|
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН |
ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГИ Қонуни мазкур принсипҳо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро муайян намуда, барои пешгирии таъсири манфии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист ва оқибатҳои иҷтимой, иқтисодй ва дигари ба он алоқаманди татбиқи объекти экспертизаи экологй равона гардидааст. БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мафхумҳои асосй Дар Қонуни мазкур мафхумҳои асосии зерин истифода мешаванд: - фармоишгар - мақомоти давлатй, ташкилотҳои ҷамъиятй ва байналмилалй, шахсони воқей ва хуқуқие, ки ба гузаронидани экспертизаи экологй манфиатдоранд; - арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист - муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгуй намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавй; - маводи арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист - хучдатҳои пешазлоиҳавй ва лоиҳавие, ки таъсири фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолиятро ба муҳити зист арзёбй менамоянд; - стандарти экологй - ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасонй ба муҳити зист дар раванди истеҳсолй, нигоҳдорй, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозй (безараргардонй); - фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият - фаъолияти инъикосёфта дар ин ё он хучдати лоиҳавй оид ба сохтмон, азнавсозии объектҳо, истифодаи онҳо ва дигар фаъолият, ки ба истифодабарии захираҳои табий алоқаманд мебошад ва (ё) метавонад ба муҳити зист таъсир расонад; |
- ҳучдати лоиҳавй ва дигар ҳуҷҷатҳо - лоиҳаҳои ҳумҳуриявй, маҳаллй, консепсияҳои соҳавй, пешгӯиҳо, барномаҳо ва нақшаҳо, лоиҳаҳои шаҳрсозй, лоиҳаҳои меъморй ва сохтмон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникй, ки бо Қонуни мазкур ба объектҳои экспертизаи экологй дохил гардидаанд ва дигар ҳучдатҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин объектҳо мансуб дониста мешаванд; - таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳо - ташкилот ва ё соҳибкори инфиродй, ки ба таҳияи ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо машғул мебошад; - таъсири байнисарҳадй - таъсир ба муҳити зисти давлати хоричй, ки метавонад дар натичаи фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон пайдо шавад; - экспертизаи экологй - муқаррар намудани мутобиқат ё номутобиқатии ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо ба талаботи қонунгузорй оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табий, аз он чумла санадҳои меъёрии техникй; - эксперти экспертизаи давлатии экологй - шахси дорои донитттҳои махсус ва тачрибаи кофии барои гузаронидани экспертизаи экологй зарур, ки бо тартиби муқаррарнамуда аз чониби мақомоти ваколатдори давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологй чалб карда мешавад ва (ё) шахсони мансабдори мақомоти давлатии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологй масъул; - хулосаи экспертизаи давлатии экологй - ҳуччате, ки аз рӯи натичаи экспертизаи давлатии экологй таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад. Моддаи 2. Қонунгузории Чумхурии Точ;икистон дар бораи экспертизаи экологй Қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон дар бораи экспертизаи экологй ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. |
Моддаи 3. Приисипқои асосии сиёсати давлати дар соҳаи экспертизаи экологи Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи экспертизаи экологи инҳоянд: - хатари эҳтимолии экологи доштани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият; - ҳатмй будани гузаронидани экспертизаи давлатии экологи; - дар маҷмӯъ арзёбии таъсиррасонии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият ба муҳити зист; - ҳатмй будани баҳисобгирии амнияти экологй ҳангоми гузаронидани экспертиза; - боэътимодй ва пуррагии маълумот, ки барои экспертизаи экологй пешниҳод карда мешавад; - мустақилияти экспертҳои экспертизаи экологй; - аз ҷиҳати илмй асоснок, холисона ва қонунй будани хулосаи экспертй; - ошкорбаёнй, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятй ва ба назар гирифтани афкори ҷомеа; - масъулияти иштирокчиёни экспертизаи экологй ва тарафҳои манфиатдор барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертизаи экологй. Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои экспертизаи экологй 1. Мақсадҳои экспертизаи экологй аз инҳо иборатанд: - пешгирии оқибатҳои манфии имконпазири татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номусоиди онҳо ба саломатии аҳолй, захираҳои табий, муҳити зист, амнияти экологии ҷомеа, аз чумла бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунй, хоҷагидорй, сармоягузорй ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза; |
