Вохӯрии Раиси Кумита бо намояндаи доимии БРСММ
Дар вохӯри масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои БРСММ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии лоиҳаҳо, иштироки ҳайати ҷумҳурӣ ва омодагӣ ба баргузории Конфронси тағйирёбии иқлим СОР 26, ки баргузории он аз 1 то 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур ва хонум Пратибха Мехта лоиҳаи “Таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ мешавад, ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин таҳияи механизмҳои институтсионалӣ барои татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то давраи соли 2030 мебошад.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.