Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1026 Вақти хониш:
Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва ҳамзамон пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ масъалаҳои…

Насби лавҳаҳои огоҳӣ яке аз чораҳои пешгирикунанда мебошад

Ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ дар нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатии партовҳо ва ҳамзамон пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рӯз буда, дар мадди аввали назари кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо ин мақсад аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар бозори марказии ҷамоати шаҳраки Гули Сурхи шаҳр 4 адад лавҳаҳои огоҳӣ ҷиҳати ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои муқарраргардида насб карда шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист бо соҳибкорону кормандони бозор корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд, ки ҳадафи ин амалҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.