| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита               


                                              


    6 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи ҳарҳафтаина баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, дигар марказу муассисаҳои дар назди Кумита фаъолияткунанда иштирок намуданд. 

    Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаи мониторинги фаъолият аз рӯи самтҳои назоратӣ дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи мазкур сардори Раёсатати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукурзода И. ба тариқи рӯйнамо бо нишон додани факту рақамҳои мушуххас ҳисобот дод.

    Ҳамзамон, масъалаҳои дигари ҷории вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳи раиси Кумита қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои уҳдадорӣ ва масъулият аз муттасадиён пурсон ба амал оварда шуд.

    Аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А. барои боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо баргузории аксияҳои экологӣ, тозагии атрофи шоҳроҳҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, омодагии ҳамаҷониба ба конфронсу чорабиниҳои дигари байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва соҳавии дарпешистода, гузаронидани ҷаласаҳо вобаста ба санаҳои экологӣ, аз ҷумла ҷонвари нодири куҳӣ Морхӯр, ки бо ташаббуси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби СММ эълони Рӯзи байналмилалии Морхӯр, чораҷӯӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар чопи нави Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

    Пас аз баррасии масъалаҳо, арзёбӣ гардидани ҳамаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.

    IMG_8882.jpg IMG_8883.jpg IMG_8888.jpg IMG_8884.jpg           


    Бозгашт