|
Маълумотнома оид ба лоиҳаи “БРСММ/ФГЭ "Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тян-Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва устувории некуаҳволии ҷомеаҳо"
Муҳлати татбиқи лоиҳа |
январи соли 2016 – декабри соли 2022 |
Маблағгузор |
Фонди Глобалии Экологӣ, Барномаи Рушди СММ |
Ҳамшарикони асосии лоиҳа: |
Барномаи Рушди СММ, Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳамшарикони лоиҳа |
Вазорати Кишоварзии Тоҷикистон,Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумита, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ, Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи шикорчиени Тоҷикистон , Трести чарогоҳо. |
Лоиҳа вобаста ба мақсади ниҳоияш дар се самт фаъолият дорад:
· Ҳифз ва идоракунии устувори минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ дар қаламрави ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда;
· Робитаи мутақобилаи устувории экосистемаҳо ва макони зист дар ландшафти васеътар берун аз ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда;
· Дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ.