Ҳамкориҳои байналмиалиалӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маълумот дар бораи лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»

    Лоиҳа аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

    Оғози лоиҳа: 2021                                                                                                     

    Анҷоми лоиҳа: 2026  

    Вазифа ва мақсадҳои лоиҳа

    Лоиҳа барои бартараф кардани таъсири назарраси иҷтимоию иқтисодии тағирёбии иқлим ба воситаҳои зиндагии ҷамоатҳои осебпазир, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва дастрасии об тавассути ҷузъҳои лоиҳа дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон равона карда шудааст.

    Самтҳои фаъолияти лоиҳа

    Қисмати 1: Идоракунии ҳамаҷонибаи ҳавзаҳои обҷамъшавӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.               

    Қисмати 2: Мутобиқсозӣ дар асоси экосистема, аз ҷумла кишоварзии оқилона ва идоракунии устувори замин дар ландшафтҳои агроэкологӣ.

    Қисмати 3: Идоракунии дониш дар самти эҷоди устувории иқлим тавассути идоракунии  маҷмӯии обтаъминкунӣ ва мутобиқсозӣ дар асоси экосистема дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон.               

    Лоиҳа дар шаш ноҳияи зерҳадаф амалӣ карда мешавад: Файзобод, Ваҳдат ва Варзоб дар болооби ҲДК, Шаартус, Қубодиён ва Носири Хусрав бошад дар поёноби ҲДК.

     


    Бозгашт