|
Маълумот дар бораи лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»
Лоиҳа аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Оғози лоиҳа: 2021
Анҷоми лоиҳа: 2026
Вазифа ва мақсадҳои лоиҳа
Лоиҳа барои бартараф кардани таъсири назарраси иҷтимоию иқтисодии тағирёбии иқлим ба воситаҳои зиндагии ҷамоатҳои осебпазир, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва дастрасии об тавассути ҷузъҳои лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон равона карда шудааст.
Самтҳои фаъолияти лоиҳа
Қисмати 1: Идоракунии ҳамаҷонибаи ҳавзаҳои обҷамъшавӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.
Қисмати 2: Мутобиқсозӣ дар асоси экосистема, аз ҷумла кишоварзии оқилона ва идоракунии устувори замин дар ландшафтҳои агроэкологӣ.
Қисмати 3: Идоракунии дониш дар самти эҷоди устувории иқлим тавассути идоракунии маҷмӯии обтаъминкунӣ ва мутобиқсозӣ дар асоси экосистема дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон.
Лоиҳа дар шаш ноҳияи зерҳадаф амалӣ карда мешавад: Файзобод, Ваҳдат ва Варзоб дар болооби ҲДК, Шаартус, Қубодиён ва Носири Хусрав бошад дар поёноби ҲДК.