Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1011 Вақти хониш:
Ҳар моҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида...

Амалиёти “Ҳавои тоза” яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво

Ҳар моҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ — дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, даромади шаҳр баргузор гардид.

Дар рафти амалиёти мазкур, ҳамагӣ 15 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.