| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Суханрони табрикотии раиси Кумита ба муносибати 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)
    Ахбор

    Суханрони табрикотии раиси Кумита ба муносибати 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)             


                                              


    Имсол аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 79 сол сипарӣ мегардад. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он 72 давлати олам ширкат варзид. Теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллион нафарро ташкил медод.

    Ҳазорон нафар ҷанговарон - фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок карда, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Умуман, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд ва беш аз 92 ҳазори оноҳо дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Барои нишон додани далерию қаҳрамонӣ дар муҳорибаҳои хунини ин ҷанг 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

    Мутаассифона, имрӯз қисми зиёди онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале номи онҳо дар қалбу хотираи мардум ҳамеша зинда аст. Корнамоиҳо ва далерии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз низ барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони мо намунаи ибрат ва ғизои маънавӣ мебошад.

    Мо дар ҳамин гуна шароит ва дар ҳамин гуна вазъияти геопалитикӣ бояд мавқеи худро устувор намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ бошем.

    Бояд ҷавонони мо бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ки оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқиро ба вуҷуд оварда, сабаби ҳалокати одамон ва бадбахтиҳо мегарданд, роҳ надиҳанд, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд. Террорист ватану миллат надорад ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъӣ ва ҳамбастагиро тақозо дорад.

    Ҷавонони мо бояд баҳри ҳимояи кишвари маҳбуби мо содиқона хизмат карда, қарзи шаҳрвандии худро назди падару модарон ва муҳимтар аз ҳама дар назди Ватан адо намоянд.

    Бо ин ҳама орзуву ниятҳои нек, осмони софу боғубор, осоиштагии сартосарии кишвар, Шуморо, ҳамкорони азиз, бо Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.

    Бигузор дар Ватани мо ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор бошад.

    Рӯзи Ғалаба муборак!


    Бозгашт