| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа
    Ахбор

    Татбиқи назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳа

                                                                    

    изображение_viber_2023-02-04_12-53-19-326.jpg

    Гузаронидани амалиёти фаврӣ доир ба назорати давлатии риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъбаҳои сарраёсат якҷоя бо нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо чунин амалиётҳо гузаронида шуд.

    Ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ду нафар шаҳрвандон, Турдимуротов А., сокини маҳаллаи 34 ва Раҳматов И., сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров боздошт гардида, нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуд.

    Боз як нафар сокини маҳаллаи 18-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷиев Ф. ҳангоми сӯзонидани хазону партовҳо боздошт гардид, ки нисбати ӯ низ бо моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудаст.

    Бо ҳамин намуд қонунвайронкунӣ – сӯзонидани партовҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов, аз ҷониби сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой Зуҳуров И. ошкор гардид ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

    Дар ноҳияи Спитамен низ нозирони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист амалиёти фаврӣ гузаронида, нисбати ду нафар - Бекмурзоев С., сокини деҳаи Лангарӣ, ҷамоати деҳоти Тоғояк ва Очилов Р., сокини ноҳияи Деваштич барои шустушӯи нақлиёт дар ҷойҳои ғайрирасмӣ ва ифлос кардани манбаъҳои обӣ бо моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб доданд.

    Дар баробари ин, ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ байни аҳолии деҳаи Роғуни ҷамоати деҳоти Тоғояки ноҳияи Спитамен корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.


    Бозгашт