳо бо он мақсадҳое, ки ба онҳо ин объектҳои об барои истифода дода шудаанд, истифода баранд;

-   объектҳои обро оқилона истифода намоянд, оид ба истифодаи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати об чораҳо андешанд;






-   ҷиҳати ба объектҳои об пурра қатъ намудани партофтани обҳои партов, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд, тадбирҳои имконпазирро андешанд;

-   ба вайрон кардани ҳуқуқҳои дигар истифодабарандагони об, инчунин расонидани зарар ба муҳити зист роҳ надиҳанд;

-   иншооти хоҷагии оби аз ҷониби онҳо истифодашавандаро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доранд;

-   ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт пардохт намоянд;

-     ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба садамаҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода маълумот диҳанд;

-   бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирии ҳаҷми гирифтани обро аз объектҳои об ва ҳаҷми партофтани обҳои партов, сифати онҳоро анҷом дода, инчунин ройгон ва дар муҳлати муқарраргардида натиҷаи чунин баҳисобгириро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об пешниҳод намоянд;

-     минтақаҳои ҳифзи обро бо риояи низоми истифодаи сарҳадҳо, агар онҳо таҳти истифодаи онҳо бошанд, дар ҳолати дахлдор нигоҳ доранд;

-   талабот ва шартҳои шартномаро оид ба истифодаи об, ки бо ташкилоти обрасон баста шудааст, риоя намоянд;

-     дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуданд, амалӣ намоянд.

Моддаи 57. Ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки чорабиниҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обро амалӣ мегардонанд

Тартиби ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки чорабиниҳои ба аҳолӣ фоиданокро оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи об амалӣ менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 8. АСОС ВА ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ

ИСТИФОДАИ ОБ

Моддаи 58. Асосҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи об

1.   Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об бо асосҳои зерин қатъ мегардад:

-   аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз

он;

-   ба охир расидани муҳлати амали ичрзат барои истифодаи махсуси об;

-   аз нав ташкил намудан ва ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;






-   ба дигар истифодабарандагон супоридани иншооти хоҷагии

об;

-     дар ҳолати ба миён омадани зарурати давлатии баргардонидани объектҳои об аз истифодаи махсус ва чудогонаи об;

-   зарурати азнавтақсимкунии обҳо барои истифодаи мувофиқи нақшаи мушаххаси ҳавзавӣ доир ба идораи захираҳои об;

-   муддати се сол истифода набурдани объекти об, ки барои истифодаи он иҷозат барои истифодаи махсуси об дода шудааст;

-   тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани дигар асосҳо.

2.   Ҳуқуқи истифодаи об (гайр аз ҳуқуқи истифодаи захираҳои об барои таъмини эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишӣ) аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инчунин дар мавриди вайрон кардани қоидаҳои истифода ва ҳифзи об ва ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст ва дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.

3.   Қарор оид ба қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи об аз тарафи истифодабаранда метавонад бо тартиби судӣ мавриди шикоят қарор гирад.

Моддаи 59. Тартиби қатъ гардидани қуқуқи истифодаи об

1.   Ҳуқуқи истифодаи об бо тартиби зерин қатъ мегардад:

-   бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об;

-   мусодираи объекти об, ки барои истифодаи чудогона дода шудааст.

2.   Қатъи истифодаи махсуси об бо қарори мақомоте, ки иҷозати онро додааст, амалӣ мегардад.

3.   Қатъи истифодаи дуюмини об бо қарори истифодабарандаи аввалини об амалӣ карда мешавад.

Моддаи 60. Гирифтани объектҳои об аз истифодаи ҷудогонаи об

1. Гирифтани объектҳои об аз истифодаи ҷудогона дар асоси қарори мақомоти давлатӣ, ки объектҳои обро тибқи моддаи 51 Кодекси мазкур барои истифодаи чудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад.

2.   Гирифтани объекти об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо тибқи қисми 4 моддаи 72 Кодекси мазкур амалӣ мегардад.

Моддаи 61. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ гардонидан ё тагйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудааст






Зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиуаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехникӣ ва монанди инҳо, ба истиснои ҳолатҳои садамавӣ ва алоқаманд бо офатҳои табиӣ), инчунин қатъ гардонидан ё тагйир додани шартҳои истифодаи об расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

БОБИ 9. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

Моддаи 62. Талаботи асосӣ оид ба истифодаи объектҳои об

1.   Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, тачдид ва истифодаи иншооти хоҷагии об бояд тадбирҳо оид ба ҳифзи объектҳои об, инчунин захираҳои биологӣ ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот пешбинӣ ва сари вақт амалӣ гардонида шаванд.

