| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Қонун дар бораи ҳудуҳои табии махсус муҳофизатшаванда


    ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



    ДАР БОРАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ                              МАХСУС

    МУҲОФИЗАТШАВАНДА

    (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159)

    Қонуни мазкур асосҳои хукуқй, ташкилй ва иқтисодии худудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.

    БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мафхумҳои асосй

    Дар Қонуни мазкур мафхумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

    -      худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои ҳавои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмй, фарҳангй, эстетикй, рекреатсионй ва солимгардонй ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорй гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;

    -         мамнӯъгоҳи табий - худуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорй пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорй ва омӯзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табий пешбинй гардидааст;

    -      парки табий - худуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологй, таърихй ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионй, илмй ва фарҳангй пешбинй шудааст;

    -         резервати биосферй - қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферй дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табий ва фарҳангй, истифодаи устувори замин, аз чумла заминҳои таъиноти кишоварзй, фонди ҷангал, худудҳои табиии махсус






    муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбини шудааст;

    -     парваришгоҳи табиИ - худуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани чузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиИ ба давраи муайян қудо гардидааст;

    -     ёдгории табиИ - объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологИ, илмИ, эстетикИ ва фарҳангИ пурарзиш;

    -           минтақаи рекреатсионИ - қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикИ, экологИ ва фарҳангИ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолИ истифода мешавад;

    -     минтақаи муҳофизатИ (буферИ) - минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад;

    -                       Кадастри давлатии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - маҷмӯи маълумот дар бораи вазъи хуқуқИ, мавқеи чуғрофИ, тавсифҳои миқдорИ ва сифатИ, арзишҳои экологИ, иқтисодИ, илмИ, маърифатИ ва дигар арзишҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо;

    -     Солномаи табиат - хучдати илмИ, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зухуроти табиИ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зухуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вучуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд;

    -     туризми экологИ - туризме, ки саёҳат ба чойҳои нисбатан даст нарасидаи табиат бо мақсади дарёфти тасаввурот оид ба хусусиятҳои табиИ ва фарҳангию этнографии маҳал, дар як вақт халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологиро дар бар гирифта, ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиИ манфиатдор гаштани аҳолии маҳал шароити иқтисодИ фароҳам меоварад;

    -     паркҳои дендрологИ ва боғҳои ботаникИ - муассисаҳое, ки вазифаи онҳо ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологИ ва ғанИ гардонидани олами наботот, интродуксия ва мутобиқсозии намудҳои нави растанИ, инчунин






    бо мақсадҳои илми, таълими ва фарҳангию маърифати мебошад.

    Моддаи 2. Қонунгузории Чумхурии Тоҷцкистон дар бораи худудҳои табиии махсус муқофизатшаванда

    Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Чумхурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои хукуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

    Моддаи 3. Категорияхри                      худудх;ои       табиии махсус

    муҳофизатшаванда

    1.           Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми муҳофизат ва истифода категорияҳои зерини худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:

    -       мамнуъгоҳҳои табиии давлатИ;

    -       паркҳои табиии давлатИ;

    -       парваришгоҳҳои табиИ;

    -       боғҳои давлатии ҳайвонот;

    -       ёдгориҳои табиии давлатИ;

    -       минтақаҳои экологию этнографИ;

    -       паркҳои дендрологИ ва боғҳои ботаникИ;

    -       минтақаҳои табиии осоишИ, табобатию солимгардонИ ва рекреатсионИ.

    2.           Мутобиқи қонунгузории Чумхурии Тоҷикистон метавонанд дигар категорияҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда шаванд.

    3.           Бо назардошти арзиши экологИ худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалИ, қумхуриявИ ва маҳаллИ бошанд.






    Моддаи 4. Моликияти давлати будани худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.          Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

    2.          Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонй хуқуқи моликияти давлатии худудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.

    БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАЦДА

    Моддаи 5. Идоракунии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.          Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд

    -     мақоми ваколатдори давлатй), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки худудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми худудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатй амалй месозад.

    2.          Фаъолият оид ба амалй сохтани назорати давлатй ва идоракунии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадй бо қонунгузории Цумхурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин худудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатй оид ба ҳифзи сарҳади давлатй амалй карда мешаванд.

