Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1117 Вақти хониш:
Дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети биология ва химияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ аз фаъолияти ташхисгоҳ шиносоӣ пайдо намуданд.

Таҷрибаи истеҳсолӣ дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Дар шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети биология ва химияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо мақсади гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ аз фаъолияти ташхисгоҳ шиносоӣ пайдо намуданд.

Кормандони шуъба ба донишҷӯён дар самтҳои ченкунии ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимӣ, ченкунии гамма — афканишот ва радионуклидҳои табиӣ, ташхиси физико — кимиёвии партовобҳо, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ташхиси намунаҳои хоки хоҷагиҳои кишоварзӣ, гузаронидани мониторинги дарёи Сир ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумоти муфассал доданд.

Ҳамчунин ба донишҷӯён бо мақсади мустаҳкам намудани маълумоту донишҳои гирифта, қоидаҳо ва роҳҳои гирифтани намуна, нигоҳдории онҳо, ташхиси намунаҳои об ва хок нишон дода шуд.