Ҳамкориҳои байналмиалиалӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маълумотнома оид ба Лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)”

    Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа

    Мақсади асосии лоиҳаи минтақвии “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал” ин ҳамкориҳои минтақавӣ зидди мушкилотҳое, ки боиси тағйирёбии иқлим мегардад, мебошад. Лоиҳа барои дастгирии ҳамаҷонибаи рушди иттилоот, институтҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, ки дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии иқлим устувор мебошанд, мусоидат менамояд.

    Кумита барои иҷрои ин вазифаҳо пеш аз ҳама механизмҳои ҳамоҳангсозиро тақвият бахшида, ҷамъоварӣ, табодул ва таҳлили иттилоотро барои дастгирии қабули қарорҳо мунтазам танзим намуда, барои ҷорӣ намудани навовариҳои инноватсионӣ ва устуворпазирӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

       Самтҳои фаъолияти лоиҳа

    Лоиҳа аз се қисмат иборат аст:

    1. Хизматрасонии минтақавӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш доир ба иқлим.

    Ичрокунанда: Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ.

    Дар доираи қисмати мазкур иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:

    ·         Таъсис додани шабакаҳои иттилоотӣ доир ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим.

    ·         Муҷаҳҳазгардонии шабакаҳои мушоҳидавӣ ва обуҳавошиносӣ;

    ·         Баргузории омӯзишҳо ва тадқиқотҳо дар мавзӯъҳои вобаста ба хатарҳои тағйирёбии иқлим;

    ·         Таҳияи консепсияи омилҳои баҳодиҳии маблағгузорӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим.

     

    2. Воситаи минтақавӣ барои сармоягузорӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим.

    Иҷрокунанда: Вазорати Молияи ҶТ.

    3. Ҳамоҳангсозии минтақавӣ ва миллӣ

    Иҷрокунанда: Вазорати Молия ва қисман Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Мӯҳлати татбиқи лоиҳа

    Оғози лоиҳа: 4 августи соли 2016                                                                                      

    Анҷоми лоиҳа: 30 апрели соли 2022



    Бозгашт