    Моддаи 6. Салоҳияти Хукумати Чумхурии Точ;икистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Ба салоҳияти Хукумати Цумхурии Тоҷикистон дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

    -     пешбурди сиёсати ягонаи давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -     ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатй оид ба ҳифз ва идоракунии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;






    -       қабули қарорҳо оид ба ташкил ва барҳам додани худудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти чумхуриявй ва байналмилалй;

    -       тасдиқи барномаҳои давлатй ва қабули санадҳои меъёрии хуқуқй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       амалй сохтани салоҳияти дигар, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян намудааст.

    Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатй

    Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатй дохил мешаванд:

    -       татбиқи сиёсати ягонаи давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       ташкили мониторинги худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       амалй намудани назорати давлатй;

    -       таҳияи барномаҳо ва санадҳои меъёрии хуқуқй оид ба худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       пешниҳоди даъво оид ба чуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;

    -       амалй сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Чумхурии Тоҷикистон муайян намудааст.

    Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

    -       мусоидат ба ичрои барномаҳои давлатй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;






    -       муайян кардани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тасдиқи барномаҳои маҳаллии экологй;

    -       ҳамоҳангсозй ва назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунй доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

    -       амалй сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

    Моддаи 9. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятй ва шаҳрвандон дар ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Ташкилотҳои ҷамъиятй ва шаҳрвандон дар амалй сохтани тадбирҳо оид ба ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

    Моддаи 10. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.                 Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади арзёбии вазъи фонди табий, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани тадқиқоти илмй, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти ичдимоию иқтисодй ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолии минтақа амалй карда мешавад.

    2.            Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи системаи ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатй бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор, амалй карда мешавад. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

    Моддаи 11. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.            Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар консепсия, стратегия ва барномаҳои






    рушди иҷтимоию иқтисодй пешбинй карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмй асоснокшудаи иқтисодй ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.

    2.            Банақшагирии ҷорй ва дарозмӯҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодй, дар асоси барномаи экологии давлатй ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии нерӯҳои истеҳсолй, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии чумхурй ва минтақаҳои алоҳидаи он анчрм дода мешавад.

    3.      Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди ичтимоию иқтисодии минатақаҳо, нақшаҳои заминсозй ва тарҳи ноҳияҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.

    4.      Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз чониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ин худудҳо дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалй мегардад.

    Моддаи 12. Таъминоти моддию техникй ва маблағгузории тадбирҳои                        ҳифзу       истифодаи        худудҳои       табиии      махсус

    муҳофизатшаванда

    1.    Хукумати Ҷумхурии Точикистон, вазорату идораҳо, мақомоти

    маҳаллии ҳокимияти давлатй ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои            ҳифзу    истифодаи     худудҳои    табиии    махсус

    муҳофизатшаванда чораҳои зарурй меандешанд.

    2.            Тадбирҳои ҳифзу истифодаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорй карда мешаванд: - бучетҳои чумхуриявй ва маҳаллй; - фондҳои чумхуриявй ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;

    -        маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият; - кӯмаки ихтиёрии шахсони воқей ва хукуқй;

    -        дигар намудҳои маблағгузорй, ки қонунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.






    БОБИ 3. ТАШКИЛИ
    МУҲОФИЗАТШАВАНДА



    ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС



    Моддаи 13. Тартиби ташкили худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатй тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

    Моддаи 14. Минтақаҳои муҳофизати (буфери)

    1.        Ҳангоми зарурати пешгирй ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар атрофи ин худудҳо метавонанд минтақаҳои муҳофизатй (буферй) бо фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.

    2.        Дар минтақаҳои муҳофизатй (буферй) намудҳои фаъолияти хоҷагидорй ва истифодаи табиат, ки ба худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфй мерасонанд, манъ аст.

    3.        Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатй (буферй) ва низоми онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатй муқаррар карда мешаванд.

    Моддаи 15. Гузаргоҳҳои экологй

    1.        Гузаргоҳҳои экологй барои таъмини алоқаи бефосила миёни худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар худудҳои табиии муҳофизатшавандаи шабакаи экологй бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнӯию табий, гуногунии биологй, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар худудҳои табиии муҳофизатшавандаи мазкур чрйгиранд ва мерӯянд, ташкил карда мешаванд.

    2.        Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологй низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи ҷойивазкунй ҳангоми муҳоҷират, инчунин ҳифзи чрйҳои нашъунамои растаниҳои ёбоиро таъмин менамояд.






