| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon


ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

- муқовимат ба коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд;

- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд - шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, яъне шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд, шахси мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ба он баробаркардашуда (шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё узви мақомоти интихоботии давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, шахсони мансабдори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки бо мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд), шахсе, ки хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- вазифаҳои давлатӣ - вазифаҳое, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, дохил мешаванд;

- истифода аз мақоми хизматӣ ё имкониятҳои он - истифодаи якдафъаина, такрорӣ ё мунтазам аз вазифаҳои давлатӣ ва имкониятҳои он, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувор бо як ё якчанд шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, бо шахс ё гурўҳи алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеа таҳдид мекунад ё зарар мерасонад;

- хешовандон - зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд;

- манфиати давлатӣ - ҳама гуна манфиате, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва ҳифз карда мешавад;

- манфиати шахсӣ - ҳама гуна манфиате, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддию ғайримоддии шахс равона карда мешавад;

- бархўрди манфиатҳо - ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, ки ҳангоми иҷрои вазифа метавонад боиси ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ гардад ва ба манфиатҳои шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеа ва давлат зарар расонад;

- пешгирии коррупсия - фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия дар самти огоҳ, пешгирӣ, ошкор, бақайдгирӣ, кушодан, таҳқиқу тафтиши кирдорҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат мекунанд;

- хавфҳои коррупсионӣ - эҳтимолияти ҷой доштан ва ба вуҷуд омадани сабаб ва шароитҳое, ки метавонанд ба ҳар шакл ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат намоянд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд паҳн мегардад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии муқовимат ба коррупсия

Муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои зерин амалӣ мегардад:

1) қонуният;

2) адолат;

3) афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

4) баробарии ҳама дар назди қонун;

5) шаффофият ва ошкорбаёнӣ;

6) ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

7) пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;

8) таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд;

9) ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Раздел не найден.