- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз Парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии “Ромит” боздид ба амал овард

Санаи 31 декабри соли 2020 Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз Парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии “Ромит” боздид ба амал овард.

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 8 нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзунгардонии ҳайвоноти нодир, барқароркунии популятсияи гавазни бухороӣ дар резервати биосферии “Ромит” ва барои зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодири гавазни бухороӣ дар резервати биосферии “Ромит” тадбирҳои мушаххас амалӣ гаштанд, ки дар натиҷа саршумори гавазни бухороӣ дар парваришгоҳи “Ромит” ба 23 сар расонида шуд.

Ҳолати инкишофёбӣ ва мутобиқшавии гавазнҳои навзод дар муҳити экосистемаи резервати “Ромит” муътадил буда, қобилияти вазнгирии табиӣ ва афзоиши табиии онҳо, мувофиқи хусусиятҳои биологии намуди гавазни бухороӣ хуб аст.

Айни замон масоҳати парваришгоҳ аз 5,5 га ба 10 га расонида шуд.

Ҳадафи асосии ташкили парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии Ромит, ин барқарор намудани популятсияи гавазни бухороӣ, ки дар Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, мебошад. Ҳамзамон, зиёд намудани ҳайвоноти нодир ва афзун гардонидани ареали гавазни бӯхороӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва таъмини шароити устувор барои онҳо боиси барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳи экологӣ мегардад.

Иловаи шарҳ