| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо
    Ахбор

    Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо   

    25 марти соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати ҳифзи муҳити зисти Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ҷаноби Марко Кейнер ва намояндагони он оид ба омодасозии Ҳисоботи «Баррасии шарҳи самаранокии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баррасии корҳо дар доираи Конвенсияи Орхус вохӯрӣ гузарониданд.

    Роҳбари ҳайати корӣ Дустзода Диловаршоҳ шарҳи мухтасар оид ба корҳо ва ташаббусҳое, ки дар доираи иҷрои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои баланд бардоштани тавоноӣ ва иқтидори институтсионалӣ оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ дар омӯзиш ва муайян намудани организмҳои тағйирдодашудаи генетикӣ (ГМО) ва дар умум чорабинихое, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим амалӣ мешаванд, маълумот дод.

    Ҷаноби Марко Кейнер қайд намуд, ки омодасозии Хисоботи «Баррасии шарҳи самаранокии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле муҳим ва афзалиятнок аст.

    Дар ин самт мо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, айни замон ҷиҳати татбиқи минбаъдаи тадбирҳо дар ин самт харитаи роҳ омода шуда истодааст. Ҷаноби Кейнер омодагиро дар таҳияи ҳисоботи болозикр изҳор намуд. Инчунин кайд гардид, ки моҳи апрели соли ҷорӣ доир намудани ҷаласаи минтақавӣ дар ин самт ба нақша гирифта шудааст.

    Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро ҷиҳати таҳкими иқтидори техникӣ ва институтсионалӣ оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ба роҳ мемонанд.


    Бозгашт