| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон





    КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

    Ҷомеаи ҷаҳонӣ далели мушкилоти тағирёбии иқлим ва зарурати ба таври ҳамоҳангшуда ва ҷаҳонӣ амал карданро эътироф кардааст. Қадами муҳимтарин дар ин самт қабули Конвенсияи чаҳорчӯби СММ оид ба тағирёбии иқлим ва Протоколи Киото буд. То имрӯз, беш аз 190 давлати ҷаҳон ба Конвенсияи Қолабии Созмони милали муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1998 ва Протоколи Киоторо соли 2008 шомил шуд.
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тағирёбии иқлимро дар сатҳи миллӣ ҳамоҳанг мекунад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Парижро 22 апрели соли 2016 имзо кард ва парлумони кишвар ин санадро 16 феврали соли 2017 қабул кард. Кишвар ба қабули тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор мебошанд, аҳамияти махсус медиҳад.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019, яке аз аввалин дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро то соли 2030 қабул кард.
    Тибқи Созишномаи Париж, аз кишварҳо дархост карда мешавад, ки саҳми муаяншудаи миллии худро дар ҳар панҷ сол аз нав дида бароянд, то ки ихроҷи газҳои гулхонагиро маҳдуд карда, болоравии ҳарорати замин пешгири намуда ва ба таъсири тағирёбии иқлим мутобиқ шаванд. Такмили СММ ва татбиқи онҳо ба кишварҳо имкониятҳои назаррасро барои мутобиқ сохтани барномаҳои иқлимӣ ва рушд барои мусоидат ба рушди устувор фароҳам меорад, аммо дар самти ҳамгироии ин ҳадафҳо ба сиёсатҳо ва амалиётҳои мавҷуда ва сафарбар намудани захираҳои дохилию хориҷӣ ба мушкилот руй меоваранд.
    Cаҳми муаяншудаи миллии навсозишуда, ки пешниҳоди он дар аввали соли 2021 пешбинӣ шудааст, мувофики талаби возеҳи Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ба давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақсадҳо ва риояи мушаххасоти техникии ҷузъҳои коҳишдиҳӣ ва мутобиқсозӣ пешбинӣ шудаанд.
    Дар ин замина, Бастаи Такмили Чорабиниҳои Иклимӣ (БТЧИ) назди Шарикии Cаҳми муаяншудаи миллӣ дастгирии техникӣ ва молиявиро ба кишварҳо баҳри баланд бардоштани сифат ва саҳми онҳо ба Созишномаи Париж таъмин менамояд. БТЧИ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки узви шарикии Cаҳми муаяншудаи миллӣ мебошад, дар ноил шудан ба ду ҳадафи асосӣ зерин кӯмак мерасонад:
    • Ҳадафи 1: Такмили Cаҳми муаяншудаи миллӣ, аз ҷумла тавассути баланд бардоштани мақсадҳо, ҳамчун як қисми раванди навсозии Cаҳми муаяншудаи миллӣ дар ҳошияи Созишномаи Париж;
    • Ҳадафи 2: Татбиқи фаврии Cаҳми муаяншудаи миллӣ, аз ҷумла тавассути пешниҳоди таҷрибаи техникии дохили кишвар ва баланд бардоштани иқтидор.
    Ҳамоҳангсозӣ дар ҷараёни такмил додани Cаҳми муаяншудаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФAO) роҳбарӣ карда мешавад, ки ҳамчун шарики ҳамоҳангсоз дар ин раванд хидмат мекунад. Ғайр аз он, дар доираи Шарикии Cаҳми муаяншудаи миллии БТЧИ, шарикони дастгирӣ ба мувофиқа омаданд, ки барои амалисозии чорабиниҳои мушаххаси соҳавӣ, ки боиси беҳтар шудани фаҳмиши иқтидори коҳишёбии ихроҷшавиҳо ва имконоти мутобиқшавӣ дар бахшҳои мухталифе мешаванд, ки ҳамчун саҳми онҳо барои укаммалгардонии ҳуччати Cаҳми муаяншудаи миллӣ истифода мешаванд.

    СТСММ НДС. Ҷумҳурии Тоҷикистон