Дар Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021
Мутобиқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №26/10-318, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 санаи 13 июли соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи хабарнигорон, намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои сомонавию чопӣ ва овозии давлативу мустақил иштирок доштанд.
Дар оғози нишаст аз ҷониби Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаҳои амал, барномаҳои давлатию соҳавӣ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар таъмини ҳадафҳои Конвенсияҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, пешбурди назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, амалигардонии чорабиниҳои дигари соҳавӣ ба таври фишурда маълумот дода шуд.
Сипас, дар бахши саволу ҷавоб хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатӣ, самтҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳамкориҳои байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера аз чангу ғубори воситаҳои нақлиёт, ҳифзи манбаъҳои обӣ, захираҳои моҳӣ, ҳиссаи (квота)-и ҷудогардида ва истифодашуда, барои шикори ҳайвоноти нодир дар соли 2021, партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ, вазъи экологии баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳои саноатӣ, пешгирии сӯзонидани майдонҳои кишоварзӣ баъд аз ғундоштани ҳосил, ташкили анборҳо барои ҷамъоварии лампаҳои симобдори аз истифода баромада, раванди таҷрибаомӯзӣ оид ба истифодабарии автомобилҳои барқӣ, ташкили майдони васеъ барои ҷонварони “Боғи ҳайвонот” ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита, муовинон, масъулони сохторҳои дахлдори соҳавии Кумита иштирок намуда, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.