| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






    Замимаи 1

    ба қарори Ҳукумати

    Ҷумҳурии Тоҷикистон

    аз 2 сентябри соли 2021, №357

    Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

    1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъмин менамояд.

    2. Кумита фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомномаи мазкур) амалӣ менамояд.

    3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

    2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

    4. Кумита дорои ваколатҳои зерин мебошад:

    -пешбурди сиёсати давлатии экологӣ, идоракунии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, намудҳои партовҳо, захираҳои обӣ, сарчашмаи таҳвили об, ҳавои атмосфера, ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, қабати озон ва амнияти кимиёвӣ;

    -пешбурди назорати давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, хоҷагии шикор, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсайрҳои сайёҳӣ, ҷангалзор, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, замин ва қаъри он, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ, партовҳо, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ, биологӣ, сифати сӯзишворӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ ва риояи меъёру стандартҳои экологӣ;

    -муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объектҳои экспертизашаванда ба талаботи экологӣ, пешгирии оқибати номусоиди таъсиррасонӣ ба муҳити зист, додани хулосаи асосноки илмӣ;

    -бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ;

    -идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳифз, нигоҳдорӣ, барқарорсозии системаи экологӣ ва намудҳои набототу ҳайвоноти нодир;

    -ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ, пешгӯӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи муҳити зист, обу ҳаво, пиряхҳо, кӯлу обанборҳо, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ;

    -ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда;

    -гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои об, олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, партовҳо, обуҳавошиносӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва тағйирёбии иқлим;

    -таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳифз, беҳдошти вазъи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи об, ҳудудҳои рекреатсионӣ, маҷмӯаҳои табиӣ, инчунин иншооти табиии дорои аҳамияти махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ;

    -ташкил ва пешбурди назорати давлатии экологӣ;

    -таҳияи лоиҳаҳои барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисоботҳо ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, нақшаи маҷмӯии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, обуҳавошиносӣ, иштирок ва назорат дар амалисозии онҳо, инчунин таҳияи барномаҳои мақсадноки байнидавлатӣ ва лоиҳаҳои экологӣ;

    -таҳия ва татбиқи механизмҳои нави иқтисодии истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ;

    -таҳияи ҳуҷҷатҳои методӣ ва тавсияҳо оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -ташкил, идоракунӣ ва ташаккули манбаъҳои маблағгузории махсуси ҳифзи муҳити зист ва тавассути он ба роҳ мондани барқарорсозии сарватҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ, ҳавасмандкунии кормандон ва таъминоти онҳо бо воситаҳои махсус;

    -ташкили фаъолияти Фонди ҳифзи муҳити зист, таъмини истифодабарии мақсаднок ва назорати он;

    -мусоидат барои ҷалби маблағҳои грантӣ, сармоягузорӣ ҷиҳати амалигардонии стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

    -такмили низоми огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва хисорот мегарданд;

    -таъмини мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилооти экологӣ;

    -ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарватҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ;

    -ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;

    -баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули тарбияи экологии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;

    -мусоидат ба рушди сайёҳии экологӣ;

    -тибқи тартиби муқарраргардида, ҷалби нозирони ҷамъиятӣ барои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

    -таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, стандартҳои экологӣ, нақшаҳои идоракунӣ ва нақшаҳои миллӣ оид ба самтҳои алоҳидаи ҳифзи муҳити зист, регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

    -баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

    -пешниҳоди таклиф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани ҳисса (квота) барои истифодаи намудҳои алоҳидаи олами набототу ҳайвонот;

    -бастани шартномаҳо оид ба сохтмони иншоотҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист бо пудратчиён, новобаста аз шакли моликият, ки дар асоси рақобат ва шаффофият муайян шудаанд, инчунин назорати татбиқи онҳо;

    -тасдиқ намудани талабот оид ба сохтмони иншоот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии иншооти инфрасохтори он, номгӯи иншооте, ки вобаста ба онҳо бояд асоснокии техникию иқтисодӣ таҳия гардад, лоиҳаҳои қолабӣ, хуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ, рӯйхати титулӣ барои сохтмон ва таҷдиди сохтори иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва муқаррар намудани талабот нисбат ба таркиб ва ҳаҷми ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

    -иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорон, инчунин ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

    -мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявӣ бо иштироки ташкилотҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -пешниҳоди таклифҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ вобаста ба маблағгузории Кумита ва воҳидҳои сохтории он.

