Мизи мудаввар бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва ҷавонон
Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муиҳити зисти ВМКБ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалигардонии Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки ҷавонон ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ҳар як раисони маҳаллаҳо оид ба вусъат додани корҳои ободонӣ ва тозагии гирду атрофи маҳаллаи худ маълумот доданд.
Мақсади асосии баргузор намудани ин мизи мудаввар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, ҳамкориҳои муштараки ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамоатҳо барои ободу зебо гардонидани муҳити атроф ва саҳмгузорӣ дар масоили дигари экологии маҳал мебошад.