2. Ҳангоми истифодаи объектҳои об, ки ба низоми хоҷагии об дохил мешаванд, ба тагийр додани низоми обии ин объектҳо, ки ба халалдор гардидани ҳуқуқи дигар истифодабарандагон оварда мерасонад, роҳ дода намешавад.

3.   Корҳо вобаста ба тагйир ва ё бунёди ҳавзобаҳо ё обравҳои табиӣ танҳо бо шарти нигоҳ доштани ҳолати табиии бавуҷудоии он гузаронида мешаванд.

Моддаи 63. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ

1. Ҳар як шаҳрванди Ҳумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба оби бехатар ва тозаи нӯшокӣ ҳамчун ҷузъи таркибии амалисозии ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқ дорад.

2.   Барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ бояд объектҳои оби аз ифлосшавӣ ва олудашавӣ ҳифзгардида, ки мутобиқати онҳо барои ин мақсадҳо дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологӣ муайян мегардад, истифода карда шаванд.

3.   Барои объектҳои обе, ки барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода бурда мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.

4. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ чудо кардани замин барои ҳама намуди сохтмон мувофиқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва лоиҳаҳои минтақаи ҳифзи санитарии объекти об муқарраргардида манъ ва ё маҳдуд карда мешавад.

5.   Мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои мувофиқат накардани сифати об ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ уҳдадоранд,






чораҳоро ҷиҳати пешгири, боздоштан ва ё манъ кардани истифодаи ин объектҳои об андешанд.

6.    Истифодаи обҳои зеризаминии дорои сифати оби нӯшокидошта бидуни эҳтиёҷоти нӯшокИ ва хоҷагию маишИ манъ аст.

7. Дар минтақаҳое, ки объектҳои обии рӯизаминИ надоранд, вале захираи обҳои зеризаминии дорои сифати оби нӯшокидошта ба миқдори кофИ ва муносиб мавҷуд аст, дар ҳолатҳои истисноИ истифодаи обҳои зеризаминИ барои мақсадҳои бо таъмини оби нӯшокИ ва хоҷагию маишИ алоқаманд набуда дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об иҷозат дода мешавад.

8.    Батанзимдарории дигар асосҳои ҳуқуқИ ва ташкилии муносибатҳо дар соҳаи ба оби нӯшокИ ва таъмини он алоқаманд ва муқаррар намудани кафолатҳои давлатИ оид ба таъмини аҳолИ бо оби нӯшокИ дар асоси қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокИ ва рафъи обҳои партов амалИ карда мешавад.

Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об бо мақсади табобатӣ, осоишгоҳӣ ва солимгардонӣ

1. Объектҳои обе, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи табобатИ дохил гардидаанд, пеш аз ҳама бо мақсади табобатИ, осоишгоҳИ ва солимгардонИ истифода мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноИ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустИ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолИ иҷозат барои истифодаи махсуси об метавонад барои дигар мақсадҳои истифодаи объектҳои оби ба навъи оби табобатИ мансуб донисташуда дода шавад.

2. Партофтани обҳои партов ба объектҳои об, ки ба навъи оби табобатИ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.

Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об бо мақсади фарогатӣ

1. Истифодаи объектҳои об бо мақсади фарогатИ (истироҳат, сайёҳИ, варзиш) бо дар назар доштани қоидаҳои истифодаи объектҳои об, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатИ тибқи моддаҳои 46 ва 47 Кодекси мазкур муқаррар карда шудаанд, сурат мегирад.

2. ЛоиҳакашИ, сохтмон, азнавсозИ, мавриди истифодадиҳИ ва истифодаи бино, иморатҳо ва иншооти фарогатИ, аз чумла иншоот барои ташкили мавзеи оббозИ тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Моддаи 66. Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли неруи барқ

1. Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли неруи барқ бо дар назар доштани манфиатҳои дигар истифодабарандагони об ва бо риояи талаботи истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об амалИ мегардад.






2. Истифодабарандагони об, ки иншооти гидроэнергетикиро
истифода мебаранд, уҳдадоранд, ки низоми коркард ва
пуркунии обанборҳоро бо дар назар доштани афзалияти
эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, инчунин мувофиқи
қоидаҳои истифодабарии обанборҳо, ки аз тарафи мақоми
ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои
об тасдиқ мегарданд, таъмин намоянд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо соҳибмулкон
метавонанд имкониятҳои муҳандисии каналҳо ва дигар иншооти
гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ
истифода баранд, агар он ба таъиноти асосии ин иншоот ва
муҳити зист зарар нарасонад.