    5. Кумита дорои ваколатҳои дигар мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудааст.

    3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КУМИТА

    6. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқҳои зерин дорад:

    -амалӣ намудани санҷиш ва назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ, новобаста аз тобеият ва шакли моликият;

    -назорати давлатии чорабиниҳо оид ба барқарор намудани сарватҳои табиӣ, муҳоҷирати ҳайвонот, воридот, истеҳсол, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, техникаю технологияи истифодашуда ва моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;

    -гузаронидани экспертизаи давлатии экологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликият ва мансубият, дар асоси лоиҳаҳои асосноккунии техникии иқтисодӣ, маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва маводи дигари дахлдор;

    -санҷиши манбаъҳои партовҳо ба ҳавои атмосфера;

    -назорати давлатӣ оид ба амнияти кимиёвӣ ва биологӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва объектҳои дигар;

    -дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардани кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ;

    -гузаронидани ташхиси аналитикӣ, инструменталӣ ва лаборатории ҳолати об, хок, ҳаво, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо;

    -додани иҷозати меъёрҳои истифодабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, ҳайвоноти ёбоӣ, қисм, ҷузъ ва ғанимати онҳо, истифодаи махсуси об, захираҳои моҳӣ, ҳавои атмосфера, ҷангал, воридоту содироти наботот, партовҳо барои истифодабарии такрорӣ, истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгир кардани онҳо ба субъектҳои хоҷагидор, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;

    -танзими ворид намудан ё ба тарзи транзитӣ интиқол додани борҳои хатарноки экологӣ, моддаҳои кимиёвӣ, маҳсулоти биологӣ, такроран истифодашаванда, техника, технология, партовҳо, захираҳои ашёи хом ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -таҳия ва тасдиқи механизмҳои муосири иқтисодии истифодабарии самараноки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методии сарватҳои табиӣ;

    -идоракунии кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, объектҳои олами набототу ҳайвонот, партовҳои хатарнок ва захираҳои обӣ;

    -гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ;

    -таҳияи лоиҳаҳои корҳои ҷустуҷӯӣ, таҷрибавию конструкторӣ, бунёди технологияҳои нави пешқадам;

    -таҳия ва нашри гузоришҳои миллӣ, ҳисоботҳо оид ба вазъи муҳити зист, истифодаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи замин ва обу ҳаво;

    -ташкил намудани захираи давлатии иттилоотии вазъи муҳити зист, сарватҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, инчунин феҳристи объектҳои экспертизашуда;

    -амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ ва бастани шартномаҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, обуҳавошиносӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ;

    -таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ ва меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -муайян намудани самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла истифодаи сарватҳои табиӣ, рушди низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҷангалҳо, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;

    -маҳдуд, боздошт ё манъ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолияте, ки бе риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, хулосаи экспертизаи экологии давлатӣ, меъёрҳои экологӣ, шартҳои иҷозату иҷозатномадиҳӣ барои намудҳои алоҳидаи фаъолият вобаста ба иҷрои кор ва хизматрасонии таъиноти экологӣ амалӣ гардидаанд;

    -пешниҳоди даъво ба суд оид ба ҷуброни зараре, ки ба муҳити зист расонида шудааст;

    -пешниҳоди маводи дахлдор оид ба манъ намудани сохтмон, азнавсозӣ, истифодаи объектҳое, ки бархилофи қоидаҳо ва меъёрҳои экологӣ, инчунин бе хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ё талаботи он амалӣ гардидааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

    -ба роҳ мондани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ оид ба муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, партовҳои хатарнок, объектҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китоби сурхи байналмилалӣ шомиланд, инчунин ташкилу пуррасозии коллексияи зоологӣ;

