Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1041 Вақти хониш:

Ифтитоҳи расмии бинои Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 16 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои маъмурии нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро расман мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.