Ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар даромади купруки хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аксияи шинондани ниҳолҳоро баргузор намуд. Дар он ихтиёриён, дӯстдорони табиат, экофаъолон, аз ҷумла ихтиёриёни бахши Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дигар сокинони шаҳр ва намояндагони ташкилоту идораҳои мухталиф, дар маҷмуъ беш аз 130 нафар иштирок намуданд. Дар рафти аксия 300 бех ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.
Боиси зикр аст, ки аксияи мазкур тахти шиори “Дарахти ман” дар тамоми гӯшаву канори кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.