- Хабарҳо

Ба сӯзонидани баргу хазон роҳ надиҳед!

Бо фаро расидани фасли заррини тирамоҳ сӯзонидани баргу хазон ба мушоҳида мерасад. Сӯзонидани партов боиси хуруҷи касалиҳои диқи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Дар баробари партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда хазонрез дарахтон низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобасташуда ба оташ задани барги хазонгардида даст мезананд.

Дар натиҷаи сӯхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳои ба саломатии мавҷудоти зинда зараррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингугирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурӯҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд ихроҷ гардида, аввалан ба роҳи нафаси одамон, баъдан  бо бӯи ғализ ва дудаи худ дохили хуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас ба ҳавои атмосфера партоиш гардида, оқибат дар раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил мешавад. Хокистартудаи он бошад ба воситаи оби боришот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мешавад.

Чунин ҳолат метавонад  ба муҳити зисти табиӣ зарар ворид созад. 

Ҳол он ки оддитарин роҳҳои бартарафсозӣ ин ҷамъоварии баргу хазон дар ҷойҳои мусоидбуда табдилдиҳии он ба компост мувофиқи мақсад мебошад. Албатта истифодаи мақсадноки як чунин усул агар аз як тараф сӯзиши баргу хазонро пешгирӣ намояд, аз ҷониби дигар истифодаи компост ба гулу сабза ва дарахтон ҳамчун нурии минералӣ истифода хоҳад гардид.

Иловаи шарҳ