|
Маълумотнома оид ба Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ)
Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд (БОР) татбиқ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчун Агентии иҷроияи лоиҳа (АИ) муайян гардидааст.
Оғози лоиҳа: 7.03.2019
Анҷоми лоиҳа: 30.06.2023
Вазифа ва мақсадҳои лоиҳа
Таҷдиди Агентии обуҳавошиносӣ ба сохтори тақвиятноки дорои иқтидор ва захираҳои устувор бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо ва пешгӯиҳои ҳодисаҳои табиӣ (обхезӣ) дар ҳавзаи дарёи Панҷ.
Самтҳо (қисмат)-ҳои фаъолияти лоиҳа
Қисмати 1: Таҷдиди бинои асосӣ ва хизматрасони Агентии обуҳавошиносӣ;
Қисмати 2: Таҷдиди ҳуқуқӣ ва ташкилии Агентии обуҳавошиносӣ;
Қисмати 3: Беҳтар намудани системаи пешгӯӣ ва огоҳкунии ҳодисаҳои обхезӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ;
Қисмати 4: Маркетинги хизматрасониҳои иттилоотии Агентии
обуҳавошиносӣ;