Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1034 Вақти хониш:
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, бо иштироки Христофорос Политис – муовини Намояндаи доимӣ ва Наргизахон Усманова — намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БРСММ оид ба амалишавии
лоиҳаҳо тавассути БРСММ, иштироки ҳайати ҷумҳурӣ ва омодагӣ ба баргузории Конфронси таѓйирёбии иқлим СОР26, ки баргузории он аз 1 то 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазгои Британия Кабир дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. роҷеъ ба корҳои анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъдаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон сухан ронда, таваҷҷӯҳи намояндагони ташкилоти болозикрро ба амалӣ шудани чорабиниҳои банақшагирифташуда ҷалб намуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.