    3.       Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологй аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатй муайян карда мешаванд.

    Моддаи 16. Заминқои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Заминҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурӯҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонй, рекреатсионй ва таърихию фарҳангй тааллуқ доранд. Дар заминҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.

    Моддаи 17. Тартиби захираи заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.       Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарори раисони шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси пешниҳоди якҷояи мақоми ваколатдори давлатй ва муассисаи ваколатдори илмй захира карда мешаванд.

    2.       Дар мавриди захира кардани заминҳо барои ташкили худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо зарари заминистифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон қуброн карда мешавад.

    3.       Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин ба мақсади ташкили худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар қуброн карда намешавад.

    Моддаи 18. Дастрасии шахрвандон ба худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.       Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатй доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионй, солимгардонй, фарҳангй ва туризми экологй истифода мегарданд.

    2.       Дар худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми муҳофизатии қатъидошта, истиқомати






    начандон зичи аҳолии таърихан муқимй, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад.

    3.       Туризми экологй дар вақти муқарраргардида ва аз рӯи хатсайрҳои пешакй муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатй муайян кардааст, анчрм дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатй ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва аз байн равандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сабзиши) онҳо, метавонанд туризми экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд.

    4.       Шахсони воқей ва хуқуқии машғули туризми экологй бояд бо мақомот ё ташкилотҳое, ки худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон аст, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои туризми экологй шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд.

    5.       Воридшавй ба худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади туризми экологй метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди туризми экологиро дар худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Хукумати Ҷумхурии Точикистон муқаррар менамояд. Маблағҳое, ки аз туризми экологй дар худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои нигохдорй, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин худудҳо истифода мешаванд.

    Моддаи 19. Тартиби азнавташкилдиҳй, боздоштани фаъолият ва барҳам додани худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.       Азнавташкилдиҳй, боздоштани фаъолият ва барҳам додани худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Хукумати Ҷумхурии Точикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатй тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумхурии Точикистон анчом дода мешаванд.

    2.              Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор мегиранд.






    3.        Фаъолияти худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:

    -      ба охир расидани мӯҳлати фаъолият;

    -       расонидани зарари дуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табий ва амалҳои дорои хусусияти техногенй;

    -                       гирифтани замини худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои дигар мақсадҳои давлатй ва ҷамъиятй.

    БОБИ 4. МАМНӮЪГОХХОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

    Моддаи 20. Вазифаҳои мамнӯъгоҳқои табиии давлатй

    Ба зиммаи мамнӯъгохҳои табиии давлатй вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:

    -       ҳифзи гуногунии биологй бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиии мамнӯъгоҳ;

    -      пешбурди мониторинги биологй;

    -      гузаронидани тадқиқоти илмй;

    -       иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорй ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнӯъгохҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфй расонад;

    -            мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмй ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;

    -      густариши донитттҳои экологй.

    Моддаи 21. Тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй

    1.        Қарор дар бораи ташкили мамнӯъгохҳои табиии давлатй, инчунин тағйир додани худуди онҳо аз чрниби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатй ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй қабул карда мешавад.






    2.           Барои ташкили мамнуъгоҳҳои табиии давлатй розигии шахсони воқей ва хукуқй, ки дар ин худуд бо фаъолияти хоҷагидорй ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.

    3.           Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

    Моддаи 22. Идоракунии мамнӯъгохҳои табиии давлатй

    1.      Мамнӯъгохҳои табиии давлатй аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатй тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.

    2.           Нақшаҳои идоракунии мамнӯъгохҳои табиии давлатй аз тарафи мақоми ваколатдори давлатй тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатй, ташкилотҳои ҷамъиятй ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқей ва хуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунй бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1159).

    Моддаи 23. Низоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй

    1.           Дар худуди мамнӯъгохҳои табиии давлатй фаъолияти хоҷагидорй ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табий тахдид мекунанд ва бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.

    2.      Дар худуди мамнӯъгохҳои табиии давлатй ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо мутобиқсозии растанй ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.

    3.           Дар мамнӯъгохҳои табиии давлатй амалй намудани тадбирҳои зерин мумкин аст:

    -               тадбирҳои нигохдошт, барқарорсозй ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табий дар натиҷаи таъсири антропогенй, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию тадқиқотии ба зиммаи мамнӯъгоҳ гузошташуда;

    -         тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарй, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорй ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатй заруранд.






