| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    ВАЗИФАҲО
    - татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҷумҳурӣ.
    - иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
    - тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси Кумита пешниҳод намудани нақшаҳои кории солона, нимсола ва семоҳа;
    ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
    Шуъба дар асоси Низомномаи худ ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба субъектони хоҷагидор, ки фаъолияташон ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба атмосфераро медиҳад.
    НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ
    Назорати давлатӣ дар асоси талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
    СИСТЕМАИ ИҶОЗАТДИҲӢ
    Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба атмосфера ба субъектони хоҷагидор дода мешавад.
    ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    Шуъба тавассути Комиссияи таъсисгардидаи Кумита Иҷозатнома оид ба фаъолияти ба даст овардан, фурўш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намудҳои фаъолият, ки ба васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунад, ба расмият медарорад.