1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷае мебошад, ки дар рӯи он се рах ранга ба таври уфуқӣ ҷойгир карда шудаанд: рахҳои боло ва поён ранги сурх ва сабз дошта, рахии мобайнӣ ранги сафед мебошад. Рахи сафед нисбат ба дигарон васеътар аст.