| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

шаҳри Истиқлол

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

(ҶУҒРОФӢ ВА ТАЪРИХӢ)

Шаҳраки Табошар соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқии шаҳри Чкалов ташкил ёфтааст. Моҳи октябри соли 1968 Табошар мақоми шаҳраки типии шаҳриро гирифт. Маълумотҳои асоснок дар бораи ташкилёбии маҳалҳои иқоматӣ ба садаи панҷуми то мелодии тааллуқ доранд. Ин заминҳо дар таърихи қадимаи Осиёи Миёна ҳамчун вилояти мустақили сиёсии илак машҳуранд. Тадқиқотҳои дар солҳои 70-уми асри гузашта гузаронидашудаи археологӣ нишон доданд, ки дар қисми кӯҳистони ҷанубии Илак – қаторкӯҳи Қурама, дар атрофии шаҳри муосир ҳунармандони зиёди кӯҳистонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ қабилаҳои туркӣ-муғулӣ, ки минбаъд барои ташкили гурӯҳи алоҳидаи этникии ӯзбекҳо – қурама асос гардидаанд, зиндагонӣ мекарданд ва онҳо дар оянда ба ин мавзеъ ном додаанд. 29 марти соли 2012 дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр номи истиқлол дода шуд. Иқлими шаҳр субтропикӣ континенталӣ (хушк), моҳи январ ҳарорати миёна аз 0 дараҷаи селсий то – 15 дараҷаи селсий хунук, моҳи июл аз 25 дараҷаи селсий то 40 дараҷа гарм аст. Ҳудуди он асосан кӯҳсор аст. Шаҳри Истиқлол дар қаторкӯҳи Қурама, қисми силсилакӯҳӣ Тян-Шан, аз тарафи шимоли маркази вилоят ҷойгир аст. Қаторкӯҳи Қурама аз сарватҳои зеризаминӣ бой мебошад. Ҳанӯз дар солҳои 30-уми қарни гузашта, аз тарафи геологҳои шинохтаи рус ба монанди Наследов Б.Н., Королёв А.В. Волсфон Ф.И. омӯхта шуда, зиёда аз 300 намуди сарватҳои зеризамини кашф гардидаанд. Баъдан ба коркарди ин маъданҳо, ба монанди уран, торий, радий, тилло, висмут ва дигар намуди элементҳои кимиёвӣ, сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ ба роҳ монда шуда буданд.  Шаҳри Истиқлол дар масофаи 36 км аз маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд дурр буда, бо роҳи мошингард пайвас мебошад. Масофаи шаҳр ба чор ИҚМ ва маҳаллаҳои Меҳнатобод ва Табошари кӯҳна ҷудо шудааст. Шаҳри Истиқлол дар зери қаторкӯҳҳои зебоманзари Қурама дар қисмишимолии вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

Маркази маъмурӣ:Истиқлол

Аҳолӣ:17688

Индекс:735731

Масоҳат:33,14 км

Баланди аз сатҳи баҳр:1250 м

 

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол

Суроға: шаҳри Истиқлол, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров -15

Почтаи электронӣ: ecologistiklol@gmail.com

Тел: +992 83465 2-61-11

Факс: +992 83465 2-54-87