    4.         Дар худуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнӯъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалй менамоянд, танҳо бо иҷозати маъмурияти мамнӯъгоҳҳо мумкин аст.

    5.       Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй сохтмони объектҳои нави хоҷагидорй ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои ифлоскунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии худуди мамнӯъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатй анҷом дода мешаванд.

    Моддаи 24. Фаъолияти илмию тадқиқотй дар мамнуъгохҳои табиии давлатй

    1.         Фаъолияти илмию тадқиқотй дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй тавассути тадқиқоти доимии шабонарӯзй ва бисёрсолаи комплексй, ки ба омӯзиши комплексҳои табий ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табий бо мақсади арзёбй ва пешгӯй кардани вазъи экологй, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биосфера, барқарорсозй ва истифодаи оқилонаи захираҳои табий равона шудаанд, анҷом дода мешавад. Пешбурди "Солномаи табиат” барои тамоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй ҳатмист.

    2.         Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй дар низомномаҳои онҳо ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатй тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.

    3.       Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй шӯроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шӯрои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатй тасдиқ мекунад.

    4.       Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй бояд бемӯҳлат нигоҳ дошта шаванд. Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй хукуқи нашри асарҳои илмй дода мешавад.

    Моддаи 25. Истифодаи объектҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй

    Замину об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти худуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй пурра ва ройгон барои истифодаи бемӯҳлат ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.






    БОБИ 5. ПАРКҚОИ ТАБИИИ ДАВЛАТИ

    Моддаи 26. Мавқеи ҷойгиршавй ва вазифаҳои паркҳои табиии давлатӣ

    1.            Худуди паркҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои истифодабарии онҳо дода мешаванд, инчунин дар заминҳои дигар истифодабарандагон чрйгир мешаванд.

    2.       Ба зиммаи паркҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

    -         ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъаҳо ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;

    -         ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);

    -         ташкили маърифати экологии аҳолӣ;

    -         таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист; - муҳайё сохтани шароити мусоид барои туризми экологӣ.

    Моддаи 27. Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ

    1.            Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти чумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.

    2.       Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз чониби Хукумати Ҷумҳурии Точикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.

    3.       Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз чониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.

    Моддаи 28. Идоракунии паркҳои табиии давлатӣ

    1.            Паркҳои табиии давлатӣ аз чониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.

    2.       Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои чамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии






    манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракуни ҷалб карда шаванд.

    Моддаи 29. Минтақабандй ва низоми паркқои табиии милли

    1.      Минтақабандии паркҳои табиии миллИ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии миллИ дар ихтиёрашон мебошанд, амалИ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатИ тасдиқ карда мешавад.

    2.      Дар ҳудуди паркҳои табиии миллй мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табий ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.

    3.     Худуди паркҳои табиии миллй ба минтақаҳои зерин чудо карда мешаванд:

    -     минтақаи мамнӯъ - минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорй ва дигар фаъолият, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинй шудааст;

    -     минтақаи парваришгоҳ - минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорй ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табий ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфй нарасонад, пешбинй менамояд. Дар

    минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кӯтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гӯшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;

    -        минтақаи фаъолияти хоҷагидорй - минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табий, инчунин истифодабарии замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинй мешавад.

    4.     Дар ҳудуди паркҳои табиии миллй амалҳои зерин манъ аст:

    -     буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарй ва бо мақсадҳои нигоҳубин;






    -      фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологи доранд;ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонИ;

    -      гӯронидани ҳама гуна партовҳо.

    5.            Тибқи низомномаи паркҳои табиии миллИ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиИ, илмИ, эстетикИ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳцуд карда шаванд.

    6.       Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралИ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии миллИ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатИ амалИ карда мешаванд.

    БОБИ 6. ПАРВАРИШГОҲҚОИ ТАБИӢ

    Моддаи 30. Намудҳои парваришгохҳои табиӣ

    1.            Парваришгоҳҳои табиИ метавонанд давлатИ ва хусусИ бошанд. Парваришгоҳҳои табиии давлатИ метавонанд дорои аҳамияти қумҳуриявИ ва маҳаллИ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусИ танҳо аҳамияти маҳаллИ доранд.