    -амалӣ намудани ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил, таъмини низоми маҷмӯии мониторинги вазъи муҳити зист ва истифодабарии сарватҳои табиӣ;

    -дар доираи ваколати худ баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ;

    -бо истифодабарандагони сарватҳои табиӣ бастани шартномаҳо, инчунин таъмини иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ;

    -ташкили феҳристи объектҳои ифлоскунанда, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои назорати ҳолати муҳити зист;

    -нашр ва интишори иттилоот оид ба амнияти экологӣ;

    -таҳия ва тасдиқи намуди сару либоси дорои аломати фарқкунандаи нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва егерҳо;

    -таъсиси шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои машваратию экспертии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисон;

    -ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ даъват намудани роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

    -дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт ва таъмини манъи истифодаи онҳо дар ҳолати вайрон намудани меъёрҳои экологӣ;

    -рӯёнидани пардохт барои ифлос намудан ва намудҳои дигари таъсиррасонии манфӣ ба муҳити зист;

    -тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ манъ намудани намудҳои алоҳидаи фаъолият дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки боиси зарар ба муҳити зист мегарданд;

    -анҷом додани фаъолияти нашрӣ, полиграфӣ ва иттилоотӣ;

    -дар доираи ваколатҳои худ бастани шартномаҳо бо вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;

    -баргузор намудани конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист.

    7. Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадориҳои зерин дорад:

    -риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    -таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист дар сатҳи байналмилалӣ;

    -андешадани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида ва пешниҳоди гузориш оид ба ҳолати иҷрои онҳо;

    -мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ андешидани чораҳои дахлдор ва таъмини ташкилотҳо, мақомоти давлатие, ки бо фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;

    -амалӣ намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.

    4. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

    8. Ба Кумита раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

    9. Раиси Кумита ду муовин, аз ҷумла як муовини якум, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мешаванд. Муовинон дар назди раис ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати фаъолияти хизматии онҳоро амалӣ менамояд.

    10. Ваколатҳои раиси Кумита:

    -роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро таъмин намуда, кори онро ташкил менамояд;

    -барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;

    -доираи ваколати муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказиро муайян менамояд;

    -аз номи Кумита бе пешниҳоди ваколатнома баромад намуда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

    -тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани аттестатсия, озмун, ҳимояи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ, такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

    -хизматчиёни мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои онҳоро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

    -кормандони дастгоҳи марказӣ, раёсати экспертизаи давлатии экологӣ, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин ташкилотҳои низоми Кумитаро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

    -барои ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани директори Агентии обуҳавошиносӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

    -бо пешниҳоди директори Агентии обуҳавошиносӣ муовинони ӯро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд;

    -ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани ҳамоҳангсозони конвенсияҳои экологӣ тибқи мансабҳои хизматӣ ва самти фаъолият пешниҳодҳо манзур менамояд;

    -шӯрои илмию техникиро дар Кумита таъсис медиҳад ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;

    -сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, манфиатҳои онро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳимоя менамояд;

    -рӯйхати маълумоти дорои сирри давлатиро муайян менамояд;

    - фонди музди меҳнат, басти воҳиди корӣ, сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, оинномаҳо, низомномаҳо ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохторх, ташкилоту муассисаҳои нақшаи идоракунх ва низоми Кумитаро тасдиқ менамояд, инчунин ҳисоботи онҳоро мешунавад;

    - аъзои ҳайати мушовараи Кумитаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯйи мансаб дохил мешаванд;

    - доир ба нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии воҳиди кормандон ва номгӯи ташкилотҳои низоми Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

    - комиссияҳои муваққатӣ ва доимоамалкунандаро таъсис медиҳад ва тартиби фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;

    - ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил медиҳад;

    -тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони Кумита ва ташкилотҳои тобеи онро ташкил менамояд;

    -масъалаҳои хизмати давлатиро дар Кумита баррасӣ менамояд;

