Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1028 Вақти хониш:

Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ корҳои ободонию созандагӣ ҳаррўза таҳти назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ қарор дорад.

Бо фарорасии рӯзҳои аввали баҳор кормандони идораву муассиса, кӯчаю паскӯчаҳо, роҳҳои пиёдагард, ҷӯйборҳои ҳудуди шаҳрро аз яхпораҳо ва партовҳо тоза намуда, ба шаҳр як ҳусни нави тоза бахшиданд.

Инчунин бо истифода аз ҳавои мусоид дар шаҳр аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он 70 нафар иштирок дошта қад-қади роҳҳо зиёда аз 300 бех ниҳолҳо аз намуди можевелник ва туя шинонида шуд. Бояд қайд намуд, ки то охири моҳи апрел ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр идома хоҳад ёфт.