Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1026 Вақти хониш:

Санаи 30 марти соли ҷорӣ намояндагони Маркази Орхуси ш. Душанбеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Ҳисор дар толори Осорхонаи марказии ш. Ҳисор барои донишҷӯёни коллеҷи тиббии ш. Ҳисор ва ризокорон (волонтёрон) доир ба масъалаҳои муҳити зисти ноҳия ва ҷумҳурӣ чорабинии иттилоотӣ ташкил намуданд.

Чорабиниро сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Ҳисор Файззода Бурҳониддин бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин баланд шудааст, аммо ҳоло ҳам аз сабаби ба пуррагӣ сарфаҳм нарафтани моҳияти экология ва муҳити зист қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд. Мавсуф тазаккур дод, ки имрӯза вохӯрӣ аввалин чорабинии якҷояи Маркази Орхуси Душанбе бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш. Ҳисор ба ҳисоб меравад ва умед ҳаст, ки барои боло рафтани донишҳои экологии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Пас аз муаррифии моҳияти Конвенсияи Орхус ва принсипҳои он ва фаҳмонда додани муаммоҳои экологии ҷумҳурӣ ба донишҷӯён саволҳо дар бораи вазъи экологии маҳал ва ҷумҳурӣ дода шуд. Донишҷӯён хеле фаъолона иштирок намуда, ба саволҳо посухҳои муносиб доданд. Пас аз қисмати саволу ҷавоб намояндагони Маркази Орхус ва ризокорон дар аксияи “Тозагии роҳҳо” иштирок намуда, дар тоза намудани роҳҳо аз партовҳо саҳм гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли ҷорӣ ин аввалин чорабинии Маркази Орхуси ш. Душанбе буда, минбаъд низ гузаронидани сессияҳои иттилотӣ дар хусуси принсипҳои Конвенсияи Орхус ва аксияҳои экологӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва н. Варзоб дар назар аст.