| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии нозирони соҳавӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Вохӯрии нозирони соҳавӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18 январ дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии нозирони соҳавӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирӣ Алишер Қаҳҳор вохӯрӣ баргузор гардид.

    Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон вохӯриро оғоз бахшида, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ баррасии масъалаҳо оид ба натиҷаҳои санҷиши қаблии намояндаи ниҳоди назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз фаъолият дар пешбурди назорти давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.

    Сипас, сухан ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, ки мавсуф дар баробари тавсифи бисёр ҷиҳатҳои корбарию когузории назоратии нозирони санҷидашуда, ҳамчунин камбудиҳои ҷузъиеро, ки дар рафти фаъолияти онҳо ошкор гардидааст, арзёбӣ намуд.

    Дар навбати худ нозирони иштирокдор аз ин шеваи санҷиш изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин назорат ва вохӯриҳо имкон медиҳад, ки камбудиҳо бартараф карда шуда, коргузории нозирон ҳамчун хизматчии давлатӣ шаффофу дуруст ва тибқи муқаррароти қонунгузориҳои амалкунанда пеш бурда шавад.

    Дар вохӯрии мазкур саволуҷавоб низ сурат гирифта, ба саволҳои сершумори нозирон аз ҷониби  намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.


    Бозгашт