| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таҷлили Наврӯзии Кумитаи ҳифзи муҳити зист
    Ахбор

    Таҷлили Наврӯзии Кумитаи ҳифзи муҳити зист

    19 марти соли 2022 дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

    Дар базмгоҳи наврӯзӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои зертобеи он, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд. Нахуст ҳайати роҳбарияти Кумита бо меҳмонон аз намоишгоҳи идонаи ташкилнамудаи сохторҳои саҳавӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯз дидан намуданд.

    Аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. матни табрикотии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз қироат карда шуд. Дар баромади табрикотӣ махсусан қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни миллии тоҷикон Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва расму анъанаҳои неки ниёгони мо дубора эҳё ва ҷовидона гашт.

    Хотири ҳозиринро дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ, хони ҳафтшину ҳафтсин, суруду навозиши мутрибон, ҷилои маликаи наврӯз ва марди деҳқон, ки ҳамчун рамзи зебоӣ ва муждадиҳандаи баҳори нозанин ва фасли кишту кор ҳастанд шод гардониданд.

    Яке аз бахшҳои ҷолиби чорабинӣ мусобиқаи варзишию сабқати зеҳнӣ, аз қабили намудҳои дастхобонӣ, вазнбардорӣ, шашкабозӣ, бандкашӣ, шеърхонӣ, байтбарак ва беҳтарин гӯшаи наврӯзӣ буд.

    Рафти мусобиқаро Кумитаи тадоракут назорат намуда, ба довталабон ва дастаҳои ғолибомада ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда шуд. Ғолибомадагон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

       



    
    Бозгашт