| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита
    Ахбор

    Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита

    16 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон кормандонро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз дониста мешавад, шарҳу баён намуд. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва рушду тараққиёти мамлакат басо бузург аст. Хушбахтона, чунин Роҳбари оқилу хирадманд, далеру шуҷоъ ва оқилу тавоноро тақдир дар замоне ба арсаи сиёсат овард, ки ҷумҳурӣ ва миллати тоҷик рӯ ба рӯи азбайнравӣ қарор дошт. Бо кӯшишу талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик сарҷамъ гардида, марҳила ба марҳила сулҳу суботи сартосарӣ таъмин гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофар ва созанда эътироф намуда, ба он ҳамкориҳоро ба роҳ монданд.

    Қайд карда шуд, ки дар муддати кутоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз давлатҳои амнтарини дунё шинохта шуд.

    Дар чорабинӣ кормандони Кумита низ баромад намуда, аз дастовардҳои арзишманди даврони Истиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд. Аз ҷониби нотиқон қайд гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтироми самимонаи халқ нисбати  Пешвои худ мебошад ва ҳар як нафар тоҷики равшанзамир бояд ба қадри Ватани соҳибистиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ, шукуфоии мамлакат бирасад ва атрофи Сарвари давлат дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ мо метавонем дар ободию шукуфоии  минбаъдаи кишвари маҳбуб саҳмгузор бошем. 

    Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита намоиши китобу маводи чопӣ баргузор гашт, вобаста ба мавзуъ инчунин дар монитори бинои болои Кумита насбгашта маводҳои тарғиботию омӯзишии видеоӣ дар давоми рӯз нишон дода шуданд.

     
    >
    Бозгашт