| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар
    Ахбор

    Табрикоти бонувони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар

    Санаи 4 марти соли 2022 дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 8 март – Рӯзи Модар баргузор гардид, ки аз ҷониби роҳбарият бонувони мақомоти ҳифзи муҳити зист табрик карда шудаанд.

    Дар рафти маҷлис ва табрикот аз ҷониби сардори Сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. махсусан қайд гардид, ки ин санаи муқаддас бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон иртибот дорад, ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст.

    Ҳамчунин, дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ дар навбати худ садорони шуъба ва сармутахассисони Сарраёсат ҳамкасбони бонувонро бо ин яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ табрик намуданд.

     


    Бозгашт