Моддаи 67. Истифодаи объектҳои об барои талаботи
кишоварзӣ

1. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ
бо тартиби истифодаи умумӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд иншооти хоҷагии
обро бо мақсади таъмин ва нигоҳдории низоми муносиби обӣ
барои зироати хоҷагӣ дар заминҳои кишоварзӣ тибқи
қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон оид ба обёрӣ ва беҳдошти
замин истифода намоянд.

3. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади пешбурди
истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, обёрии
қитъаҳои наздиҳавлигӣ, шустани заминҳои шӯр, намнокгардонии
замин ва дигар заруратҳои кишоварзӣ амалӣ мегардад.

4. Истифодаи об аз системаҳои обёрӣ, обшоргардонӣ ва
обёрию обшоргардонӣ мувофиқи нақшаҳои истифодаи об дар
асоси шартномаҳои байни обрасон ва истифодабарандагони об
амалӣ карда мешавад.

5. Нақшаҳои истифодаи об тасдиқ карда мешаванд:

-    дар сатҳи дохилии хоҷагӣ - аз тарафи ассотсиатсияи
истифодабарандагони об;

-    дар сатҳи байнихоҷагӣ - аз тарафи идораҳои давлатии
беҳдошти замин ва обёрӣ;

-    дар сатҳи ҳавзавӣ - аз тарафи ташкилоти ҳавзавии
дарёҳо.

6.    Тагйир додани ҳаҷм ва муҳлатҳои таъмини об ба
истифодабарандагони об бо дар назар доштани низоми объекти
об, мавчудияти захираҳои об дар объекти об, шароити обу
ҳаво ва омилҳои дигар мувофиқи меъёрҳои муқаррагардида
анҷом дода мешавад.

7. Обёрии заминҳо бо обҳои партов бо мақоми ваколатдори
давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи
қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки объектҳои обро барои

эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд,



ки






қоидаҳои истифодабари (хизматрасони)-и системаҳои мелиоративӣ ва иншооти хоҷагии оби алоҳидаро риоя намоянд.

9. Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ худсарона танзим намудани иншооти гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагидошта, ки моликияти онҳо намебошанд, бо мақсади зиёд ё кам кардани масрафи об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооту дастгоҳҳо манъ аст.

10.   Партофтани об аз толобҳо, каналҳо ва дигар иншооти обёрикунанда ба объектҳои об бе иҷозат барои истифодаи махсуси об манъ аст.

11.   Чорворонӣ, рафтуомади воситаҳои техникӣ тавассути дастгоҳу иншооти хоҷагии об ва инчунин истифодаи иншооти хоҷагии об барои обдиҳии чорво дар ҷойҳои барои чунин мақсадҳо чудогардида иҷозат дода мешаванд.

12.   Батанзимдарории дигар асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳои ба соҳаи мелиоратсия ва обёрии кишоварзӣ алоқаманд дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мелиоратсия ва обёрӣ таъмин мегардад.

Моддаи 68. Истифодаи объектҳои об бо мақсади саноатӣ

1. Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро бо мақсади саноатӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд, меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, барои кам кардани хароҷоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва нақшаи обтаъминкунӣ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъмини об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологӣ) тадбирҳо андешанд.

2.     Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд истифодаи оби нӯшокиро бо мақсади саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ маҳдуд ё манъ кунанд ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшокии идоравӣ барои дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд.

3. Обҳои зеризаминӣ, ки ба навъи оби нӯшокӣ ё табобатӣ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби муқарранамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обтаъминкунии техникӣ аз онҳо чудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавчуда, ба даст овардани неруи гармӣ ва дигар эҳтиёчоти истеҳсолӣ бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об истифода бурда шаванд.

Моддаи 69. Истифодаи объектҳои рӯизаминии об бо мақсади нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ

1. Дарёҳо, кӯлу обанборҳо роҳҳои обии истифодаи умумӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ва ё онҳо барои истифодаи чудогона дода шудаанд.






2.   Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3.   Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 70. Истифодаи объектҳои об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ

Истифодаи объектҳои обии аҳамияти моҳипарваридошта барои мақсадҳои хоҷагии моҳипарварӣ ва моҳигирӣ, инчунин танзими заминаи ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тибқи қонунгузории Ҳумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ мегарданд.

Моддаи 71. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор

1.   Дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти парандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти нодири мӯинадор мебошанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об метавонад ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дар назар доштани талаботи идораи ҳамгироёнаи захираҳои об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам орад.

