| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Тадбирҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои  зараровар ба ҳавои атмосфера
    Ахбор

    Тадбирҳои кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера

                                                                    

    изображение_viber_2023-03-02_15-30-03-911.jpg

    Бо мусоид омадани обу ҳаво ва тибқи нақшаи пешбинигардида дар шоҳроҳу кӯчаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» оғоз карда шуд.

    Аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои назоратии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар роҳи нақлиётгарди маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» доир гардид. Боиси қайд аст, ки дар интихоб намудани минтақаи мазкур аризаи шикоятии сокинони мавзеъи Сартӯқаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров сабаб гардида, дар рафти амалиёт асосан нақлиёти боркашон аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, ченкунии ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳамагӣ аз 37 адад нақлиёт гузаронида шуда, барои аз меъёри стандарти давлатӣ барзиёд будани партовҳо нисбати 5 нафар ронанда бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.


    Бозгашт