| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Забон-ҳастии миллат
    Ахбор

    Забон-ҳастии миллат

    Дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ бо мақсади таҷлили Рӯзи забони давлатӣ маҷлиси идона доир гардид, ки дар он кормандони бахш ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. Иштирок намуданд.

    Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба арҷгузорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ сухан кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» баромад намуд.

    Дар қисмати дигари чорабинии идона кормандони бахш оид ба забон, талаботҳои қонуну қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таваҷҷўҳ карда, аз мутасаддии иштирокдор ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

      

    Бозгашт