2.   Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор (парвариши парандаҳои обӣ, ҳайвоноти мӯинадор, парвариши растаниҳои обӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ барои пешбурди хоҷагии шикор) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия намуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 72. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти мамнӯъгоҳҳо

1.   Объектҳои об, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳ эълон гардида, барои истифодаи чудогонаи бемуҳлат ба мамнӯъгоҳҳо бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дода мешаванд.

2.   Объектҳои об, ки мамнӯъгоҳ эълон мегарданд, дар асоси карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд.

3.   Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаи мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад.






4.   Гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо ҳангоми зарурати махсус аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иуозат дода мешавад.

5.   Объектҳои об, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ буда, мамнӯъгоҳ эълон гардидаанд, метавонанд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф карда шаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф гардидани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолӣ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.

Моддаи 73. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода

1.   Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор ва бартараф намудани ҳолати фавқулода аз ҳамаи объектҳои об иҷозат дода мешавад. Гирифтани об барои сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода ройгон ва бемамониат дар ҳаҷми барои зиддисӯхтор ва бартараф намудани ҳолати фавқулода зарур амалӣ мегардад.

2.   Ғайримақсаднок истифода бурдани обҳои объектҳои об, ки барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор пешбинӣ гардидаанд, манъ мебошад.

Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

1.   Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, заҳобҳо ва дигар обҳои партов танҳо баъд аз гирифтани иҷозат барои истифодаи махсуси об анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуччатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад.

2.   Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба навъи оби нӯшокӣ мансуб донисташуда манъ аст.

3.   Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби табиии оби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд гардидани маводи ифлоскунанда нагардад.

4.   Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 75. Истифодаи обанборҳо

1.   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии таъминкунандаи коршоямии облӯлаҳо, иншооти обгузаронӣ ё обгирӣ дар обанборҳо уҳдадоранд, низоми пуркунӣ ва обпартоиро аз обанборҳо бо дар назар доштани манфиатҳои муқарраргардидаи обистифодабарандагон ва заминистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта риоя намоянд.






2. Қоидаҳои истифодаи обанборҳо, аз чумла обанборҳое, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ ва дигар мақомоти дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

3. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об анҷом дода мешаванд.

4. Муқаррароти қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур ҳамчунин барои истифодаи кӯл ва дигар махзанҳои об, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегарданд.

5. Номгӯи обанборҳое, ки барои ҳар яке аз онҳо қоидаҳои истифодаи обанборҳо таҳия мегарданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Истифодаи обанборҳо, ба истиснои обанборҳое, ки дар қисми 5 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар асоси қоидаҳои намунавии истифодаи обанборҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ мегардад.

7. Тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.



БОБИ 10. ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

Моддаи 7 6. Талаботи асосӣ вобаста ба ҳифзи объектҳои об

1. Ҳифзи объектҳои об аз тарафи мақомоти давлатӣ дар доираи ваколати онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати байторӣ ва Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.

2. Ҳангоми истифодаи объектҳои об шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки чорабиниҳои хоҷагии об ва ҳифзи объектҳои обро тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ намоянд.

Моддаи 77. Ҳифзи объектҳои об аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ

1.     Ба объектҳои об партофтани партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва дигар партовҳо, ки ба сифати об зарар мерасонанд, манъ аст.

2.     Соҳибмулкони воситаҳои нақлиёти обӣ, лӯлакашҳо, иншооти шинокунанда ва дигар иншооте, ки дар объектҳои об ҷойгиранд, уҳдадоранд, ба олудашавӣ ва ифлосшавии обҳо, ки






дар натиҷаи партофтани равғанҳо, маҳсулоти кимиёви ва нафти ба вучуд меоянд, роҳ надиҳанд.

3.   Чораҳо вобаста ба пешгирии ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

4.      Мавчудияти моддаҳои радиоактивИ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо), агрохимикатҳо ва дигар моддаҳои ба саломатии инсон хатарнок дар объектҳои об набояд аз ҳадди имконпазири радиатсионии табиии хоси объектҳои оби алоҳида ва дигар меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошанд.

5.   Дар объектҳои об гӯронидани моддаҳои радиоактивИ ва заҳрнок манъ аст.

6.   Ба объектҳои об партофтани обҳои партов, ки дар таркибашон моддаҳои радиоактивИ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо), агрохимикатҳо ва дигар моддаҳои барои саломатии инсон хатарнок ва пайвастагиҳое, ки аз меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об зиёд ҳастанд, манъ аст.

