| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    РАЁСАТИ МОНИТОРИНГ ВА СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ КУМИТА
    Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, мониторинги давлатии экологӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва механизмҳои иқтисодии истифодабарии табиатро дар Кумита Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ амалӣ менамояд. Барои татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳа барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.
    РАЁСАТИ КОРҲО (БАХШҲОИ УМУМӢ, КАДРҲО,ҲУҚУҚ,КОРҲОИ МАХСУС ВА КОРҲОИ ХОҶАГӢ)
    Раёсати корҳо яке аз сохторҳои асосӣ ва калидии Дастгоҳи марказии Кумита мебошад, ки он самтҳои бақайдгирӣ, назорат ва содироти ҳуҷҷатҳо, кор бо кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ, сохтмони иншоотҳои соҳа ва хоҷагидориро дарбар мегирад. Аз ҷониби Раёсати корҳо ҳар моҳ таҳлили рафти иҷрои Амру Фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, Нақшаи кори Кумита барои нимсола, қарорҳои мушовараи Кумита, протоколҳо ва дигар супоришҳои Раиси Кумита гузаронида шуда, маълумотҳои хаттӣ ба Раиси Кумита пешниҳод мегарданд.
    ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРӢ, МУҲОСИБОТ ВА МОЛИЯ
    Шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияи Кумита дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст. Шуъба қисми таркиби Кумита буда, фаъолияти пешбурди банақшагирӣ ва ҳисобдории Кумитаро ба танзим медарорад. Шуъба таҳти сарпарастии Раиси Кумита ва дар асоси Низомномаи Кумита ва дастурамалҳои мансабии кормандон фаъолияти худро роҳандози менамояд
    НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
    Ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988, №234 «Дар бораи нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи табиат» таъсис ёфт.
    ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ОЛАМИ НАБОТОТУ ҲАЙВОНОТ
    Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988 таъсис гардид. Барои ба танзим даровардани хариду фурӯш ва истифодабарии навъҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, барқарор ва зиёд намудани навъҳо ва саршумори онҳо, инчунин барои ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ ва амалӣ намудани барномаҳои махсус ҷиҳати ҳифз ва рушди гуногунии биологӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам гаштааст ва аз ҷониби Кумита, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии кишвар, мақомоти зерсохтори соҳавӣ корҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд.
    ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
    Самти асосии фаъолияти шуъбаро пешбурди назорати давлатӣ, ҷиҳати ба танзим даровардан ва ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ намудани партовҳо ба ҳавои атмосфера, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, ташкил медиҳад. Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988, №234 «Дар бораи нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи табиат» таъсис дода шуда буд.
    ШУЪБАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН ВА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
    Барои Тоҷикистон, ки кишвари камзамин аст, яке аз масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо ба ҳисоб меравад.
    Дар назди Шуъба иҷрои чунин вазифаҳо вогузор шудааст:
    • қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ва назорати иҷрои онҳо;
    • муайян намудани принсипҳои ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ, гузаронидани санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
    • фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок;
    • таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани қоидаҳо ва меъёрҳое, ки тартиби муомилоти бехатарии экологӣ бо партовҳоро муайян ва талаботи бехатарии партовҳо ба муҳити зист ва саломатии инсонро муқаррар менамояд;
    • ташкил намудани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо, таъмин намудани аҳолӣ ба маълумотҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо; ташкил ва пешбурди феҳристи (кадастри) партовҳо.
    БАХШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Бахши робитаҳои байналмилалии Кумита бо мақсади ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳои Кумита бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагии кишварҳои хориҷӣ, Конвенсияҳои СММ дар таъмини риояи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи муҳити зист фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.
    БАХШИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА,ПАРКҲОИ ТАБИИИ МИЛЛӢИИ
    Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо Қарори собиқ Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи №267 аз 20 июли соли 1992 бо мақсади таъмини устувории мувозинати биологии табиат, ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту набототи нодир, экосистемаҳои хоси табиӣ, мониторинги биологӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, рушди туризми экологӣ, кўҳнавардӣ ва амалисозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, собиқ Парки миллии Тоҷикистон (имрўза Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) таъсис дода шудааст.
    РАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН
    Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ соли 1988 ҳамчун зерсохтори Кумитаи давлатӣ оид ба муҳофизати табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу суботи комили миллӣ ВМКБ диёрамон рӯз то рӯз боз ҳам зебову обод мегардад. Қомат афрохтани бинои нави раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят шаҳодати ин гуфтаҳост. Раёсат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Айни ҳол дар Раёсат ва зерсохтори он 43 нафар хизматчиёни давлатӣ кору фаъолият доранд. Тавассути ин воҳидҳои корӣ ва мукаммал гаштани шароити хуби корӣ раёсат захираҳои табиии вилоятро пурра назорат карда истодааст.
    РАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ВИЛОЯТИ СУҒД
    Вилояти Суғд бо табиати нотакрор, манбаъҳои сершумори обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, куҳҳои арчазор, чашмаҳои шифобахш ва дигар боигарии табиӣ чун ҷузъи хосаи муҳити зисти кишвар маҳсуб меёбад.
    Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд охири соли 1988 дар заминаи сохтори Бозрасии ҳавзавии дарёи Сири идораи хоҷагии оби вилояти собиқ Ленинобод (Суғди кунунӣ) таъсис дода шуд.
    РАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
    Бо мақсади нигоҳдорӣ, ҳифз, парвариш ва афзун намудани олами набототу ҳайвоноти нодири кишвар дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 парваришгоҳи табиии давлатӣ, 2 мамнуъгоҳи табиии давлатӣ ва як Парки миллӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд ва ба гуруҳи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мебошанд. Яке аз партовгоҳҳои бузурги заҳрхимикатҳо дар ҳудуди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон соли 1970 дар масоҳати 6 га ташкил шуда, дар он то солҳои 1991 ба миқдори зиёда аз 7 ҳазор тонна заҳрхимикатҳои аз истифодабаромада ва манъшуда гӯронида шудааст.
    РАЁСАТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
    Шаҳри Душанбе маркази сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маънавии мамлакатамон ба ҳисоб меравад ва ҳамчун пойтахти кишвар минтақаҳои ҷумҳуриро бо ҳам мепайвандад, макони чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, вохӯриҳои сатҳи олӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ маъсуб меёбад. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҳамчун ниҳоди назоратӣ дар самти иҷроиши қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист дар қаламрави пойтахт фаъолият менамояд.