| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




      Назорати давлатӣ дар асоси талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»,  «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
      Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” амалӣ карда мешавад.
    Дар раванди гузаронидани санҷишҳо ва амалиётҳои назоратӣ  ҳангоми ошкор намудани қонунгузорӣ талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист татбиқ карда мешавад.
    Дар раванди гузаронидани санҷишҳо дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера талаботи зерин ҷорӣ карда мешавад:
    - риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера ва дигар санадҳои ҳуқуқии ба ин самт дахлдор;
    - дар асоси иҷозати дахлдор фаъолият намудани субъекти хоҷагидор;
    - риояи шартҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии гирифташуда ва меъёрҳои муқарраршуда дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера;
    - татбиқи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани партовҳо ба ҳавои атмосфера ва саривақ супоридани ҳисоботи 2ТП “ҳаво”;
    - муҷҷаҳаз намудани манбаъҳои партов бо таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ;
    - дар субъектҳои хоҷагидор новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорати давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи атмосфера амалӣ менамояд;
    - аз натиҷаи санҷишҳо санад тартиб дода, барои иҷрои ҳатмии онҳо амрияҳо медиҳад ва  мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда нисбати вайронкунандагони қонун протоколи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ тартиб медиҳад;