Фаъолияти 6-моҳаи Кумита ҷамъбаст гардид
Ҳисоботро оид ба натиҷаҳои фаъолияти 6 моҳа муовини Раиси Кумита Мавлодод Абдуқодирхон қироат намуд, ки зимни он аз қонеъкунанда набудани фаъолияти як қатор шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ишора карда шуд. Сипас сардорони Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, бозрасии минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти шашмоҳа ҳисобот доданд.
Раиси Кумита Шерализода Б.А. аз қаноатбахш набудани фаъолияти шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуда, ин омилро ба бемасъулиятии роҳбарони шуъбаву бахшҳо нисбат дод.
Дар ҷаласаи мушовара муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Каромиддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Пас аз суханрониву музокираҳо бо назардошти пешниҳодҳои муовини сардори раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва экологияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори ҳайати мушовара қабул гардид.