- таъмини пешгӯиҳои экологй дар асоси ахборот оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологй дар натиҷаи ҷойгиронй ва инкишоф додани кувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба саломатии аҳолй, захираҳои табий, муҳити зист ва амнияти экологй таъсири манфй намерасонанд. 2. Вазифаҳои зкспертизаи экологй аз инҳо иборатанд: - арзёбии самарабахшй, асоснокй ва кофй будани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолй, истифодаи окилонаи захираҳои табий ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза; - арзёбии дурустии дараҷаи хавфу хатари экологии фаъолияти пешбинишаванда, ки аз тарафи фармоишгар ва ё таҳиягари лоиҳа муайян карда шудааст; - арзёбии мутобикати объекти экспертизаи ба истифода додашаванда дар марҳилаи кабули карор оид ба истифодаи онҳо дар худуди Ҷумхурии Тоҷикистон ба стандартҳои экологй; - ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмй асосноки объектҳои экспертиза; - таҳлил ва арзёбии таъсири эҳтимолии аз ҷиҳати экологй зарарноки объектҳои экспертиза ба саломатии аҳолй, захираҳои табий, муҳити зист, инчунин окибатҳои эҳтимолии иҷтимой, иктисодй ва экологии он; - тайёр намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмй асосноки экспертизаи экологй, сари вакт ба макомоти давлатй ва дигар макомоте, ки оид ба татбики объекти экспертиза карор кабул менамояд, пешниҳод намудани онҳо, хабардор намудани шахсони манфиатдор, ҷомеа ва шаҳрвандон. Моддаи 5. Намудҳои экспертизаи экологй Дар Думхурии Тоҷикистон экспертизаи давлатии экологй ва экспертизаи ҷамъиятии экологй гузаронида мешаванд. Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Чумхурии Точ;икистон ва ваколатҳои мақомоти дигари давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй 1. Ба салоҳияти Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи экспертизаи экологй мансубанд: |
- ташкили таҳия ва иҷрои барномаҳои давлати дар соҳаи экспертизаи экологИ; - андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи экспертизаи экологИ; - ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатИ барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаҳо дар соҳаи экспертизаи экологии дорои аҳамияти давлатИ ва байналмилалИ; - амалИ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. 2. Мақоми ваколатдори давлатИ дар соҳаи экспертизаи экологиро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки дорои ваколатҳои зерин мебошад: - ташкили экспертизаи давлатии экологии объектҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур зикр гардидаанд; - таҳия, аз нав баррасИ намудан ва тасдиқи санадҳои меъёрии техникИ ва ҳучдатҳои дастурию методИ, ки татбиқи Қонуни мазкурро дар хусуси гузаронидани экспертизаи давлатии экологИ таъмин менамоянд; - таъмини базаи илмию методии экспертизаи давлатии экологИ; - ташкили таъмини иттилоотии экспертизаи давлатии экологИ, аз чумла таъсис ва пешбурди махзани маълумот оид ба фаъолияти пешбинишаванда, татбиқи объекти экспертиза ва таъсири он ба муҳити зист; - ташкили ҳамкорИ (бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои дигар бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии муштарак, мубодилаи дастовардҳои илмию методИ; - гузаронидани семинару конференсияҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологИ, мубодилаи тачриба чиҳати баланд бардоштани сифати фаъолияти экспертизаи экологИ; - ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертию экологИ дар Ҷумҳурии Точикистон, анчом додани роҳбарии методИ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон; |
- назорати риояи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хукуқй дар соҳаи экспертизаи давлатии экологй ҳангоми ташкил ва гузаронидани он; - ҳамкорй дар доираи ваколатҳои худ бо вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва воҳидҳои экспертии онҳо; - иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои экологии байналмилаллй; - ҷалби олимону мутахассисони хориҷй барои гузаронидани экспертизаи экологй тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки объекти экспертиза дорои сирри давлатй ё тиҷоратй мебошад; - дастрасй доштан ба манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва махзани донитттҳо оид ба арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорй ва дигар намудҳои фаъолият ба инсон ва табиат; - фиристодани хулоса ба мақомоти бонкй оид ба қатъи маблағгузории объектҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд; - омода ва пешниҳод кардани маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар мақомот дар бораи ба ҷавобгарй кашидани шахсоне, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи экологиро риоя накардаанд; - дар доираи ваколати худ анҷом додани дигар амалҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон набуда, ҷиҳати татбиқи ваколатҳояшон заруранд. 3. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй аз инҳо иборатанд: - фиристодани экспертҳо дар ҳайати комиссияҳои экспертй ҷиҳати иштирок дар экспертизаи объектҳое, ки истифодаашон дар минтақаи онҳо пешбинй шудааст ва дар ҳолатҳои таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидории аз тарафи воҳидҳои дигари марзиву маъмурй ба нақшагирифташуда ба муҳити зист; - ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятй, гузаронидани пурсишҳо дар байни аҳолй оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият, ки ба экспертизаи экологй тааллуқ доранд; |
- қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба масъалақои экспертизаи экологй дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятй, пурсишҳо, дархостҳои ташкилотҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятии экологй; - нишон додани ташаббус дар асоси дархостҳои аҳолй ҷиҳати гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологй; - огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй, оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои дахлдор; - огоҳ намудани мақомоти прокуратура ва мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба оғози татбиқи объекти экспертизаи экологй бе хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологй; - татбиқи дигар ваколатҳо дар ин соҳа дар асоси қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон. 4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ичрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи экспертизаи экологй, инчунин иштироки аҳолиро дар гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологй таъмин менамоянд. Моддаи 7. Хуқуққои шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкили экспертизаи экологй 1. Шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятй оид ба ташкили экспертизаи экологй хуқуқҳои зерин доранд: - мутобиқи Қонуни мазкур ҷиҳати гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият, ки ичрои он ба манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда зарар мерасонанд, мурочиат намоянд; - ба мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй ба таври хаттй пешниҳодоти асосноке манзур намоянд, ки ба тарафҳои экологии анчоми фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият дахл доранд; |
- аз мақомоте, ки экспертизаи давлатии экологиро анҷом медиҳанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи экспертизаи экологй, доир ба натиҷаҳои анҷоми экспертизаи экологй маълумот гиранд; - дар таҳия ва муҳокимаи маводи арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист иштирок кунанд; - фаъолияти дигарро дар соҳаи экспертизаи экологй, ки хилофи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон нест, анҷом диҳанд. 2. Ҳангоми таҳияи хулосаи экспертизаи давлатии экологй ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводи ба комиссияи экспертй фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасй карда шаванд. БОБИ 2. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ Моддаи 8. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологй 1. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологй аз инҳо иборатанд: - экспертҳои экспертизаи давлатии экологй (комиссияҳои экспертй); - фармоишгарон; - таҳиягарони хучдати лоиҳавй ва дигар ҳуҷҷатҳо. 2. Эксперти экспертизаи давлатии экологй намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо, инчунин намояндаи шахси воқей ва ташкилоте буда наметавонад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари хуччати лоиҳавй ва дигар хуччатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатй дорад. 3. Тибқи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон ва дар асоси шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари хуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо хукуқу ӯҳдадориҳои фармоишгар метавонанд ба зиммаи таҳиягари хуччати лоиҳавй ва дигар хуччатҳо вогузор карда шаванд. Моддаи 9. Объектҳои экспертизаи давлатии экологй 1. Объектҳои экспертизаи давлатии экологй аз хуччатҳои лоиҳавй ва дигар хуччатҳои зерин оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хочагидорй ва дигар намуди фаъолият |
иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфй расонанд: - лоиҳахри барномаҳо ва нақшаҳои чумхуриявй ва маҳаллй, консепсияҳои соҳавй, пешгӯиҳо, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табий алоқаманданд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд; - лоиҳаҳои шаҳрсозй; - лоиҳаҳои меъморй ва сохтмонй, ки тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинй гардидаанд; - лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникй, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва (ё) истифодаи оқилонаи захираҳои табий нисбати маҳсулот ва раванди таҳияи он, истеҳсол, истифодабарй, нигоҳдорй, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи партовҳо ё хизматрасонй муқаррар мегарданд. 2. Тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон намудҳои дигари хуҷҷати лоиҳавй ва дигар хучдатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологй гузаранд, муқаррар карда мешаванд. Моддаи 10. Тартиби гузарондани экспертизаи давлатии экологй 1. Экспертизаи давлатии экологй аз чрниби экспертҳо гузаронида мешавад. Дар қонунгузории Чумхурии Точикистон ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологй аз чониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертй муқаррар карда мешаванд. 2. Экспертизаи давлатии экологй дар асоси аризаи фармоишгар бо замимаи хуччати лоиҳавй ва дигар хуччатҳо, ки бояд аз экспертизаи давлатии экологй гузаранд, маводи арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Думхурии Тоҷикистон ва дигар хучҷатҳои зарурй, ки таркиб ва мундариҷаашонро қонунгузории Думхурии Тоҷикистон муайян кардааст, гузаронида мешавад. 3. Экспертизаи давлатии экологй дар асоси аризаи таҳиягари хуҷҷати лоиҳавй ва дигар хуҷҷатҳо гузаронида мешавад, агар дар санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумхурии Тоҷикистон ва шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари хуҷҷати лоиҳавй ва дигар хуҷҷатҳо ин вазифа ба ӯҳдаи таҳиягари хуҷҷати лоиҳавй ва дигар хуҷҷатҳо вогузор шуда бошад. |
4. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологи аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Моддаи 11. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологи 1. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологИ то 30 рӯзро ташкил медиҳад. Вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологИ бо қарори мақоми ваколатдори давлатИ дар соҳаи экспертизаи экологИ метавонад то 60 рӯз тамдид карда шавад. 2. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро барои ҳучдати лоиҳавИ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорИ ва дигар намуди фаъолият, ки метавонанд таъсири байнисарҳадИ дошта бошанд, Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд. Моддаи 12. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ 1. Аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатии экологИ хулосаи экспертизаи давлатии экологИ тартиб дода мешавад. 2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологИ (ҳамаи аъзои комиссияи экспертИ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдори давлатИ дар соҳаи экспертизаи экологИ тасдиқ менамояд. 3. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологИ, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, мулоҳизаи махсуси экспертҳои экспертизаи давлатии экологИ, ки бо хулоса розИ нестанд, замима карда мешавад. 4. Хулосаи экспертизаи давлатии экологИ метавонад мусбИ ё манфИ бошад. 5. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологИ аз ҷамъбасти мувофиқати қарори лоиҳавии фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорИ ва дигар намуди фаъолият ба талаботи қонунгузорИ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиИ, аз он қумла санадҳои меъёрии техникИ, инчунин аз дигар маълумот тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон иборат мебошад. |
6. Маблағгузорй ва амалй намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият, ки бояд ҳатман аз экспертизаи давлатии экологй гузарад, танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологй иҷозат дода мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад. 7. Дар сурати манфй будани хулосаи экспертизаи давлатии экологй фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавй ва дигар ҳуҷҷатҳо метавонанд, ки ҳангоми ислоҳи ҳуҷҷати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳо камбудиҳои дар хулоса ҷойдоштаро ба инобат гирифта, онро такроран ба экспертизаи давлатии экологй пешниҳод намоянд ё ин ки аз амалй намудани фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият даст кашанд. Моддаи 13. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологй 1. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологй ба давомнокии амалисозии лоиҳа, ки дар лоиҳаҳои сохтмон пешбинй гардидааст, бо дароз намудани он ба мӯҳлати як сол муқаррар мегардад, агар дар қонунгузории Думҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигар пешбинй нагардида бошад. 2. Мӯҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологй аз рӯи объектҳои экспертизаи давлатии экологй, ба истиснои объектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, тибқи қонунгузории Думҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои ин объект муқаррар карда мешавад. Моддаи 14. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорй ва иловагй 1. Экспертизаи давлатии экологии такрорй дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад: - такмили мавод дар асоси эродҳои экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда; - тағйир ёфтани шартҳои истифодабарии табиат; - истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулкардаи қаблй ё мӯҳлатҳои меъёрии банақшагирй ва |
сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои ҷории сохтмони пешбини гардидаанд; - ба охир расидани мӯҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологи; - дар асоси қарори суд; - дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷати лоиҳавИ ва дигар ҳучдатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологИ. 2. Ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорИ ҷалб намудани эксперте, ки дар экспертизаи экологии таҳги муҳокима қарордошта иштирок намудааст, манъ аст. 3. Экспертизаи давлатии экологии иловагИ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад: - ҳангоми муайян намудани мухолифат байни технология ва лоиҳаи мавқуда; - дар сурати дар мӯҳлатҳои муқарраркардашуда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавИ ҳангоми гузаронидани экспертизаи қаблИ; - дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблИ. 4. Асосҳои беэътибор донистани хулосаи қаблИ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологИ муқаррар карда мешаванд. 5. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳатмИ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатИ маблағгузорИ мешаванд, экспертизаи давлатии экологии такрорИ ё иловагИ таъин кунад. 6. Экспертизаи давлатии экологии такрорИ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳатмИ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаронида мешавад. БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДДДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИ |
Моддаи 15. Ҳукуққои субъектҳои экспертизаи давлатии экологи 1. Эксперти экспертизаи давлатии экологй чунин хукуқҳо дорад: - ба таври хаттй таҳия намудани мулоҳизаи махсус оид ба объекти экспертизаи давлатии экологй ва замима намудани он ба хулосаи зкспертизаи давлатии экологй; - пешниҳоди таклифҳо дар хусуси ба экспертизаи давлатии экологй ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои давлатй ва дигар ташкилотҳои байналмилалй ва давлатҳои хориҷй, ки дорои донитттҳои махсус дар соҳаи муайяни илму техника ва ғайра мебошанд; - пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ташкили гузаронидани экспертизаи давлатии экологй. 2. Фармоишгар хукуқҳои зерин дорад: - гирифтани маълумот аз экспертҳои (комиссияи экспертии) экспертизаи давлатии экологй оид ба мӯҳлату тартиб ва натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологй; - талаб намудани ислоҳи вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологй; - додани шарҳи хаттй ё шифоҳй ва пешниҳод оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологй; - шикоят кардан нисбати хулосаи экспертизаи давлатии экологй ба мақомоти болоии давлатй ва ё ба суд; - амалй намудани хукуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон. 3. Хуқуқҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба таҳиягарони ҳучдати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳо низ дахл доранд. Моддаи 16. Ухдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологй 1. Экспертҳои экспертизаи давлатии экологй ӯхдадориҳои зерин доранд: |
- пурра, холисона ва дар маҷмӯъ таҳлил кардани ҳуҷҷати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳои ба экспертизаи давлатии экологй пешниҳодгардида ва муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорй; - риоя намудани талаботи қонунгузорй оид ба экспертизаи экологй ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологй; - риоя намудани тартиб ва мӯҳлати муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологй; - бе осеб нигоҳ доштани ҳучдати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳои ба экспертизаи давлатии экологй пешниҳодгардида ва нигоҳ доштани махфияти маълумоти онҳо; - ичро намудани дигар ӯҳдарориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ва санадҳои ҳукуқии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон муқарраргардида. 