| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тасдиқи нақшаи гул ва ниҳолшинонӣ дар пойтахт
    Ахбор

    Тасдиқи нақшаи гул ва ниҳолшинонӣ дар пойтахт

    Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2021, №609 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе”  мавриди амал қарор дода шуд.

    Мувофиќи нақшаи тасдиқшуда дар мавсими  тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 263,644 бех ниҳол, аз ҷумла, 77,071 бех дарахтони сояафкан, 66,277 бех дарахтони ороишӣ, 23,156 бех дарахтони буттагӣ ва 97,140 бех дарахтони мевадиҳанда шинонида мешавад.

    Бо мақсади таъмини сарсабзию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳори солњои 2021-2022 ба миқдори умумии 12,305,082 адад гул шинонида мешавад, ки аз ин 8,115,180 адад гулҳои мавсимӣ, 2,126,432 адад  гулњои бисёрсола ва 2,063,470 адад гулњои лола  мебошад.

    Инчунин, баҳри сарсабз нигоҳ доштани муҳити атроф дар майдончаҳои махсус  73925,2 м2 сабза кишт карда мешавад.


    Бозгашт