    2.       Парваришгоҳҳои табиии давлатИ аз рӯи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

    -      ландшафтИ (комплексИ) - барои нигохдорИ ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиИ;

    -                биологИ (ботаникИ, зоологИ) - барои нигохдорИ ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери тахдиди нобудшавИ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

    -      палеонтологИ - барои нигохдории намудҳои алохидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмӯи онҳо;

    -      гидрологИ (ботлоқИ, кӯлИ, дарёИ) - барои нигохдории объектҳои пурарзиши об ва акваторияи онҳо;

    -      геологИ ва минералогИ - барои нигохдории намудҳои нодири геологИ ва минералогИ.

    Моддаи 31. Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиИ






    1.                 Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти чумхуриявй аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатй ташкил карда мешаванд.

    2.       Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй ташкил менамоянд.

    3.                 Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатй эълон карда шаванд.

    4.            Парваришгоҳҳои хусусй бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар асоси дархости шахсони воқей ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатй ва муассисаи ваколатдори илмй ташкил карда мешаванд.

    5.       Парваришгоҳҳо метавонанд бемӯҳлат ё ба мӯҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.

    Моддаи 32. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳқои табиии давлатй

    1.                 Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти қумхуриявй дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатй буда, аз ҳисоби буҷети қумхуриявй маблағгузорй карда мешаванд.

    2.       Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллй аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.

    Моддаи 33. Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатй

    1.       Дар худуди парваришгоҳҳои табиии давлатй ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.

    2.                 Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатй бо низомномаи он муайян карда мешавад.

    3.       Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатй ташкил карда шудааст,






    вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.

    Моддаи 34. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ

    1.          Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар

    мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.

    2.          Низоми парваришгоҳи табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши онҳоро пешбинӣ намояд.

    3.          Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар худуди парваришгоҳҳо манъ аст.

    4.          Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.

    5.          Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

    БОБИ 7. БОҒҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАЙВОНОТ

    Моддаи 35. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот

    1.          Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳамияти чумхуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

    2.          Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳамияти чумхуриявӣ доранд, Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.

    3.          Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.






    4.       Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемӯҳлат дода мешаванд.

    5.       Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорй, афзоиш ва намоиши ҳайвонот - тамошогоҳ, барои гузаронидани тадқиқоти илмй - минтақаи илмй, барои хизматрасонй ба тамошобинон - минтақаҳои ҷамъиятй, маъмурй ва хоҷагию истеҳсолй пешбинй карда мешаванд.

    Моддаи 36. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳаивонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо

    1.       Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.

    2.       Воридот ва содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносй (зоологй) тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.

    3.       Дар боғҳои давлатии ҳайвонот хадамоти байторй ва зоотехникй, ҳамчунин чрйҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди нобудшавй қарордошта ташкил карда мешаванд.

    Моддаи 37. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот

    1.       Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмй, фарҳангй ва таълимй истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорй ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод тадқиқотҳои илмй гузаронида мешаванд.

    2.       Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмй, илмии оммавй ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолй дар соҳаи байторй, корҳои селексионй ва парвариши ҳайвоноти зотй хизмати музднок расонанд.

    3.       Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологй ва дигар объектҳои барои фаъолияти хочдгидорй зарур ташкил карда шаванд.






    БОБИ 8. ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТИ ВА МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФИ



    Моддаи 38. Тартиби ёдгориҳои табиии давлати эълон кардани объектҳои табиИ

    1.        Ёдгориҳои табиии давлати метавонанд дорои аҳамияти чумхуриявй ва маҳаллй бошанд.

    2.      Объектҳои табии бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлати, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳамияти қумҳуриявй эълон карда мешаванд.

    3.        Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллй эълон кардани объектҳои табиат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатй ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.

    4.      Объектҳои табий метавонанд бе гирифтани қитъаҳои замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатй эълон карда шаванд.

    Моддаи 39. Низоми ёдгориҳои табиии давлатй

    1.      Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатй, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳцид карда метавонад, манъ аст.

    2.        Шахсони воқей ва ҳукуқие, ки дар заминҳои мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатй ҷойгиранд, ӯҳдадоранд муҳофизати онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатй эълон кардани объекти табий қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадории муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад.

    3.               Харочрти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатй аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатй, фондҳои чумҳуриявй ва маҳаллии ҳифзи мухити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Думхурии Точикистон манъ накардааст, пӯшонида мешавад.






