|
Маълумотнома оид ба Лоиҳаи “Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (маблағгузории иловагӣ) ҷузъи «С»
Маблағгузории иловагӣ дар доираи лоиҳаи “Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ, (маблағгӯзории иловагӣ) ҷузъи С”, имкониятҳои зеринро фароҳам хоҳад овард: (i) амалӣ намудани чорабиниҳое, ки иҷрои онҳо дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа бо сабаби нокифоя будани маблағҳои грантӣ маҳдуд шуда буданд; (ii) вусъат додани андозаи фаъолият дар бахши харид, аз ҷумла харидории таҷҳизоти обуҳавосанҷӣ ва (iii) амалӣ намудани чорабиниҳои нав, ки барои расидан ба мақсадҳои рушди лоиҳа имконият медиҳад.
Самтҳои фаъолият (қисмат ё компонент)-ҳои лоиҳа
Ҷузъи С-и Лоиҳа аз Қисматҳои зерин иборат мебошад:
Қисмати С.1 – Таҳкими институтсионалӣ, устувор сохтани заминаҳои кадрӣ ва такмили моделҳои молиявии Агентии обуҳавошиносӣ;
Қисмати С.2 – Навсозии системаи мониторинги обуҳавошиносӣ;
Қисмати С.3 – Беҳдошти системаи хизматрасонии Агентии обуҳавошиносӣ;
Қисмати С.4 – Дастгирии татбиқи Ҷузъи С-и Лоиҳа
Муҳлати татбиқи лоиҳа
Оғози лоиҳа - 18 октябри соли 2019
Анҷоми лоиҳа - 31 марти соли 2021 муайян гардида буд. Бо дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи анҷоми Лоиҳа то 31 марти соли 2023 тамдид карда шуд.
Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳа
Гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд.