Озмунҳо | khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon

30.08.2022

ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи гранти таҳти №D972-TJ аз Бонки умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи «Барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Лоиҳа) - ро татбиқ менамояд. Қисми маблағҳои грантии Лоиҳа барои хизматрасонии машваратӣ равона мегардад.

Лоиҳа мутахассисони ихтисосманди дорои таҷрибаи кории мувофиқро барои иштирок намудан дар озмун ҷиҳати ишғол намудани вазифаҳои холии зерин даъват менамояд:
1. Ҳамоҳангсози Лоиҳа
2. Мутахассис оид ба кишоварзӣ
3. Мутахассис оид ба рушди иҷтимоӣ ва гендерӣ
4. Мутахассис оид ба рушди ҷомеа
5. Мутахассис оид ба масъалаҳои экологӣ
6. Мутахассис-Ҳуқуқшинос
7. Мутахассис оид ба пардохтҳо/кассир
8. Мутахассис оид ба идоракунии дониш
9. Мутахассиси ноҳиявӣ (барои ноҳияи Панҷакент)

Талаботи тахассуси нисбати довталабонро бо супориши техникӣ тавассути вебсайтҳои: www.tajnature.tj ва www.untj.org дастрас кардан мумкин аст.

Барои иштирок намудан дар озмун довталабони ҳавасманд бояд шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба идораи Лоиҳа дар нишонаи зерин ё ин ки дар шакли электронӣ ба суроғаҳои электронии procurement.tlrp@gmail.com ва cepprj@gmail.com пешниҳод намоянд.

Довталабони ҳавасманд ба вазифаҳои дар боло зикр гардида дар доираи талаботи «Дастур оид ба интихоб ва ҷалби мушовирон аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ» (нашри 4-ум, ноябри соли 2020) интихоб карда мешаванд.

Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи 15 сентябри соли 2022, соати 10:00 мебошад.
Бастаи ҳуҷҷатҳои нопурра ва дар муҳлати муқарраргардида пешниҳоднашуда баррасӣ карда намешаванд.

Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефон: (+992) 236 04 28 дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 дастрас намоед.
Суроға: ш. Душанбе, кучаи Шамси 5/1, утоқи №29.


Бозгашт