    Моддаи 40. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографи ва низоми онҳо

    1.         Минтақаҳои экологию этнографи бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

    2.         Фаъолияти хоҷагидорй дар худуди минтақаҳои экологию этнографи набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти аҳолй ва захираҳои биологй гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҷоии минтақаҳои экологию этнографй танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорй роҳ дода мешавад.

    3.         Минтақаҳои экологию этнографй дар ихтиёри Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.

    БОБИ 9. ПАРКҲОИ ДЕЦДРОЛОГӢ ВА БОҒҲОИ БОТАНИКӢ Моддаи 41. Мақоми паркҳои дендрологй ва богҳои ботаникй

    1.         Паркҳои дендрологй ва боғҳои ботаникй метавонанд шахси хукуқии мустақил бошанд ва аз буҷети давлатй таъмин карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои илмию тадқиқотй ё таълимй дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд.

    2.         Замини паркҳои дендрологй ва боғҳои ботаникй аз истифодаи хоҷагидорй гирифта, барои истифодаи бемӯҳлат ба онҳо дода мешавад.

    Моддаи 42. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологй ва боғҳои ботаникй ва низоми онҳо

    1.      Паркҳои дендрологй ва боғҳои ботаникй аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй ё аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатй бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.

    2.     Дар худуди паркҳои дендрологй ва боғҳои ботаникй ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавқудияти набототи худрӯи табий ва боғй таҳдид мекунад, манъ аст.






    3.      Худудҳои паркҳои дендрологи ва боғҳои ботаники метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:

    -        намоишИ, ки воридшавИ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;

    -        илмию таҷрибавИ, ки хуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологИ ва боғҳои ботаникИ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмИ доранд;

    -        мамнӯИ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарИ ва нодири табииро таъмин менамояд;

    -        маъмурИ.

    4.      Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмИ, вазъи хуқуқИ, сохти ташкилИ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологИ ва боғҳои ботаникИ дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.

    БОБИ 10. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ОСОИШӢ, ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНИ ВА РЕКРЕАТСИОНӢ

    Моддаи 43. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии осоишй ва табобатию солимгардонй

    1.      Минтақаҳои осоишИ ва табобатию солимгардонии табиИ аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.

    2.      Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиИ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонИ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавИ ва бармаҳал харобшавИ минтақаҳои ҳифзи санитарИ муқаррар карда мешаванд.

    3.      Дар минтақаҳои ҳифзи санитарИ анҷом додани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавИ ва табобати санаторИ таъсири манфИ мерасонанд, манъ аст.

    Моддаи 44. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ

    1. Минтақаҳои табиии рекреатсионИ бо қарори Хукумати Чумхурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатИ ва дар мувофиқа бо






    заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.

    2.        Дар минтақаҳои рекреатсионй фаъолияти хоҷагадорй ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфй расонида, манзараҳои табиатро ҷиддй тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.

    3.              Минтақаҳои табиии рекреатсионй барои истироҳати муташаккилонаи аҳолй ва туризм мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагони асосй мебанданд, истифода карда мешаванд.

    4.        Низоми минтақаи табиии рекреатсионй бо низомномаи он, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

    БОБИ              11.             ҲУДУДҲОИ             ТАБИИИ             МАХСУС

    МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

    Моддаи 45. Резерватҳои биосферии давлатй

    1.              Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферй пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферй дар асоси пешниҳоди якҷояи мақомоти ваколатдори давлатй ва муассисаи ваколатдори илмй аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферй мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй дорои аҳамияти байналмилалй мегарданд.

    2.                   Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалй аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатй идора карда мешаванд. Низомномаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти байналмилалй аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Точқкистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатй тасдиқ карда мешавад.

    3.        Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй, ки мақоми резерватҳои биосферй доранд, минтақаҳои зерини функсионалй пешбинй карда мешаванд:






    -          минтақаи марказй (ядро) - минтақа бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологй ва ландшафтй ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинй шудааст. Дар минтақаи марказй ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорй, ба ғайр аз тадқиқотҳои илмй ва гузаронидани мониторинги ҷараёнҳои табий манъ аст;

    -          минтақаи муҳофизатй (буферй) - қисми худуде, ки одатан минтақаи марказиро иҳота мекунад ё бо он ҳамсарҳад буда, барои амалй намудани фаъолияти аз назари экологй бехатар, аз чумла дар бахши маърифати экологй, фароғат, туризми экологй, инчунин гузаронидани тадқиқотҳои илмй истифода мешавад;

    минтақаи гузариш - қисми худуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дорад ва барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.

    Моддаи 46. Паркҳо ва мамнӯъгохҳри табиии байнидавлатй

    1.      Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатй дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Думхурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

    2.      Низоми паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатй тибқи созишномаҳои байнидавлатй, қонунгузории Думхурии Тоҷикистон ва давлатй (давлатҳои) иштирокчии созишномаҳои мазкур муайян карда мешавад.

    Моддаи 47. Заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалй

    1.      Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалй минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан, паррандагони обии муҳочир хизмат мекунанд.

    2.      Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалй метавонанд ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатй, паркҳои табиии миллй ва дигар намудҳои худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда, шаванд.






    3.        Дар худуди кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалй низоми мамнӯй, парваришгоҳ ё ин ки низоми фаъолияти хоҷагидории танзимшаванда муқаррар карда мешавад.

    БОБИ 12. ТАРТИБИ ҲИФЗИ ҲУДУДҚОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАЦДА

    Моддаи 48. Тартиби ҳифзи худудҳои табиии махсус мух;офизатшаванда

    1.           Худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин худудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Думхурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

    2.        Кормандони хадамоти муҳофизати худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз чумлаи кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй мебошанд.

    3.           Директорони мамнуъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй сарнозирони давлатии муҳофизати ин худудҳо мебошанд.

    Моддаи 49. Хуқукҳои нозирони давлатии мухофизати мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй

    1.           Кормандони мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй, ки нозирони давлатии ҳифзи худудҳои мазкур мебошанд, хукуқ доранд аз тамоми хуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.

    2.        Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй барои шахсони воқей ва хуқуқй ҳатмй буда, нисбати онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

    3.        Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматй ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматй тибқи тартиби муқарраргардида хуқуқ доранд (Қонуни ДТ аз 27.11.2014 № 1159).

    4.        Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ ва паркҳои табиии давлатй мавриди суғуртаи ҳатмй қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматй ба чуброни зарар хуқуқ доранд.






    Моддаи 50. Назорати ҷамъияти дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    Назорати ҷамъиятй дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониб ва бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятй дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатй амалй мегардад.

    БОБИ 13. МУКДРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

    Моддаи 51. Ҳамкории байналмилалИ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

    1.        Ҳамкории байналмилалй дар соҳаи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси қонунгузории Ҳумхурии Тоқикистон ва санадҳои хуқуқии байналмилалие, ки Тоқикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

    2.        Дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумхурии Тоқикистон дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба санадҳои хуқуқии байналмилалие, ки Тоқикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои санадҳои хукуқии байналмилалй амал менамоянд.

    Моддаи 52. Ҷавобгарй барои риоя накардани Конуни мазкур

    Шахсони воқей ва хуқуқй барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Чумхурии Тоқикистон ба қавобгарй кашида мешаванд.

    Моддаи 53. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи худудҳои табий ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда"

    Қонуни Ҷумхурии Тоқикистон аз 13 декабри соли 1996 "Дар бораи ҳудудҳои табий ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда"

    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоқикистон, с. 1996, №23, мод. 353; с. 1998, №10, мод. 125; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

    Моддаи 54. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

    Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарор дода шавад.



    Президенти






    Ҷумхурии Тоҷикистон              Эмомалй Рахмон

    ш.Душанбе

    26 декабри соли 2011 № 788

    ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶАИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

    1.        Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” қабул карда шавад.

    2.        Қарори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумхури Тоҷикистон ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” аз 13 декабри соли 1996, №329 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 354) аз эътибор соқит дониста шавад.

    Раиси

    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон                          Ш.Зуҳуров

    ш. Душанбе, 30 ноябри соли 2011, № 605

    ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶАИСИ ОАИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Оид ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”

    Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистонро ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофи-затшаванда” баррасй намуда, қарор мекунад:

    Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ҷонибдорй карда шавад.






    Раиси




    Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

    Ҷумхурии Тоҷикистон                М.Убайдуллоев

    ш. Душанбе, 15 декабри соли 2011 № 241



     


    Бозгашт