- Хабарҳо

Ҷамъомади тантанавӣ таҳти мавзӯи «Конститутсия –раҳнамои миллат» дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, Раҳимзода Нурулло Сайфулло  сардори  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе роҷеъ ба аҳамияти таҷлили ҷашнвораи 25-солагии Рӯзи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода афзуд, ки Конститутсияи кишвар ҳуҷҷати такдирсоз буда, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ба таври раъйпурсӣ қабул гаштааст.  Дар ҷамъомад қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати тақрибан чаҳоряк аср барои пешравии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши мубориз гузошта, ҷумҳурии моро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори кишварҳое, ки дар онҳо хушбахтона  сулҳу субот ва оромию шукуфоӣ пойдор аст, қарор додааст.

Баъдан, Ниёззода Муҳайё ҳуқуқшиноси Раёсат зимни суханронии хеш иброз дошт, ки қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист аз Конститутсия сарчашма гирифта, барои таъмини ободонию шукуфоӣ, амнияти экологӣ ва баланд гардидани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ нақши муҳим мебозанд.

Ато Иззатулло раиси Итифоқи касабаи Раёсат кормандонро ба рӯзи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки бо заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи Тоҷикистон ба пешрафту шукуфоии бесобиқа ноил гашта, дар тамоми соҳаҳои мухталиф пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Ин ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сароғози ҳамаи қонунҳост сарчашма мегирад.

Дар поёни ҷамъомад дигар мутахассисони соҳа низ дар атрофи муҳиммияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз фикру андешаҳои худро баён  намуданд.  

Иловаи шарҳ