7.      Гузаронидани корҳои таркишИ, ки дар натиҷаи он моддаҳои радиоактивИ ва ё заҳролуд дар объектҳои об чудо мешаванд, манъ аст.

Моддаи 7 8. Ҳифзи пиряхҳо ва барфтӯдаҳо аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ

1.   Ифлоскунии пиряхҳо, барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсолИ ва истеъмолИ, бо маҳсулоти нафтИ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва дигар моддаҳои зараровар манъ аст.

2.   Гирифтани ях аз пиряхҳо набояд ба ҳолати объектҳои об таъсири манфИ расонида, ба коҳишёбии захираҳои об оварда расонад.

Моддаи 79. Ҳифзи объектҳои зеризаминии об

1.   Шахсони воқеИ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо метавонад ба вазъи обҳои зеризаминИ таъсири манфИ расонад, уҳдадоранд, чораҳоро ҷиҳати пешгирии ифлосшавИ, олудашавии объектҳои об ва коҳишёбии обҳо татбиқ намуда, инчунин меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои обии зеризаминиро риоя намоянд.

2.   Дар майдонҳои обҷамъшавандаи объектҳои зеризаминИ, ки барои эҳтиёҷоти нӯшокИ ва хоҷагию маишии аҳолИ истифода мешаванд ё метавонанд истифода шаванд, ҷойгир намудани объектҳои партовҳои истеҳсолИ ва истеъмолИ, қабристонҳо, макони дафни чорво ва дигар объектҳое, ки ба обҳои зеризаминИ таъсири манфИ мерасонанд, манъ аст.

3.   Истифодаи обҳои партов барои обёрИ ва нуриандозии заминҳо дар қитъаҳои обҳои зеризаминашон ба сатҳи замин






наздик тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ сурат мегирад.

4.   Агар дар ҳолати истифодаи қаър қабати обҳои зеризаминӣ ошкор гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, фавран ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об хабар расонида, тибқи тартиби муқарраргардида чораҳоро вобаста ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва коҳишёбӣ татбиқ намуда, чоҳҳои худҷоришавандаро бо дастгоҳҳои танзимкунанда ва воситаҳои назоратӣ муҷаҳҳаз намоянд.

5.   Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан, истифодаи иншооти обгирии алоқаманд ба истифодаи объектҳои обии зеризаминӣ бояд чораҳои дахлдор оид ба пешгирии таъсири манфии чунин иншоот ба объектҳои об ва дигар объектҳои муҳити зист пешбинӣ карда шаванд.

Моддаи 80. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан ва истифодаи низоми хоҷагии об

1.   Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода

супоридан ва истифодаи низоми хоҷагии об, чорӣ намудани равандҳои технологии               нав бояд   таъсири онҳо    ба   ҳолати

объектҳои об ба инобат гирифта шуда, меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҳумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд.

2.   Ба истифода     супоридани объектҳои       барои обёрӣ ва

нуриандозии заминҳо ба воситаи обҳои партов пешбинишуда бе ташкил намудани нуқтаҳои назоратии низоми об ва сифати он дар объектҳои обӣ роҳ дода намешавад.

3.   Лоиҳакашии системаҳои техникии обтаъминкунии худҷорӣ манъ аст.

4.   Ҳангоми истифодаи низоми      хоҷагии об анҷом      додани

корҳои зерин манъ аст:

-   ба объектҳои об     партофтани обҳои партов,   ки   мавриди

тозакунии санитарӣ, безараркунӣ қарор нагирифтаанд (бо дар назар           доштани роҳ надодан ба афзоиш аз       меъёрҳои ҳадди

имконпазири таъсир     ба объектҳои об ва          меъёрҳои ҳадди

гилзати моддаҳои хатарнок дар объектҳои об);

-   гирифтани захираҳои об аз объектҳои об дар ҳаҷме, ки ба объекти об таъсири манфӣ мерасонад;

-   ба объектҳои об     партофтани обҳои партови   таркибашон

дорои     ангезандаҳои бемориҳои   сирояткунанда ва моддаҳои

зараровар, ки барои онҳо меъёрҳои ҳадди имконпазири гилзат муқаррар нагардидаанд.

5.   Вайрон намудани талаботи истифода ва ҳифзи объектҳои об боиси маҳдуд, боздоштан ва ё манъи истифодаи иншооти низоми хоҷагии об бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур






ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Моддаи 81. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми анҷом додани корҳо

1.   Гузаронидани корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, таркишӣ, пармакунӣ ва дигар корҳои ба ин хос, ки бо тагйирёбии қаър ва соҳилҳои объектҳои об алоқаманданд, дар минтақаҳои ҳифзи обии онҳо тибқи талаботи қонунгузории об ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

2.   Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро барои гирифтани захираҳои об истифода мебаранд, уҳдадоранд, ҷиҳати пешгирии афтодани моҳиҳо ба иншооти обгирӣ чораҳо андешида, чорабиниҳоро оид ба пешгирии олудашавии обҳои зеризаминӣ ва баландшавии сатҳи онҳо амалӣ созанд.

3.   Обёрӣ, аз чумла бо истифода аз обҳои партове, ки сифаташон ба талаботи меъёрии ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об мувофиқат мекунад, хушккунӣ ва дигар корҳои мелиоративӣ бояд ҳамзамон бо амалигардонии чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи объектҳои об ва майдонҳои обҷамъкунии онҳо гузаронида шаванд.

4.   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо ба корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, таркишӣ, пармакунӣ ва дигар корҳои ба ин хос, ки бо тагйирёбии қаър ва соҳили объектҳои об алоқаманд аст, уҳдадоранд, чорабиниҳоро оид ба ҳифзи объектҳои об, пешгирии онҳо аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ татбиқ намоянд.

Моддаи 82. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми истифодаи онҳо барои истеҳсоли неруи барқ

1.   Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро барои таъмини эҳтиёҷоти технологии неруи барқии гармидиҳӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд, низоми ҳароратии объектҳои обро риоя намоянд.

2.   Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли неруи барқ аз тарафи объектҳои гидроэнергетикӣ бо дар назар доштани манфиатҳои дигар истифодабарандагони об, риояи талабот нисбати истифода ва ҳифзи объектҳои об, талабот ба нигоҳдории захираҳои биологии обӣ ва дигар объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, талабот оид ба пешгирии таъсири манфии обҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо амалӣ карда мешавад.

3.   Барои таъмини фаъолияти бехатар ва бесадама, истифодаи бехатари иншооти гидроэнергетикӣ дар марзобгоҳи объектҳои об, дар қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз чумла дар қитъаҳои ҳамсарҳад бо иншооти гидроэнергетикӣ), қитъаҳои мачрои дарё минтақаҳои муҳофизатии дорои шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз чумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) муқаррар карда мешаванд.






4.   Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои номбаршуда, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз чумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 83. Ҳавзадо ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои обе, ки захираҳои обиашон табобатӣ мебошанд

1.   Бо мақсади ҳифзи объектҳои обе, ки захираҳои обиашон табобатӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҳумҳурии Тоҷикистон ҳавзаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.

2.      Гирифтани минтақаҳои санитарии объектҳои обии захираҳои обиашон табобатӣ барои дигар эҳтиёҷот манъ аст.

Моддаи 84. Минтақаҳои ҳифзи об ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ

1.   Минтақаҳои ҳифзи об ҳудуде мебошад, ки ба соҳили (ҳудуди объекти об) дарёҳо, сойҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ҳамшафат буда, дар он низоми махсуси амалӣ намудани хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият бо мақсади пешгирии ифлосшавӣ, олудашавӣ, лойқанокшавии объектҳои оби номбаршуда ва коҳишёбии оби онҳо, инчунин ҳифзи муҳити зисти захираҳои биологӣ ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот муқаррар карда мешавад.

2.   Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ муқаррар карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо маҳдудияти иловагии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ҷорӣ карда мешавад.

3.   Ба минтақаҳои ҳифзи об мансубанд:

- минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ки барои гирифтани об бо мақсади эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода мешаванд;

-     минтақаҳои ҳифзи оби дарёҳо, каналҳо, кӯлҳо ва обанборҳо.

4.   Минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об, минтақаҳои ҳифзи оби дарёҳо, сойҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ дар маҳалҳо тибқи лоиҳаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ ва мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин таҳиягардида муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои ҳифзи об, ки аз чумла хатҳои муҳофизатии наздисоҳилиро дар бар мегиранд, аз чониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ё бо дастури он аз тарафи мақоми ба ин ваколатдоршуда тасдиқ карда мешаванд.

