| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Забон-бақои миллат
    Ахбор

    Забон-бақои миллат

    Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рўзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст.

    Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад.

    Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст, доир гардид.

    Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З. С. иштирок намуд.

    Дар рафти машғулият ба ҳозирин Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат фаҳмонида дода шуд. Ҳамчунин оид ба таркиби луғавии забон, истифодаи фарҳанги забони тоҷикӣ, аломатҳои китобатӣ, тибқи талаботҳои қарор ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ, ки барои дуруст навиштани маълумотҳо аҳамияти ҷиддӣ дорад, қайд карда шуд.

    Дар интиҳо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба саволҳои худ ҷиҳати тағйиру иловаҳо, ки дар қарори мазкур омадааст ҷавоби муфассал гирифта, иброз намуданд, ки дар фаъолияти худ конуни мазкурро риоя намуда, барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.


    Бозгашт