    -тибқи тартиби муқарраргардида рӯйхати кормандони Кумита ва мақомоти ҳудудии онро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;

    -кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;

    -назорати фаъолияти филиали тоҷикистонии Маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устуворро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ менамояд;

    -фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд;

    -фармоишҳо, дастурамалҳо ва супоришҳои роҳбарони мақомоти поёнии соҳаи ҳифзи муҳити зистро, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат доранд, бекор менамояд;

    -қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии онҳоро дар муҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таъмин менамояд;

    -дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафари хизматидошта, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар маҳалро муқаррар месозад;

    -риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои моддӣ ва пулиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои низоми Кумита назорат менамояд;

    -фармоишу супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказӣ, мақомоту ташкилотҳои нақшаи идоракунӣ ва низоми Кумита ҳатмӣ мебошад;

    -бо хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ (ҳайати хизматрасон ва техникӣ) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад;

    -нақшаҳои кори ҳар як нимсола ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоту сохторҳои нақшаи идоракунии Кумита ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

    -ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

    11. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самти асосии фаъолияти худ аз раёсат, шуъба ва бахш иборат мебошанд.

    12. Дар Кумита мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовини якум, муовини раис, инчунин аз ҳисоби кормандони дигари роҳбарикунандаи дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита таъсис дода мешавад.

    13. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.

    14. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои фаъолияти кории воҳидҳои сохтории марказӣ ва мақомоти маҳаллии Кумита баррасӣ мегарданд.

    15. Ҷаласаи ҳайати мушовара ҳангоми иштирок доштани шумораи аксарияти он гузаронида мешавад.

    16. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул гардида, бо суратҷаласаҳо ба расмият дароварда мешаванд.

    17. Татбиқи ҷазои интизомӣ бо фармоиши раиси Кумита ба расмият дароварда мешавад.

    18. Кумита дар доираи ваколати худ фармоиш қабул менамояд. Ҳангоми набудани раис бо супориши ӯ муовини якуми раис фармоишро имзо менамояд. Дар сурати набудани муовини якуми раис фармоишҳо аз ҷониби муовини раис имзо карда мешавад.

    19. Раиси Кумита ҳамзамон сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ мебошад. Муовини якум ва муовини раис, сардорони раёсатҳои мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр, назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо партовҳо, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об ва назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера муовинони сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ ба ҳисоб рафта, мутахассисони онҳо, инчунин кормандони мансабҳои маъмурии хизмати давлатии сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нозирони давлатӣ мебошанд.

    20. Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, муовини якум ва муовини ӯ ва нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва егер тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ бо тартиби муқарраргардида либоси соҳавӣ бо аломатҳои фарқкунанда пӯшанд, силоҳи хизматиро бо худ гиранд, истифода баранд ва нигоҳ доранд.

    21. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус мувофиқи тартиби муқарраргардида тавассути суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

    22. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, рамз, варақаи расмӣ ва штамп мебошад.

    23. Кумита соҳиби молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартнома бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ё ҷавобгар баромад намояд.

    24. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита - шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ, 5/1.



    freepornvideos desipornscandals.com youzizz
    d. gray man hentai nicehentai.com hentai cuckhold
    素人ハメ撮り師デストロンゼロ avgle.mobi erika kitagawa
    cg porn hindipornmovies.org fudi photos
    سكس عربى حار sexarabporn.net نيك اغتصاب محارم
    heavy.r knocktube.mobi bf picture dekhne wali
    yes porn .com vegasmpegs.info urvashi rautela hot
    indian sax video hd xxxwap.mobi filmitube
    devika nude freepakistanixxx.com car xvideo
    anxxx barzoon.info desi tumbler
    xnxx for money homemadeporntrends.com fight sex videos
    bangalore porn zbporn.net passionate xvideo
    محرمات سكس freeporn8.net افلام سكس تحرش
    garo bf video sweetfucktube.com teens fuck
    www.english sex movie.com greenporn.mobi hd hindi sexi video