5.   Минтақаҳои ҳифзи об, ки таҳти салоҳияти мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд, бо ҳамон






тартиб ва дар сатҳи дахлдор дар маҳалҳо муқаррар гардида, лоиҳаҳо аз тарафи сохтори маҳаллии мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

6. Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об амалҳои зерин манъ аст:

-    истифодаи обҳои партов бо мақсади батанзимдарории ҳосилнокии хок;

-    ҷойгиркунии қабристонҳо, макони дафни ҳайвонот, объектҳои нигоҳдории партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, моддаҳои тарканда, кимиёвӣ, заҳрнок ва заҳролуд, нуқтаҳои гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;

-    амалигардонии чораҳои ҳавопаймоӣ оид ба мубориза бо организмҳои зараровар;

-    ҳаракат ва истгоҳи воситаҳои нақлиёт (ба гайр аз воситаҳои нақлиёти махсус), ба истиснои ҳаракати онҳо дар роҳҳо ва истгоҳҳо, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, ки дорои фарши сахт ҳастанд;

-    ҷойгиркунии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, анборҳои маводи сӯзишворӣ-молиданӣ, пойгоҳҳои хизматрасонии техникӣ, ки барои назорат ва таъмири воситаҳои нақлиётӣ истифода мешаванд, шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ;

-    ҷойгиркунии анбори заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва агрохимикатҳо, истифодаи заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва агрохимикатҳо;

-    партофтани обҳои партов;

-    иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ амалӣ гарданд. Иктишоф ва истихроҷи дигар намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок дар доираи ҳудуди ба онҳо чудогардида тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва дар асоси лоиҳаи техникии тасдиқгардида амалӣ мегарданд).

7. Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан, истифодаи объектҳои хоҷагӣ ва дигар объектҳо бо шарти муҷаҳҳаз гардонидани иншооти чунин объектҳои об, ки таъминкунандаи ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва коҳишёбии об мебошад, тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд. Интихоби намуди иншооте, ки ҳифзи объекти обро аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, таҳшиншавии обовардҳо ва коҳишёбии об таъмин менамояд, бо дар назар доштани зарурати риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири партофтани моддаҳои хатарнок, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо тибқи қонунгузории ӯумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқарраршуда анҷом дода мешавад.

8. Мафҳуми иншооти таъминкунандаи ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, таҳшиншавӣ ва коҳишёбии об барои татбиқи ҳадафҳои моддаи мазкур чунин фаҳмида мешавад:






-     системаҳои обпартоии мутамарказ (канализатсия), системаҳои мутамаркази обпартоӣ барои боришот;

- иншоот ва системаҳо барои партофтани обҳои партов ба системаи мутамаркази обпартоӣ (аз чумла обҳои борон, барфобҳо, обҳои инфилтратсионӣ, обёрикунанда, заҳобҳо), агар онҳо барои қабул намудани ин обҳо пешбинӣ шуда бошанд;

- иншооти обпартои алоҳида барои тозакунии обҳои партов (аз чумла обҳои борон, барфобҳо, обҳои инфилтратсионӣ, обёришаванда ва заҳобҳо), ки поксозии онҳо дар асоси меъёрҳои муқаррарнамудаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва Кодекси мазкур анчом дода мешавад;

-     иншоот барои чамъоварии партовҳои истеҳсолӣ ва

истеъмолӣ, инчунин иншоот ва системаҳо барои партофтани обҳои партов (аз чумла обҳои борон, барфобҳо, обҳои инфилтратсионӣ,                     обёрикунанда      ва     заҳобҳо)      дар

обқабулкунандаҳое, ки аз маводи обногузар сохта шудаанд.

9. Муқаррар намудани ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҳо ва ҳудуди хатҳои муҳофизатии наздисоҳилии объектҳои об, аз чумла тавассути нишонаҳои махсуси маълумотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҳумҳурии Точикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 85. Объектдои оби махсус ҳифзшаванда

1. Объектҳои об ё қисми онҳо, ки дорои аҳамияти экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, фарогатӣ (истироҳат, сайёҳӣ, варзиш) ва табобатӣ мебошанд, метавонанд объектҳои обии махсус ҳифзшаванда эътироф карда шаванд.

2. Мақом, речаи махсус ҳифзшаванда ва сарҳади ҳудудҳо, ки дар доираи он объектҳои оби дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда чойгиранд, тибқи қонунгузории Ҳумҳурии Точикистон дар бораи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда муқаррар карда мешаванд.

3. Низоми махсуси истифодаи объекти об ё қисми он, ки дар доираи ҳудуди он объекти мероси бостоншиносӣ чойгир аст, имконияти пешбурди корҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро ба шарти таъмини ҳифзи объекти мероси бостоншиносӣ, ки ба феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҳумҳурии Точикистон дохил карда шудааст ва ё ошкорсозии объекти мероси бостоншиносӣ, инчунин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ин объектҳо ва гузаронидани корҳои саҳроии бостоншиносӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон пешбинӣ менамояд.

