Маркази ахбори экологӣ | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

  Хабарҳо


| 1055 Вақти хониш:
10 июли соли ҷорӣ, бо мақсади вусъат  ба корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани  кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои маъмурӣ ва маҳалҳои…

Чорабиниҳо бо мақсади беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Ҳисор

10 июли соли ҷорӣ, бо мақсади вусъат  ба корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани  кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин  бахшида ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксияи «Тозаги маҳал» гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур, 340 нафар кормандони корхонаю ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр, ба масоҳати 4,5 км аз партовҳо ва алафҳои худрӯй   тоза карда шуда, зиёда аз 5,5 м3 партов ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Дар ин аксия партовҳои ҷамъшуда  ба тариқи ду адад техникаи боркашонӣ  ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.