Вохурӣ бо кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2025 ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №8251 (23-3) ва дархости Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли ҷорӣ, №4337,9.1 оид ба баргузор намудани семинару машваратҳо дар вазорату идораҳои вобаста ба муқаррароти Кодекси андози, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров С. сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз, Алимадов Саъдулло муовини сардори раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз ва Ҳисайнов Шоҳрухон сармутахассиси Раёсати хизматрасонии Кумитаи андоз иштирок намуда ба тавассути рӯйнамо ва ҷалибу шавқовар бо кормандон суҳбати озод оростанд.
Дар навбати худ иштирокдорон дар робита ба мавзуъҳои матраҳшуда суолҳо дода аз мутахассисони соҳаи андоз ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.