Моддаи 86. Минтақадои офати экологӣ ва минтақаҳои хавфнок вобаста ба ҳолатҳои фавқулода дар объектҳои об



1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои






фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳое, ки дар онҳо тагйироти дар натиҷаи рӯй додани ҳодисаҳои техногенӣ ва табиӣ ба миён омада ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, объекти олами наботот ва ҳайвонот, дигар объектҳои муҳити зистро ба хавф мегузоранд, метавонанд минтақаҳои офати экологӣ ва минтақаҳои ҳолати фавқулода эълон карда шаванд.

2. Барои пешгирии таъсири манфии обҳо ҳангоми ба амал омадани вазъияти фавқулода ва бартарафсозии ин оқибатҳо метавонад хоки қаър тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта истифода гардад.

Моддаи 87. Пешгирии таъсири манфии обҳо ва бартарафсозии оқибатҳои он

1.   Бо мақсади пешгирии таъсири манфии об (обхезӣ, зериобмонӣ, вайроншавии соҳилҳои объектҳои об, ботлоқшавӣ) ва бартарафсозии оқибатҳои он чораҳои муҳофизатии махсус, аз чумла соҳилмустаҳкамкунӣ ва чораҳои ҳифзи зидди сел тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

2.   Ҷойгир кардани маҳалҳои нави аҳолинишин ва сохтмони объектҳои асосӣ бидуни гузаронидани чораҳои муҳофизатии махсус оид ба пешгирии таъсири манфии об дар ҳудуди минтақаҳои обхезӣ, зериобмонӣ манъ аст.

3.   Дар доираи минтақаҳои обхезӣ, зериобмонӣ чунин амалҳо манъ аст:

- истифодаи оби партов бо мақсади танзими ҳосилхезии хок;

- ҷойгир намудани қабристонҳо, макони дафни ҳайвонот, иншооти ҷойгиркунии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, кимиёвӣ, моддаҳои тарканда, заҳрнок, заҳролуд ва нуқтаҳои нигоҳдорӣ, гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;

- татбиқи чораҳои авиатсионии мубориза бо организмҳои зараровар.

4.   Сарҳади минтақаҳои обхезӣ ва зериобмонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода бо иштироки сохтори дахлдори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешавад.

5.   Тадбирҳо оид ба пешгирии таъсири манфии об ва кам намудани таъсири он ба объектҳои об аз ҷониби мақомоти дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз тарафи Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон ваколатдор гардидаанд, амалӣ карда мешаванд.



БОБИ 11. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲО ВОБАСТА

БА ОБ






Моддаи 88. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об

Баҳсҳо дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об байни иштирокдорони муносибатҳо вобаста ба об тариқи гуфтушуниди тарафҳо, баррасии онҳо дар Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии об, шӯрои ҳавзавии дарёҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоте, ки аз тарафи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об таъсис дода шудаанд, дар доираи ваколаташон ва ё дар судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 8 9. Тартиби ҳалли баҳсҳои молумулкӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об

Баҳсҳои молумулкӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

БОБИ 12. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲО

ВОБАСТА БА ОБ

Моддаи 9 0. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ оид ба муносибатҳо вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самаранок, сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об, тавсеаи ҳамкориҳои муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, таъмини бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об ба асос мегирад.

Моддаи 91. Асосҳои иқтисодии муносибатҳо вобаста ба об бо дигар давлатҳо

Асосҳои иқтисодии муносибатҳо вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешаванд.

БОБИ 13. МУҚАР РАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 92. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.






Моддаи 93. Ҷуброни зараре, ки ба объектҳои об расонида шудааст

1. Шахсоне, ки ба объектҳои об зарар расонидаанд, ҷуброни онро ихтиёран ё тариқи суд пардохт менамоянд.

2. Усулҳои ҳисоб намудани андозаи зараре, ки ба объектҳои об дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 94. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси оби Ҷумқурии Тоҷикистон

Кодекси оби Ҳумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000,        №34 қабул гардидааст

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000,          №11,

мод. 510; с. 2006, №3, мод. 164; с. 2008, № 3, мод. 200; с. 2009, №12, мод. 824; с. 2011, № 6, мод. 4 55; с. 2 012, №4, мод. 271), аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 95. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон




ш. Душанбе

2 апрели соли 2020 №1688



 


Файл:  Загрузить

Бозгашт