2. Уҳдадориҳои фармоишгар: - пешниҳод намудани ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳои объектҳои экспертизаи давлатии экологй ба экспертизаи давлатии экологй, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Чумҳурии Точикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо ба ӯҳдаи таҳиягари ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо вогузор карда шудааст; - бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи чамъиятии экологй пешниҳод намудани ҳуччати лоиҳавй ва дигар ҳуччатҳо, ки таркибан ва мазмунан ба ҳуччатҳои ба экспертизаи давлатии экологй пешниҳодгардида барои гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологй монанданд; - амалй намудани лоиҳа оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологй дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологй, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад; - ичро намудани дигар ӯҳдадориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон муқарраргардида. |
3. Таҳиягари хучдати лоиҳави ва дигар ҳучдатҳо ухдадориҳои зерин дорад: - пешниҳод намудани хуҷҷати лоиҳавИ ва дигар хучдатҳо оид ба объекти экспертизаи давлатии экологИ дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари хуччати лоиҳавИ ва дигар ҳуччатҳо ба ӯхдаи таҳиягари ҳуччати лоиҳавИ ва дигар ҳуччатҳо вогузор карда шудааст; - ба фармоишгар расонидани хуччати лоиҳавИ ва дигар ҳуччатҳо бо хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологИ; - ичрои дигар ӯхдадориҳое, ки санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумхурии Точикистон ва санадҳои хукуқии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон дар ин соҳа муқаррар намудаанд. БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ҶАМЪИЯТИИ ЭКОЛОГӢ Моддаи 17. Объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ Ҳама объектҳои дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинигардида метавонанд объектҳои экспертизаи чамъиятии экологИ бошанд, ба истиснои ҳуччати лоиҳавИ ва дигар хуччатҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасИ ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон маҳдуд гардидааст. Моддаи 18. Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологИ Субъектҳои экспертизаи чамъиятии экологИ инҳоянд: - шаҳрвандон ва дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории Чумхурии Точикистон ичрои экспертизаи чамъиятии экологИ ба хуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дахл мекунад ва инчунин хуқуқи таъини гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологиро доранд; - ташкилотҳои чамъиятИ, ки соҳаи асосии фаъолияташон тибқи оинномаи онҳо ҳифзи муҳити зист мебошад; - экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертИ, ки барои гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологИ аз тарафи ташкилкунандагони он чалб карда мешаванд; - фармоишгарон ё таҳиягарони хуччатҳои лоиҳавИ ва дигар хуччатҳо; |
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот. Моддаи 19. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологи 1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯхдадоранд аҳолиро аз фаъолияти ба нақшагирифташавандаи хоҷагидорИ ва дигар намуди фаъолият дар ҳудуди тобеи худ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳои дастрас сари вақт хабардор намоянд. 2. Экспертизаи ҷамъиятии экологИ пеш аз экспертизаи давлатии экологИ ё бо он якҷоя гузаронида мешавад. 3. Экспертизаи ҷамъиятии экологИ бо шарти ба қайд гирифтани аризаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологИ оид ба гузаронидани он аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатИ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалИ карда мешавад. Талабот оид ба шакл ва мундариҷаи ариза барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологИ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатИ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аризаро бояд дар рӯзи ворид шуданаш ба қайд гиранд. Ариза дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад: - дар оинномаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологИ фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинИ нашуда бошад; - экспертизаи ҷамъиятии экологИ нисбат ба объекти экспертиза пештар гузаронида шуда бошад; - дигар асосҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. 5. Фармоишгар ё таҳиягари ҳучдати лоиҳавИ ва дигар ҳучдатҳо бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологИ дар давоми 10 рӯз баъд аз пешниҳоди чунин дархост ӯхдадор аст ҳуҷҷати лоиҳавИ ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки таркиб ва мундариҷаашон ба ҳуҷҷати лоиҳавИ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба |
экспертизаи давлатии экологии пешниҳодшаванда монанд мебошад, ба экспертизаи ҷамъиятии экологй пешниҳод намояд. 6. Барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологй ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологй экспертҳоро ҷалб менамояд ё комиссияҳои экспертй таъсис медиҳад. Қоидаҳое, ки дар қисми 2 моддаи 10 Қонуни мазкур муқаррар гардидаанд, ба экспертҳои экспертизаи ҷамъиятии экологй низ дахл доранд. Моддаи 20. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологй 1. Натиҷаи экспертизаи ҷамъиятии экологй дар шакли хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологй тартиб дода мешавад, ки хусусияти тавсиявй дорад. 2. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологй бояд ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологй баррасй карда шавад. 3. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологй метавонад дар воситаҳои ахбори омма чоп гардад, ба мақомоти давлатие, ки ваколати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро доранд, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавй ва дигар ҳучдатҳо ва инчунин ба дигар шахсони манфиатдор пешниҳод шавад. БОБИ 5. АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ Моддаи 21. Банақшагирй ва лоиҳакашии объектҳо ва намудҳои нави фаъолият 1. Банақшагирй ва лоиҳакашии объектҳо ва намудҳои нави фаъолият новобаста ба шаклҳои ташкилию хуқуқй ва моликияти субъекгҳои фаъолияти хоҷагидорй ва дигар намуди фаъолият, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақим расонанд, дар асоси маводи арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист бо тартиби ҳатмии гузаронидани он аз экспертизаи давлатии экологй амалй карда мешавад. 2. Номгӯи объекгҳо ва намудҳои фаъолиятро, ки барои онҳо таҳияи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонй ба муҳити зист ҳатмй мебошад, Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд. |
Моддаи 22. Ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба муҳити зист 1. Ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба муҳити зистро дар ҳамаи марҳилаҳои банақшагирй ва лоиҳакашии объектҳо ва намудҳои нави фаъолият, маблағгузории таҳияи маводи арзёбии таъсиррасони ба муҳити зист, ташкили муҳокимаи ҷамъиятии фаъолияти ба нақшагирифташаванда, пешниҳоди маводи арзёбии таъсиррасони ба муҳити зист, ки барои экспертизаи экологи зарур аст, фармоишгар ба анҷом мерасонад. 2. Тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба муҳити зистро Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд. БОБИ 6. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ Моддаи 23. Маблағгузории экспертизаи давлатии экологи Экспертизаи давлатии экологи, аз чумла ҳангоми такроран ва иловатан гузаронидани он аз ҳисоби фармоишгар маблаггузорй карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад. Моддаи 24. Маблаггузории экспертизаи чдмъиятии экологи Экспертизаи ҷамъиятии экологи аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблаггузорй карда мешавад: - маблаги худии ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологи; - ҳаққи узвияти ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо; - дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст. БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи экспертизаи экологи Баҳсҳо дар соҳаи экспертизаи экологи ба тариқи суди тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Моддаи 26. Ҷавобгари барои риоя накардани Қонуни мазкур |
Шахсони воқей ва хуқуқй барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй кашида мешаванд. Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологй" Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи экспертизаи экологй" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 150; с. 2005, №12, мод. 638; с. 2007, №7, мод. 690; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1002; с. 2010, №1, мод. 13) аз эътибор соқит дониста шавад. Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад. Президенти Чумхурии Тоҷикистон Эмомалй Рахмон ш. Душанбе 16 апрели соли 2012 № 818 ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶАИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологй" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологй" қабул карда шавад. 2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологй" аз 5 марти соли 2003, №808 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, с. 2003, №3, мод. 93; с. 2005, №11, мод. 568; с. 2007 , №6, мод. 482; с. 2008 , №10, мод. 834; с. 2009, №12, мод. 827) аз эътибор соқит дониста шавад. |
Раиси |
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Ш. Зухуров ш. Душанбе, 8 феврали соли 2012, № 684 ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи экспертизаи экологй" Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистонро "Дар бораи экспертизаи экологй" баррасй намуда, қарор мекунад: Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи экологй” ҷонибдорй карда шавад. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 292 |