| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳамкорони азиз, дӯстдорони табиат,

    Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

    Дар давлатдории навини тоҷикон 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба ба тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд ва ин санаи сарнавиштсози миллиамон ҳамасола бо ифтихормандӣ аз соҳибистиқлоливу озодии комил таҷлил карда мешавад.

    Конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷати мамлакат мебошад, ки он асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсиятҳо, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар як шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст. Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав фароҳам оварда, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро ба танзим медарорад ва барои рушду такомули минбаъдаи онҳо мусоидат мекунад.

    Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо сарварии шахси ватандӯст, озодандешу адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.

    Ҳамин тариқ, халқу давлати Тоҷикистон Конститутсияи худро таҳия, қабул ва мавриди амал қарор доданд, ки дар он хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи онҳо чун арзиши олӣ, таҷассум ёфтаанд.

    Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонунро риоя намояд, зеро таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини суботу осоиш ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати сокинони мамлакат мебошад.

    Дар риояи талабои конститутсионӣ ҳар як мақоми давлатӣ, ташкилоту муассиса, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки бо масъулияти баланди шаҳрвандии худро иҷро кунад, ки он ба боло бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мо мусоидат менамояд.

    Боварии комил дорам, ки кормандони Кумита ва тамоми соҳа дар иҷрои ин вазифаи муқаддаси давлатӣ минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

    Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!


    Бозгашт